ЮНЕСКО

Бузургдошти “1150-солагии Закариёи Розӣ” бо ҳимояти ЮНЕСКО

54
Тоҷикистон ният дорад, “1150-солагии Закариёи Розӣ” ва “100-солагии Ғаффор Валаматзода”-ро ба феҳристи ҷашвораҳои ЮНЕСКО ворид созад ва дар солҳои 2016-17 ин санаҳоро таҷлил кунад.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. ЮНЕСКО бо намояндаи Тоҷикистон дар мавриди масоили шомил кардани "100-солагии Ғаффор Валаматзода" ва "1150-солагии Закариёи Розӣ"-ро ба феҳристи ҷашнҳое, ки дар солҳои 2016-2017 аз ҷониби ин созмони байналмилалӣ таҷлил мешаванд, баҳс кардааст, менависад сомонаи ВКХ.

Рустамҷон Солиев, намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО бо мудири кулли созмон хонум Ирина Бокова 15 апрел дар шаҳри Парижи Фаронса дидор кардаанд.

Дар чаҳорчӯби ин дидор Мудири кулли ЮНЕСКО доир ба номинатсияҳои "Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон", "Фарҳанги оши палов" ва "Фалак", ки ба баррасии Созмон ҷиҳати шомил кардан ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият пешниҳод шудаанд, маълумот пайдо кардааст.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг, инчунин иҷрои як қатор лоиҳаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла Рустамҷон Солиев ба хонум Бокова роҷеъ ба омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, хабар додааст. Дар ин робита, хонум Ирина Бокова ташаббусҳои Тоҷикистонро ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ карда, иштироки ҳайати баландпояи ЮНЕСКО-ро дар кори Конфронс тасдиқ кардааст.

Талоши Тоҷикистон барои ворид кардани ҷашнҳои "100-солагии Ғаффор Валаматзода" ва "1150-солагии Закариёи Розӣ" дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ "700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ", мутафаккири Машриқзамин ва "3000-солагии Ҳисори Шодмон" бо ҳимояти ЮНЕСКО таҷлил мегардад.

Зимнан, Закариёи Розӣ, ки бо Абӯбакр Закариёи Розӣ машҳур аст, соли 865 дар шаҳри Рай (ҷанубии Теҳрони кунунӣ) таваллуд ёфта ва соли 925 вафот кардааст. Мувофиқи нишондоди Муҳаммади Наҷмободӣ, осори фалсафӣ — илмии Розӣ аз 270 асар иборат мебошад. Закариёи Розӣ бар замми мутафаккир ва олими тавоно буданаш, боз ба бисёре аз масъалаҳои тарбияи ақлию ахлоқӣ, роҳу воситаҳои таъмини хайрияти умум ва саодати одамӣ, адлу инсоф, мақсаду мароми ҳаёти инсонро низ мавриди тадқиқ қарор додааст.

Абӯбакри Розӣ шаклҳои ҳастии ҳаюло — макон, замон, вақт, фазо ва ҳаракатро низ абадӣ мешуморид, зеро вай бештар ба масоили илмии табиатшиносӣ боварӣ дошт. Мувофиқи тадқиқоти бархе аз муҳаққиқону муаррихон, Закариёи Розӣ аввалин нафарест, ки оид ба илми кимиё нахустин озмоишгоҳро таъсис додааст.

Аммо Ғаффор Валаматзода, аз раққос ва балетмейстерҳои намоёни тоҷик аст, ки 9 майи соли 1916 таваллуд шуда ва 12 декабри соли 1993 вафот кардааст. Вай соли 1945 ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва соли 1976 ҳунарманди мардумии Иттиҳоди шуравӣ гардид. Ҳоло дастаи рақсие ба номи ин ҳунарманди маъруф дар Тоҷикистон фаъол аст.

54
Барчаспҳо:
ҳимоя, осори фарҳангии ҷаҳонӣ, ҷашн, таҷлил, "1150-солагии Закариёи Розӣ", "100-солагии Ғаффор Валаматзода", ЮНЕСКО, Ирина Бокова, Рустамҷон Солиев, Тоҷикистон
Индийская модель и актриса Айшвария Рай Баччан на красной дорожке в рамках 71-го Каннского международного фестиваля.

Абхишек Баччан вазъи Айшвария ва фарзандашро шарҳ доду барои дуогӯии мардум сипос гуфт

1123
(Таҷдидшуда 17:00 13.07.2020)
Нахуст мубталошавии ҳунарманди машҳури Болливуд Айшвария Рай ва духтарчаи ӯ ба маризии сироятии коронавирусро вазири тандурустии Махараштра нашр намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Посте, ки вазири тандурустии иёлати Махараштра Раҷеш Топе дар Твиттер нашр намуд, бо гузашти андак вақт тоза карда шуд.

Сипас ҳамсари Айшвария, ҳунарманди номии Ҳиндустон Абхишек Баччан низ дар сафҳаи худ дар Твиттер олуда шудани завҷа ва духтарчаи худ ба вируси COVID -19 - ро тасдик кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ба гуфтаи Абхишек, ташхиси Айшвария ва фарзанди онҳо аз коронавирус мусбат баромад.

"Маризии онҳо дар шакли сабук ҷараён дорад ва онҳо ба қарантини хонагӣ гирифта шуданд. Ба ҳамаи онҳое, ки дуоҳои самимӣ унвонии ману хонаводаам мефиристанд, изҳори миннатдорӣ мекунам", - навиштааст дар сафҳаи худ Баччан.

Қаблан аз мубтало шудани Амитабх Баччан ва Абхишек Баччан хабар дода шуд. Вазъи саломатии падару писар ҳам мӯътадил буда, дар шароити хона ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Айшвария Рай Баччан ғолиби озмуни "Мисс ҷаҳон" -и соли 1994 ва ҳунарпешаи маъруф дар Ҳиндустон аст, ки дар филмҳои зиёд нақш бозидааст. Вай дорандаи ду ҷоизаи Filmfare Awards аст, ки қадимтарин ва бонуфузтарин ҷоизаи филм дар Болливуд дониста мешавад.

1123
Барчаспҳо:
маризӣ, Ҳинд, ҳунарманд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Казы Бишкека, муфтий Садриддин Маджитов

Даргузашти қозии зодаи Тоҷикистон дар Бишкек дар синни 48-солагӣ

1192
(Таҷдидшуда 10:32 11.07.2020)
Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек ва яке аз руҳониёни шинохтаи Қирғизистон, ки зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раёсати мусалмонони Қирғизистон аз даргузашти Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек хабар дода, муфтии кишвар Мақсад Токтомушев ба наздиконаш таслият гуфтааст.

Ба иттилои раёсати мусалмонҳои Қирғизистон, Маҷидов 22 июни соли 1972 дар деҳаи Қирғизободи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон таваллуд шудааст.

“Ӯ хеле инсони бомасъулият, донишманд ва меҳрубон буд. Дар паҳнсозии арзишҳои аслии Ислом саҳми бузург гузошта, шогирдони зиёд тарбия кард”, - омадааст дар таслиятнома.

Манбаъ зикр кард, ки марҳум бемории қанд дошт, аммо дақиқ сабаби марг гуфта нашудааст.

Дар назар аст, ки Маҷидовро 11 июл дар ноҳияи Қадамҷой, деҳаи Орукзар ба хок супоранд.

1192
Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, Қирғизистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Ҷаласаи Ҳукумат: аз коронавирус то омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 21:05 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Ҳукумат, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, чораҳои санитарӣ - гигиенӣ алайҳи коронавирус ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумати кишвар, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш додаст, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид кард котиботи раисиҷумҳур.

"Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш гирифтаанд, ки дар бораи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас додаст.

0
Барчаспҳо:
зимистон, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон