В центральной мечети Душанбе. Архивное фото

Шӯрои уламо: 18 июн оғози Рамазон дар Тоҷикистон

23
(Таҷдидшуда 11:44 11.06.2015)
Бино бар фатвои Шӯрои уламои кишвар, ки 11 июн содир шуд, рӯзи нахустини моҳи Рамазон 18 июн хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар кишварро 18 июн эълон кард, менависад хабаргузории "Озодагон".

Шӯрои уламо, ягонаи ниҳоди расмии содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон зимни ҷаласаи худ дар рӯзи 11 июн ин фатворо содир кардааст.

Сомонаи ин шӯро қаблан аз таъсиси комиссияи босалоҳият барои муайян кардани вақтҳои дақиқи субҳу ифтори моҳи Рамазон хабар дода буд.

Ин комиссия ҳамчунин рӯзи иди Фитр, меъёри садақаи фитр ва нисоби закотро ҳам муайян хоҳад кард.

Роҳбарии комиссияи мазкурро муовини аввали hаиси Маркази исломӣ Абдулбасир Саидов бар дӯш дошта, ба ҳайъати он уламои маъруф,  мутахассисони варзида шомиланд. Комиссия дар муайянсозии вақтҳои дақиқ бо олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

"Умед аст, ки мусалмонони кишвар аз маълумотномаи пешниҳоднамудаи комиссияи мазкур самаранок истифода бурда, дар моҳи мубораки Рамазон, ки ба зудӣ фаро мерасад, ба ибодату корҳои хайр ва ваҳдату якдилӣ саъй хоҳанд намуд", — навиштааст сомона.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.

23
Барчаспҳо:
рӯза, садақаи фитр, нисоби закот, 18 июн, оғози моҳи Рамазон, Маркази исломии Тоҷикистон, Шӯрои уламои Тоҷикистон, Абдулбасир Саидов, Тоҷикистон, Душанбе
Театри ноҳияи Ёвон

Театри ноҳияи Ёвон касбӣ мешавад

39
(Таҷдидшуда 13:14 03.07.2020)
Мақомоти иҷроияи Хатлон хабар дод, ки теъдоди театрҳои касбӣ дар вилоят афзоиш ёфта, ба чор адад баробар мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода театри халқии ноҳияи Ёвон ба театри касбӣ табдил хоҳад ёфт, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят дар Қасри фарҳангии ноҳия композитсияи ҳунармандони театри халқиро бахшида ба 5500-солагии Саразм тамошо карда, бо ҳунармандон мулоқот орост.

Котибот афзуд, ки пешниҳоди ба театри касбӣ табдил ёфтани театри халқӣ пазируфта шуда, Қурбон Ҳакимзода барои дастгирии ҳамаҷиҳатаи фаъолияти он дастур дод.

Феълан дар ин театри халқӣ 15 ҳунарманди ҳирфаии театр фаъолият мекунанд. Раиси вилоят ваъда дод, ки дар нахустин намоиши саҳнавии театри касбӣ иштирок хоҳад кард.

Котиботи ҳукумати Хатлон илова намуд, ки то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон се театри ксбӣ фаъолият мекунанд. Дар сурати мақоми театри касбиро гирифтани театри халқии ноҳияи Ёвон, теъдоди театрҳои касбии вилоят ба чор адад мерасад.

39
Барчаспҳо:
касбӣ, театр, Ёвон, Тоҷикистон
Министр культуры Таджикистана Зульфия Давлатзода

Ҳамдардии вазири фарҳанг бо хонаводаи Амонулло Қодиров

653
(Таҷдидшуда 19:02 02.07.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Фарҳангиёни Тоҷикистон ба аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори таслият кард, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳанги кишвар аз даргузашти собиқадори соҳаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амон Қодиров андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамоянд", - омадааст дар номаи таслият.

Ёдрас мешавем, ки Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн дар шаҳри Душанбе дар синни 75-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Амонулло Қодиров 10 июни соли 1945 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омада, соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ) ва соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Ӯ қариб тамоми умр дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ карда, соли 1982 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1994 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Қодиров бо даҳҳо нақшаш дар театр ва синамои тоҷик, бахусус бо нақши Ҳодӣ дар дуэти Шодию Ҳодӣ ҳамроҳ бо Шодӣ Солеҳов дар ёдҳо мемонад.

"Дар ҳаҷв доди ҳунарро медиҳад. Ҳарчанд образҳои лирикӣ, драмавӣ, фоҷиавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекунад, ҳолати рӯҳию дунёи ботинии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушояд. Тамошогарон ба истеъдодаш дар беш аз шаст спектакли театр, аз қабили «Дон Жуан», «Умри ҷовид», «Латифаҳои деҳот», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Робиаи Балхӣ», «Умед», «Табиби зӯракӣ» баҳои баланд додаанд", - омадааст дар маълумоти Википедия.

Амонулло Қодиров ҳамчунин дар филмҳои «Субҳи Ганг», «Достони Сиёвуш», «Ҳафт арӯси дуздидашуда», «Аспҳо дар моҳтобшаб», «Хоби хирси сафед» ва дар чандин намоишномаи телевизионӣ нақшҳои мондагор офарида, дар дубляжи даҳҳо филм ба забони тоҷикӣ низ иштирок кардааст.

653
Барчаспҳо:
вазир, Вазорати фарҳанги ҶТ, ҳамдардӣ, ҳунарпеша, Тоҷикистон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон

Раиси Хатлон хост, кишоварзон корро аз Абдукаримов омӯзанд-акс

0
(Таҷдидшуда 20:44 03.07.2020)
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, кори раиси хоҷагии деҳқонии "Саховат", Қиёмиддин Абдукаримовро намунаи ибрат хонд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҳакимзода аз рафти кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии "Саховат", воқеъ дар деҳоти ба номи Г. Юсуфоваи ноҳияи Ёвон боздид кард.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, Қиёмиддин Абдукаримов, раиси  "Саховат" ба Ҳакимзода хабар дод, ки шумораи саҳмдорони хоҷагӣ ба 20 нафар мерасад.

"Майдони умумии замини хоҷагӣ 18,3 га (корами обӣ) буда, дар 6 гектари он пахта, дар 3 гектар гандум, 1,4 гектар боғ, 7 гектар беда, 0,5 гектар маккаи дон, 0,5 гектар пиёзу дигар анвои сабзавот парвариш карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии "Саховат" ҳамасола тавассути истифодаи оқилонаи заминҳои дар ихтиёрдоштаашон ҳосили хуб ба даст оварда, хароҷоти рӯзгори худро таъмин менамоянд ва як қисмати онро ба фурӯш мебароранд.

Раиси вилоят аз фаъолияти бисёрсола ва таҷрибаи ғании Қиёмиддин Абдукаримов дар соҳаи кишоварзӣ ситоиш карда, дар мулоқот бо саҳмдорон ва деҳқонон онҳоро ба коромӯзӣ аз Абдукаримов даъват намуд.

Ба иттилои котибот, Қурбон Ҳакимзода дар ин мавзеъ ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзии оростаи деҳқонони хоҷагӣ дидан кард.

0
Барчаспҳо:
хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишоварзӣ, Хатлон, Тоҷикистон