Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон

Фазилатҳои моҳи Рамазон

331
(Таҷдидшуда 16:15 26.06.2015)
Яке аз бузургтарин фазилатҳои моҳи Рамазон он аст, ки дар ин моҳ чаҳор китоби осмонӣ – Қуръони Карим, Инҷили ҳазрати Мусо, Тавроти ҳазрати Исо ва Забури ҳазрати Довуд нозил шудааст.

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Рамазон дар луғати араб аз "рамазо" ба маънои шиддати ҳарорат гирифта шуда ва ба маънои сузонидан мебошад, омадааст дар сомонаи илмӣ-иҷтимоии Тоҷикон.

Сомона аз ҳадиси Пайғамбар мисол меорад, ки гуфта шудааст, "Моҳи Рамазон ба ин ном хонад шуда аст, зеро гуноҳонро месузонад."

Рамазон номи яке аз моҳҳои қамарӣ ва танҳо моҳи қамарӣ аст, ки номаш дар Қуръон омада аст ва яке аз чаҳор моҳе аст, ки Худованд ҷангро дар он ҳаром карда аст.

Фазилати дигари ин моҳ дар он аст, ки ҳар чаҳор китобҳои осмонӣ: Қуръони Карим, Инҷили ҳазрати Мусо, Тавроти ҳазрати Исо ва Забури ҳазрати Довуд дар ин моҳ нозил шудаанд.

Дар ин моҳ дар ҳадисҳои исломи моҳи Худо ва меҳмонии уммати Паёмбари Акрам (с) хонда шуда ва Худованди Мутаол аз бандагони худ дар  ин моҳ дар ниҳояти каромат ва меҳрубони пазирои мекунад, менависад муаллифи матлаби Фазилати моҳи Рамазон.

"Ҳар кас ҳамаи ин моҳро рӯза бигирад, бар Худо воҷиб аст, ки ҳамаи гуноҳонашро бибахшад, бақияи умрашро тазмин кунад ва ӯро аз ташнагии дардноки рӯзи қиёмат амон диҳад", — омадааст дар ҳадиси пайғамбар.

Аз ин ҷиҳат ин моҳ дар миёни мусумонон аз эҳтиром, аҳамият ва ҷойгоҳи вижае бархурдор ва моҳи сулуки руҳии онон аст. Мусалмонон бо ҳулули ин моҳ бо шуру иштиёқ ва додани таъом ва ифтор ба ниёзмандон, шабзиндадорӣ ва ибодат, тиловати Қуръон, дуо, ифтиғфор ва тавба, додани садақа ва рӯзадорӣ руҳу ҷони худро аз сарчашмаи файзи илоҳӣ сероб мекунанд.

Ҳангоми ифтор. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Максим Богодвид
Ҳангоми ифтор. Акс аз бойгонӣ

Гарчи зикри тамоми фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон аз доираи ин мақола хориҷ аст, вале пардохтан ва зикри баъзе аз фазилатҳои он аз назари Қуръон ва ҳадисҳои исломи холӣ аз фоида нест.

Бартарии ин моҳи сол

Моҳи Рамазон ба ҷиҳати нозил шудани Қуръони Карим дар он ва вижагиҳои мунҳасире, ки дорад дар миёни моҳҳои соли қамарӣ бартарин аст.

"Моҳи Рамазон моҳе аст, ки Қуръон барои ҳидояти инсонҳо дар он нозил шуда аст", — омадааст дар Қуръони Карим.

Инсон илова бар ҷанбаи моддӣ ва ҷисмӣ, дорои буъди маънавӣ ва руҳӣ ҳам ҳаст ва ҳар кадом дар расидан ба камоли матлуби худ, барномаҳои вижаеро ниёз доранд. Яке аз барномаҳо барои тақвият ва рушди буъди маънавӣ, тақво ва парҳезгорӣ аст. Яъне агар инсон бихоҳад худашро аз ҷанбаи маънавӣ рушд ва парвариш диҳад ва ба таҳорат ва камоли матлуб бирасонад, бояд ҳавои нафси худро маҳор кунад ва манеъҳои рушдро яке пас аз дигаре бар дорад ва худро саргарми лаззатҳо ва шаҳватҳи ҷинсӣ накунад. Яке аз аъмоле, ки дар ин росто муасиир ва муфид аст, бешубҳа, рӯзадорӣ аст.

Масҷид
© Sputnik / Руслан Кривобок

"Эй афроде, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо навишта шуд (фарз шуд), ҳамонгуна ки бар пешиниён аз шумо фарз шуда, то парҳезгор шавед", — омадааст дар ояти 183 сураи Бақараи Қуръони Карим.

Яке аз фазилатҳои Рамазон ин аст, ки рӯзадорӣ руҳ ва равон ва қалбу дилу ҷисмро оромиш дода ва боиси саломатии руҳ ва тандурустии ҷисм мешавад.

"Рӯза бигиред то солим бимонед", — омадааст дар ҳадиси пайғамбар.

Ошкор аст фазилатҳо ва савобҳое, ки барои моҳи мубораки Рамазон ва рӯзадорӣ зикр шуд ва ба бархе аз онҳо ишора шуд, аз они касоне аст, ки ҳақиқати онро дарк кунанд ва ба муҳтавои он амал ва дар гуфтор ва кирдор ба кор гиранд ва ба онҳо ҷомаи амал бипушонанд, навиштааст муаллифи матлаб.

331
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, саломатӣ, оят, ҳадис, фазилат, рӯзадорӣ, таровеҳ, Рамазон
Индийская модель и актриса Айшвария Рай Баччан на красной дорожке в рамках 71-го Каннского международного фестиваля.

Абхишек Баччан вазъи Айшвария ва фарзандашро шарҳ доду барои дуогӯии мардум сипос гуфт

1265
(Таҷдидшуда 17:00 13.07.2020)
Нахуст мубталошавии ҳунарманди машҳури Болливуд Айшвария Рай ва духтарчаи ӯ ба маризии сироятии коронавирусро вазири тандурустии Махараштра нашр намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Посте, ки вазири тандурустии иёлати Махараштра Раҷеш Топе дар Твиттер нашр намуд, бо гузашти андак вақт тоза карда шуд.

Сипас ҳамсари Айшвария, ҳунарманди номии Ҳиндустон Абхишек Баччан низ дар сафҳаи худ дар Твиттер олуда шудани завҷа ва духтарчаи худ ба вируси COVID -19 - ро тасдик кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ба гуфтаи Абхишек, ташхиси Айшвария ва фарзанди онҳо аз коронавирус мусбат баромад.

"Маризии онҳо дар шакли сабук ҷараён дорад ва онҳо ба қарантини хонагӣ гирифта шуданд. Ба ҳамаи онҳое, ки дуоҳои самимӣ унвонии ману хонаводаам мефиристанд, изҳори миннатдорӣ мекунам", - навиштааст дар сафҳаи худ Баччан.

Қаблан аз мубтало шудани Амитабх Баччан ва Абхишек Баччан хабар дода шуд. Вазъи саломатии падару писар ҳам мӯътадил буда, дар шароити хона ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Айшвария Рай Баччан ғолиби озмуни "Мисс ҷаҳон" -и соли 1994 ва ҳунарпешаи маъруф дар Ҳиндустон аст, ки дар филмҳои зиёд нақш бозидааст. Вай дорандаи ду ҷоизаи Filmfare Awards аст, ки қадимтарин ва бонуфузтарин ҷоизаи филм дар Болливуд дониста мешавад.

1265
Барчаспҳо:
маризӣ, Ҳинд, ҳунарманд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Казы Бишкека, муфтий Садриддин Маджитов

Даргузашти қозии зодаи Тоҷикистон дар Бишкек дар синни 48-солагӣ

1192
(Таҷдидшуда 10:32 11.07.2020)
Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек ва яке аз руҳониёни шинохтаи Қирғизистон, ки зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раёсати мусалмонони Қирғизистон аз даргузашти Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек хабар дода, муфтии кишвар Мақсад Токтомушев ба наздиконаш таслият гуфтааст.

Ба иттилои раёсати мусалмонҳои Қирғизистон, Маҷидов 22 июни соли 1972 дар деҳаи Қирғизободи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон таваллуд шудааст.

“Ӯ хеле инсони бомасъулият, донишманд ва меҳрубон буд. Дар паҳнсозии арзишҳои аслии Ислом саҳми бузург гузошта, шогирдони зиёд тарбия кард”, - омадааст дар таслиятнома.

Манбаъ зикр кард, ки марҳум бемории қанд дошт, аммо дақиқ сабаби марг гуфта нашудааст.

Дар назар аст, ки Маҷидовро 11 июл дар ноҳияи Қадамҷой, деҳаи Орукзар ба хок супоранд.

1192
Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, Қирғизистон
День 14 июля

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 23:55 13.07.2020)
Рӯзи чордаҳуми июл дар Осетияи Ҷанубӣ аз Рӯзи сулҳофарон ҷашн мегиранд. Ҳамчунин дар Фаронса Рӯзи ба даст овардани Бастилия қайд мешавад

Рӯзи 14 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико баргузор гардид.

День 13 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1976 дар Канада ҳукми қатл бекор карда шуд.

Соли 1976 дар Англия барои аз ҳад зиёд истифода кардани об ҷарима муайян карда шуд.

Соли 1952 ширкати америкоии "Ҷенерал моторз" эълон намуд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон дар мошинҳо ҳавополо (кондиционер) насб кард.

Рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор  гардид.

Соли 2009 дар варзишгоҳи "Металлург" чемпионати  дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олии "Регар-ТадАЗ" бо клуби "Энергетик"- и Душанбе баргузор гардид.

День 12 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014 китоби нави рўзноманигор ва сиёсатшинос, номзади илми фалсафа, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо номи "Густариши ахлоқи миллӣ — посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ" аз чоп баромад.

Соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири калони ширкати "Ҷунтай-Шоҳроҳи нави абрешим"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷе ҳамкории дуҷонибаи минбаъдаро муҳокима намуданд.

Соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО-и "Норак", дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии неругоҳи "Норак", лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳоро баррасӣ карданд

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл

  • Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи сулҳофарон.
  • Дар Франсия иди асосии миллӣ– Рӯзи ба даст овардани Бастилия.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон