Рамзан Қодиров. Акс аз бойгонӣ

Рамзан Қодиров дар филми ҳолливудӣ нақш бозид

41
Дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Instagram раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров филми “Касе нафаҳмид, ҳамон мефаҳмад”-ро муъаррифӣ кард. Дар замимаи ин хабар вай ҳамчунин навори видеоиро бо ширкати худ ҳамроҳ кардааст.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Рамзан Қодиров филм бо ширкати худро, ки базудӣ ба намоиш гузошта мешавад, муъаррифӣ кард, менависад РИА Новости.

"Ин филми дорои қиссаи пурмоҷаро аст, ки баъд аз музокироти тӯлонӣ ман розӣ шудам дар он нақш бибозам. Бархе аз қисматҳои ин филм алаккай наворбардорӣ шудаанд. Коргардони саршиноси ҳолливудӣ коргардони ин филм мебошад. Ҳамчунин дар ин филм ҳунармандони саршиноси ҷаҳонӣ нақш офаридаанд. Дастандаркорон мутмаъинанд, ки ин филм шӯҳрати зиёде хоҳад дошт", — навиштааст Қодиров дар сафҳаи худ дар Instagram.

Дар навори видеоии замимашуда дида мешавад, ки Қодиров бо силоҳ аз водии регзоре мегузарад ва ӯро мошинҳое дунбол мекунанд. Сипас вай ист карда ба фазо тирпарронӣ мекунад.

41
Барчаспҳо:
нақшбозии Қодиров дар филми ҳолливудӣ, Ҳолливуд, Рамзан Қодиров, ИМА, Чеченистон
Мавзуъ
Кабирӣ дар раҳпаймоии Чеченистон ширкат мекунад
Намоз дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

1024
(Таҷдидшуда 15:45 24.01.2021)
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон, ки аз 1 феврали соли 2021 намозгузорӣ дар масоҷидро иҷозат дод, таъкид кардааст, ки роияи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Ситод мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Таъкид шудааст, ки шаҳрвандон  дар масҷидҳо, махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ, изҳор доштааст, ки албатта, ақоиди динӣ ва рукнҳои намозгузорӣ тартиби муайяни худро доранд.

“Вақте ки даъват ба намоз мешавад, бояд намозгузор, пеш аз ҳама, дар такопӯ нашуда, навбати ворид шудан ба масҷидро риоя намояд. Барои мисол, агар намози пешин соати 13:00  бошад, хуб мешуд намозгузорон ним соат пеш тибқи навбат дохили масҷид   шаванд”, - изҳор доштааст Ҷаъфаров дар суҳбат бо “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, новобаста ба он ки дар масҷидҳо ҷойнамози умумӣ мавҷуд аст, хуб мешуд ҳар нафар ҷойнамози алоҳидаи худро дошта бошад, зеро ин амал ба таъмини қоидаҳои гигиениву беҳдоштии ҳар нафар равона шудааст. 

“Вақти намоз гузоштан шояд ҳолатҳое шаванд, ки ниқоб аз рӯй канда шавад ва ҳамон зарраҳои хурде, ки тавассути болооби даҳон ё ин ки бо нафаси мо ба  ҷойнамоз меафтанд, эҳтимол  сабаби сироят ёфтани нафари дигар шаванд”, - тавзеҳ додааст Ҷаъфаров.

Ӯ таъкид намуд, ки вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешуд бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд.

“Дар ин баробар ҳангоми намоз гузоштан аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Бояд ҳар масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад. Зеро дар маконе, ки ҳаво иваз мешавад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳои вирусӣ кам мегардад”, - таъкид намуд мақомдори Вазорати тандурустӣ.

1024
Барчаспҳо:
намоз, масҷид, Тоҷикистон
Далер Назаров дал интервью

Аз писари вазир то домоди Президент ва дороӣ: ногуфтаҳои Далер Назаров-видео

2572
(Таҷдидшуда 21:26 22.01.2021)
Далер Назаров, овозхони шинохтаи тоҷик, дар бораи ҳаёту эҷодиёташ чун писари вазир, домоди президент, дороӣ ва хушбахтияш суҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Далер Назаров дар ин суҳбат бархе аз ҷанбаҳои ҳаёту эҷодиёташро гуфтааст, ки қаблан оммавӣ изҳор надошта бу.

Навори суҳбат дар саҳифаи расмии Daler Nazarov Studio дар Youtube нашр шудааст.

Ӯ гуфт, замоне, ки бори аввал сурудҳои The Beatles-ро шунидааст, майли овозхонияшро дарк кардааст.

Далер Назаров афзуд, талабаи хуб набуд ва аз ягон фан дониши фавқулодае надоштааст. Дар мактаб вохӯрӣ бо дӯстонро хуш медоштааст. Ба суол дар мавриди писари вазир буданаш, Далер Назаров изҳор дошт, ки бо вуҷуд мулоқот бо дӯстон аз қишрҳои гуногунро ҳамеша хуш медошт.

“Ман ҳамеша ҷамъ овардани одамонро дӯст медоштам ва то ҳол ин корро мекунам. Ҳар қадаре одамон гуногунтар бошанд, ҳамон қадар руҳияам роҳат мекунад. Агар одамони миллату табақаҳои гуногун ҷамъ омада бошанд”, - изҳор дошт Далер.

Ӯ инчунин аз солҳои мактабию ишқи наврасияш гуфтааст.

“Бисёри онҳое, ки ошиқашон шудаам, то ҳол ҳам инро намедонанд. Ин ишқе буд, ки наметавонистӣ бо он мухолифат нишон диҳӣ ва наметавонистӣ онро баён кунию наздик шавӣ”, - изҳор дошт овозхон.

Дар суҳбат инчунин аз издивоҷ бо Мунаввара Набиева, духтари нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Набиев гуфта шудааст, ки дар мактаб шинос шудаанд. Ӯ гуфт, ин хонадорӣ се сол давом кардааст.

“Раҳмон Набиев инсони бисёр нек буд, ки дар чеҳраи ӯ ман падари дуюми худро пайдо кардам. Ӯ маро хеле зуд худӣ қабул кард”, - афзуд Назаров.

Маҳз дар суҳбату муошират бо ин сиёсатмадор, Далер Назаров дарк кардааст, ки чӣ гуна вазнин аст, президент будан, сарфи назар аз бартариятҳое, ки ба назар мерасанд.

Овозхон дар мавриди он ки дар 62-солагияш худро чӣ гуна эҳсос мекунад, изҳор дошт, ки касе нест, варақи тоза аст.

“Ман касе нестам, ҳеч гуна, варақи сафедеям, ки дар он ҳар замон метавонад чизи дигаре навишта шавад”, - илова намуд ӯ.

Овозхон гуфт, тайи ин қадар сол ҳеч дороиеро ҷамъ накардааст. Ӯ мегӯяд, мошин дорад, ки барои ҳаракати роҳаташ миёни Душанбе ва Хоруғ зарур аст. Ба гуфтаи овозхон, наметарсад, ки бе чиз мемонад, зеро дӯстони зиёд дорад.

Вай таъкид кард, ки ягона нишонаи муваффақияти инсон ин хушбахтии ӯст ва илова намуд, ки хушбахт аст.

Ӯ мегӯяд, баъди зиндагияш мехоҳад мусиқияш боқӣ монад, мехоҳад сурудҳояш чун беному халқӣ садо диҳанд.

2572
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик

Боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона

0
(Таҷдидшуда 11:43 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  ҷавони мазкур дар хонаи иҷорагирифтааш фоҳишахона ташкил карда, аз марду зане, ки ба хонаи ӯ барои алоқаи ҷинсӣ меомаданд 150 сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст. 

Тибқи иттилои манбаъ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Сино ба ҷавони 24 ва зани 35-соли сокинони шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодиса мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қонуни нави Тоҷикистон шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.

0
Барчаспҳо:
ҷавон, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздошт, фоҳишахона, Тоҷикистон