Дар Маскав намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ шуд

Осори рассомони тоҷик дар Маскав намоиш дода мешавад

21
(Таҷдидшуда 18:04 27.05.2015)
Дар нигористони КИНО-и Маскав дар силсилаи “Зодагони авангарди Русия дар Тоҷикистон” намоишгоҳи осори рассомии садаи 20-и Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Намоишгоҳи наққошони Тоҷикистонро дар нигористони КИНО-и Маскав бо унвони "Зодагони авангарди Русия дар Тоҷикистон", ходими ҷамъиятӣ ва фарҳангии Русия Юлия Вербитская боз кард, менависад сомонаи сафорати кишвар дар Маскав.

 Дар ин намоишгоҳ осоре аз маҷмӯаи хусусии Вербитская ба намоиш даромад.

Дар паёми ифтитоҳии худ хонум Вербитская ба ҷанбаъҳои нодири наққошии тоҷик дар садаи 20 ва пайванди бевоситаи он бо анъанаҳои авангарди рус ва фарҳанги бостонии мардуми тоҷик таъкид намуд.

Ба қавли вай, на танҳо осори устодони ҳунари наққошии рус монанди Фалк, Филонов, Кузнетсов ва Шагал ба рассомони асри 20-и тоҷик таъсири амиқ доштанд, балки миниатюраи форсу тоҷик, ҳунари қуруни вустои Осиёи Марказӣ, мероси пурғановати он, ки дар тахайюлгароии шаклҳо ва таҷрибаҳои рангу рӯшноӣ низ дар рушди он саҳм гирифтаанд.

Дар натиҷаи омезиши ду фарҳанг падидаи хосе ба вуҷуд омад, ки онро мактаби наққошии қарни 20-и тоҷик унвон кардаанд. Осори беҳтарин намояндагони он — Зуҳур Ҳабибуллаев, Любов Фроликова, Сабзалӣ Шарифов, Раҳим Сафаров ва Мурувват Бекназаров эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардааст ва идомаи мантиқии ковишҳои авангардистҳо ё пешкисватони бузург шумурда мешавад.

Дар ифтитоҳи намоишгоҳи "Зодагони авангарди Русия дар Тоҷикистон" сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов, ширкат кард ва аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ҳунари баланди нигоргарони тоҷик дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ба намоиш меояд ва бешубҳа, на танҳо дар ватани худ — Тоҷикистон, балки ҳамчунин дар Русия, Олмон, маҷмӯаҳои хусусии Аврупо, Канада ва ИМА шӯҳрат дорад.

Ҳамчунин бо хитоб ба меҳмонони намоишгоҳ — ҳунаршиносон, соҳибкорон, сиёсатмадорон аз онҳо барои таваҷҷӯҳашон ба ҳунари тоҷик ва аз созмондиҳандаи намоишгоҳ Юлия Вербитская изҳори сипос намуд, ки чунин ташаббусе нишон додааст ва ташкили намоишгоҳҳои нав, мизҳои мудавварро бо пуштибонии Сафорати Тоҷикистон дар Русия дастур дод.

Бинандагони намоишгоҳ бо осори нодире ошно шуданд, ки Юлия Вербитская солҳои зиёд ҷамъоварӣ кардааст. Дар ифтитоҳи намоишгоҳ ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятии Русия низ ширкат карданд, аз ҷумла қаҳрамони олимпӣ, вакили Думаи давлатии Русия ва ноиби аввали раиси Кумитаи умури байнулмилалии Дума Светлана Журова, депутати Думаи давлатӣ Олег Савченко, намояндагони бизнес ва ниҳодҳои бонкии Русия ширкат карданд.

Ба қавли созмондиҳандаи ин намоишгоҳ ва соҳибимтиёзи осори он Юлия Вербитская, ин маҷмӯа аз 300 асар иборат буда, намоишгоҳ танҳо қадами аввал аст, ки таваҷҷӯҳи зиёдеро ба бор овардааст ва ташаббус идома ёфта, осори дигари муаллифони тоҷик низ ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Намоишгоҳ то 6-уми июн боз хоҳад буд.

21
Барчаспҳо:
фарҳанг, расм, наққошӣ, намоишгоҳ, КИНО, "Зодагони авангарди Русия дар Тоҷикистон", Юлия Вербитская, Маскав
Индийская модель и актриса Айшвария Рай Баччан на красной дорожке в рамках 71-го Каннского международного фестиваля.

Абхишек Баччан вазъи Айшвария ва фарзандашро шарҳ доду барои дуогӯии мардум сипос гуфт

1267
(Таҷдидшуда 17:00 13.07.2020)
Нахуст мубталошавии ҳунарманди машҳури Болливуд Айшвария Рай ва духтарчаи ӯ ба маризии сироятии коронавирусро вазири тандурустии Махараштра нашр намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Посте, ки вазири тандурустии иёлати Махараштра Раҷеш Топе дар Твиттер нашр намуд, бо гузашти андак вақт тоза карда шуд.

Сипас ҳамсари Айшвария, ҳунарманди номии Ҳиндустон Абхишек Баччан низ дар сафҳаи худ дар Твиттер олуда шудани завҷа ва духтарчаи худ ба вируси COVID -19 - ро тасдик кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ба гуфтаи Абхишек, ташхиси Айшвария ва фарзанди онҳо аз коронавирус мусбат баромад.

"Маризии онҳо дар шакли сабук ҷараён дорад ва онҳо ба қарантини хонагӣ гирифта шуданд. Ба ҳамаи онҳое, ки дуоҳои самимӣ унвонии ману хонаводаам мефиристанд, изҳори миннатдорӣ мекунам", - навиштааст дар сафҳаи худ Баччан.

Қаблан аз мубтало шудани Амитабх Баччан ва Абхишек Баччан хабар дода шуд. Вазъи саломатии падару писар ҳам мӯътадил буда, дар шароити хона ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Айшвария Рай Баччан ғолиби озмуни "Мисс ҷаҳон" -и соли 1994 ва ҳунарпешаи маъруф дар Ҳиндустон аст, ки дар филмҳои зиёд нақш бозидааст. Вай дорандаи ду ҷоизаи Filmfare Awards аст, ки қадимтарин ва бонуфузтарин ҷоизаи филм дар Болливуд дониста мешавад.

1267
Барчаспҳо:
маризӣ, Ҳинд, ҳунарманд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Казы Бишкека, муфтий Садриддин Маджитов

Даргузашти қозии зодаи Тоҷикистон дар Бишкек дар синни 48-солагӣ

1192
(Таҷдидшуда 10:32 11.07.2020)
Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек ва яке аз руҳониёни шинохтаи Қирғизистон, ки зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раёсати мусалмонони Қирғизистон аз даргузашти Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек хабар дода, муфтии кишвар Мақсад Токтомушев ба наздиконаш таслият гуфтааст.

Ба иттилои раёсати мусалмонҳои Қирғизистон, Маҷидов 22 июни соли 1972 дар деҳаи Қирғизободи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон таваллуд шудааст.

“Ӯ хеле инсони бомасъулият, донишманд ва меҳрубон буд. Дар паҳнсозии арзишҳои аслии Ислом саҳми бузург гузошта, шогирдони зиёд тарбия кард”, - омадааст дар таслиятнома.

Манбаъ зикр кард, ки марҳум бемории қанд дошт, аммо дақиқ сабаби марг гуфта нашудааст.

Дар назар аст, ки Маҷидовро 11 июл дар ноҳияи Қадамҷой, деҳаи Орукзар ба хок супоранд.

1192
Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, Қирғизистон
День 14 июля

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 23:55 13.07.2020)
Рӯзи чордаҳуми июл дар Осетияи Ҷанубӣ аз Рӯзи сулҳофарон ҷашн мегиранд. Ҳамчунин дар Фаронса Рӯзи ба даст овардани Бастилия қайд мешавад

Рӯзи 14 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико баргузор гардид.

День 13 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1976 дар Канада ҳукми қатл бекор карда шуд.

Соли 1976 дар Англия барои аз ҳад зиёд истифода кардани об ҷарима муайян карда шуд.

Соли 1952 ширкати америкоии "Ҷенерал моторз" эълон намуд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон дар мошинҳо ҳавополо (кондиционер) насб кард.

Рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор  гардид.

Соли 2009 дар варзишгоҳи "Металлург" чемпионати  дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олии "Регар-ТадАЗ" бо клуби "Энергетик"- и Душанбе баргузор гардид.

День 12 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014 китоби нави рўзноманигор ва сиёсатшинос, номзади илми фалсафа, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо номи "Густариши ахлоқи миллӣ — посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ" аз чоп баромад.

Соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири калони ширкати "Ҷунтай-Шоҳроҳи нави абрешим"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷе ҳамкории дуҷонибаи минбаъдаро муҳокима намуданд.

Соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО-и "Норак", дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии неругоҳи "Норак", лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳоро баррасӣ карданд

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл

  • Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи сулҳофарон.
  • Дар Франсия иди асосии миллӣ– Рӯзи ба даст овардани Бастилия.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон