Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ

Ҳаҷ 2015 –23 ҳазор сомонӣ арзиш дорад

26
(Таҷдидшуда 09:57 03.06.2015)
Кумитаи дин нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷикро ба наздики 23 000 сомонӣ, муодили 3670 доллар муқаррар кард. Ин ҳаҷм назар ба як сол пеш 4700 сомонӣ бештар аст.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон нархи имсолаи сафари Ҳаҷро наздики 23 000 сомонӣ муқаррар кардааст, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

"Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи имсолаи сафари ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудиро муайян намуд, ки он 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирамро ташкил медиҳад", — омадааст дар сомона.

Бино бар ин манбаъ, зоирон бояд пули Ҳаҷро ба "Ориёнбонк" супоранд. Нархи имсолаи Ҳаҷ назар ба соли гузашта 4741 сомонӣ боло рафтааст. Афзудани нарху наво ва қурби доллар як далели ин тасмим гуфта мешавад.

"Азбаски тамоми муомилаҳои марбут ба Ҳаҷ бо Арабистони Саудӣ ва хидматрасониҳо ба зоирон бо асъори хориҷӣ сурат мегирад, уфтодани қурби пули сомонӣ сабаб шуд, ки нархи Ҳаҷ бозбинӣ шавад. Вагарна бо доллар агар ҳисоб кунем, нарх тағйир наёфтааст", — гуфтааст як манбаи кумитаи дин ба "Радиои Озодӣ".

Пули сафари Ҳаҷ маъмулан харҷи парвоз бо ҳавопаймо дар масирии Душанбе — Ҷидда —Душанбе, суғуртаи тиббии зирон, пули ғизо ва зиндагии онҳо дар меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Макка ва Мадина, ҳаққи хидмати роҳбаладон, пули либоси ягона ба зоирон ва пули чорво барои қурбониро дар бар мегирад.

Тибқи қарори ахири Кумитаи дини Тоҷикистон, аз имсол танҳо нафарони аз 35-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани имкони зиёрат барои хоҳишмандони солманд аст, чунки навбати Ҳаҷ дар бисёре аз навоҳии кишвар аллакай барои 5 ва ҳатто 10 соли оянда пур шудааст.

Нархи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик дар ҳоле барои 4700 сомонии дигар боло бурда шуд, ки чанд муддат боз дар маҳфилҳо мавзӯи назар ба Қирғизистони ҳамсоя қариб 1200 доллар баландтар будани қимати сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон доман зада мешавад.

Кумитаи дин ахиран ҳатто бо нашри як матлаби муфассал бо номи "Чаро нархи ҳаҷҷи Тоҷикистон нисбат ба Қирғизистон гаронтар аст?" маҷбур шуд, масъаларо шарҳ бидиҳад. Дар шарҳи Кумитаи дин гуфта мешуд, ки "агар ҳоҷиёни қирғиз ба таври ройгон дар маконҳои хайрия, ки шароити начандон муносиб барои будубош доштанду дар масофаи аз 10 то 15 км дур аз Ҳарам воқеъ буданд, сукунат мекарданд, ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои барҳавои Макка (дар ҳар утоқ аз 3 то 5 нафар) дар масофаи то 4 км аз Ҳарам иқомат менамуданд. Инчунин, баъзе аз хизматрасониҳо, аз қабили суғурта, хизматрасонии шабонарӯзии тиббӣ, эмгузаронӣ, таъмини либосу ҷузвдон ва амсоли он ки зоирини тоҷик ҳамасола аз он бархӯрдор мешаванд, дар номгӯи хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи Идораи мусулмонҳои Қирғизистон наомадааст."

Далели дигар, бино ба шарҳи Кумитаи дини Тоҷикистон, ин аст ки "зоирини тоҷик се моҳ пеш аз сафари Хонаи Худо бо барномаи махсуси омӯзише фаро гирифта мешаванд, ки дар он аҳкоми шаръии ҳаҷ ва дигар масоили вобаста ба он омӯзонида мешавад".

Соли гузашта аз Тоҷикистон 6300 нафар фарзи Ҳаҷро адо карданд. Кумитаи дин чанд сол боз талош дорад, ки квотаи аз сӯи Арабистони Саудӣ ҷудошуда барои Тоҷикистонро ба 8000 бирасонад, зеро тибқи қоида, ин квота барои ҳар 1000 сокини мусалмони кишвар як нафар муқаррар карда мешавад ва шумори аҳолии Тоҷикистон аллакай ба 8,5 миллион нафар наздик мешавад. Аммо мақомоти Саудӣ ба далели бозсозии манотиқи атрофи масҷиди Ҳарамайн дар Макка баррасии ин масъаларо ба ақиб андохтаанд.

26
Барчаспҳо:
доллар, гаронӣ, 23 000 сомонӣ, тоҷик, зоирон, сафар, ҳаҷ-2015, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Душанбе
Кирилл Медников

Кирилл Медников - ҷавони душанбегӣ барои филми "Доктор Лиза" суруд эҷод кард

231
(Таҷдидшуда 14:55 30.10.2020)
Сарояндаи ҷавони зодаи Тоҷикистон Кирилл Медников барои филми истеҳсоли Русия "Доктор Лиза" суруд эҷод кард

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Суруди Кирилл Медников таҳти унвони "Двумя руками" (Бо ду даст) саундтреки филми "Доктор Лиза", интихоб шуд. Дар ин бора Кирилл дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.

"Ман дарҳол қарор кардам, ки як чизи зебое аз умқи дил эҷод мекунам. Нақшофарии Чулпан Хаматова ва Константин Хабенский дарки сюжети филмро дар ман тақвият бахшиданд", - навиштааст сароянда.

Кирилл изҳор дошт, ки то нашри филм дар бораи фаъолияти Елизавета Глинки кам чизе шунида буд, вале пас аз суҳбат бо таҳиягарони филм дарёфт, ки ҳимоятгари русиягӣ чӣ корҳоеро анҷом додааст.

Овозхон аз Душанбе дар озмуни "Песни" ба марҳилаи навбатӣ гузашт

Филми "Доктор Лиза" таърихи як рӯз аз зиндагии Елизавета Петровна Глинкиро тасвир мекунад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Случилось очень важное событие в моей карьере автора и исполнителя. Да в целом, в жизни, пожалуй. Радую вас и себя прекрасной новостью: я написал песню к фильму «Доктор Лиза». ⠀ Ровно неделю назад фильм вышел в широкий прокат в России. Художественно-биографическая работа рассказывает про один день из жизни Елизаветы Петровны Глинки. Её больше знают, как Доктора Лизу. Месяц назад я только вскользь слышал об этом человеке, немного владел информацией о том, что Елизавета Петровна помогала онкобольным. Паша показал мне трейлер, и я сразу решил написать что-то красивое, из глубины. Игра прекрасной Чулпан Хаматовой, потрясающего Константина Хабенского только усилили моё восприятие сюжетной линии фильма. ⠀ Тема тяжёлая, больная, не оставляющая равнодушным. Она касается лично меня, моих близких людей и кого-то из вас или ваших семей. Даже когда невыносимо, когда тьма съедает всё пространство и жизнь – не жизнь, а выживание, нужно быть сильным и находить свет. Крайне нужно. Обнимаю каждого, кого хоть каким-то образом затронула эта страшная штука. ⠀ Скоро песня будет в ваших ушах. Надеюсь, и сердцах тоже. Большое спасибо ребятам, чьи идеи и реализация помогли создать что-то важное. ⠀ prod: @artistmusiclab creative prod: @kantata_360, @damian_sky guitar: @zelenkov_ivan_guitar

Публикация от Kirill Mednikov (@kirill_mednikov)

Ӯ корманди ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқ ҳамчунин директори Созмони байналмилалии "Справедливая помощ" (Кумаки боадолатона) мебошад.

Гуфт бачаи одист аз Душанбе: суҳбати Медников аз авлоду хонадоршавӣ то орзую мушкилот

Кирилл Медников дар  Душанбе ба дунё омада ва бузург шудааст. Хонаводаи ӯ солҳои 1960 дар Тоҷикистон муқим шудааст.

Дар 17 - солагӣ Кирилл пас аз хатми Мактаби Вазорати дифоъи ФР таҳсилашро дар Русия идома дод. Соҳиби касби муҳандисӣ шуд ва ҳунармандиро пеша кард.

231
Барчаспҳо:
филм, эҷодиёт, марди душанбегӣ, суруд
Китоб, акс аз бойгонӣ

Тақдими аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ба ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

77
(Таҷдидшуда 18:33 29.10.2020)
Шаҳрдории Душанбе гуфт, имрӯз даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардида, 58 ғолиб дар бахшҳои гуногун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар даври шаҳрии озмуни мазкур аз чор ноҳияи пойтахт 174 нафар ғолибони даври дуюми озмун ширкат карданд.

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Шаҳрдорӣ афзуд, довталабон дар бахшҳои озмун аз рӯи номинатсияҳои “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик”,  “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” ва номинатсияи “шоирӣ” байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.

“Даври шаҳрии озмун бо рақобати солими довталабон ҷамъбаст гардида, барои иштирок ба  даври ҷумҳуриявии он 58 нафар аз рӯйи наминатсияҳои озмун роҳхат гирифтаанд. Аз ҷумла, 12 нафар ҷойҳои якум, 27 нафар ҷойҳои дувум ва 19 нафар ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Шаҳрдорӣ таъкид намуд, ки ба ғолибони ҷойҳои якум 10 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дувум 7 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағузории фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе бо инобати пардохти андозҳо мукофотпулӣ ва диплом тақдим карда шуд.

77
Барчаспҳо:
шаҳр, китоб, Душанбе, Тоҷикистон
Криштиану Роналду

Криштиану Роналду аз коронавирус шифо ёфт

0
(Таҷдидшуда 19:55 31.10.2020)
Криштиану Роналду ба далели бемор будан аз чор бозӣ маҳрум шуд. Ӯ 19 рӯз таҳти табобати табибон қарор дошт

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Натиҷаи ташхиси Криштиану Роналду аз коронавирус манфӣ баромад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии клуби "Ювентус".

Криштиану Роналду гирифтори коронавирус шуд

Посмотреть эту публикацию в Instagram

kaizen philosophy👍

Публикация от Cristiano Ronaldo (@cristiano)

Варзишкор 19 рӯз ба далели бемории коронавирус хонашин шуда буд. Дар бораи гирифтории варзишкори 35-сола, Криштиану Роналду рӯзи 13 октябр маълум шуд. Пас аз даҳ рӯз футболбоз аз ташхис гузашт, кинатиҷаи он мусбат баромад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Forza Ragazzi! Tutti insieme! 💪🏽👏🏽 Fino Alla Fine!👊🏽

Публикация от Cristiano Ronaldo (@cristiano)

Ҳамлагари Португалия ба далели COVID-19 бозии тими миллии худ бо Шветсия дар Лигаи Миллатҳо, ду бозии Ювентус дар Лигаи Чемпионҳо бо Динамо Киев ва Барселона, инчунин мубориза бо Верона дар чемпионати Италияро аз даст дод.
0
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, футболбозӣ, Криштиану Роналду
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон