Масҷид

Ҳамоиши байналмилалии ислом алайҳи ифротгароӣ ва терроризм дар Душанбе

34
(Таҷдидшуда 10:08 22.07.2015)
Дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон дар Конфронси байналмилалии “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм”, ки дар Душанбе шурӯъ гардид, суханронӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Шайх Алӣ Қарадоғӣ, дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон барои анҷоми як сафари расмӣ ва ширкат дар ҳамойиши байналмилалӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, менависад хабаргузории Озодагон.

Ба иттилои манбаъ, Қарадоғӣ баъд аз зӯҳри сешанбе ба пойтахт омада, ӯро дар фурудгоҳ    Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон истиқбол кард.

Қарор аст, имрӯз, 22 июл дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон дар Конфронси байналмилалии "Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм", ки дар пойтахти кишвар шурӯъ гардид, суханронӣ кунад.

Гуфтанист, конфронси "Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм" имрӯз ва фардо дар Душанбе баргузор шуда, ба он 40 шахсияти рӯҳонӣ ва коршиноси варзидаи минтақа ва ҷаҳон, аз Русия, кишварҳои арабӣ, Ҳинд, Аврупо ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои динии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват шудаанд.

 

34
Барчаспҳо:
ширкати беш аз 40 олими дини ислом дар назар аст, ислом алайҳи террор ва ифротгароӣ, ҳамойиши байналмилалӣ, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Шайх Алӣ Қарадоғӣ, Тоҷикистон, Душанбе
На территории больницы Истиклол

Муҳаммадҷон Шодӣ аз бемористон мураххас шуд

398
(Таҷдидшуда 12:44 15.09.2020)
Муҳаммадҷон Шодӣ, ҳунарманди шинохтаи синамо ва театри тоҷик, ки ахиран бо гумони гирифторӣ бо вируси корона бистарӣ шуд, шифо ёфтааст

ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Наздикони Муҳаммадҷон Шодӣ хабар доданд, ки ҳунарманд шифо ёфта, аз бемористон мураххас шудааст.

Ӯ ба ҳамаи мухлисон ва онҳое, ки дар рӯзҳои беморӣ дуогӯяш буданду шифои комил хостаанд, изҳори миннатдорӣ намудааст. Шодиеви 66-сола аз нимаи солҳои 80-уми асри гузашта то ҳол дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ кор мекунад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 14 сентябр хабар дод, ки тайи як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Ин ниҳод таъкид карда буд, ки дар як шабонарӯзи охир 112 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон расман 9088  нафар арзёбӣ мешавад, ки 7853 нафар ё худ 86,4%-ашон шифо ёфтаанд.

398
Барчаспҳо:
театр, фарҳанг, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

Китоби шоири тоҷик дар Эрон нашр шуд

221
(Таҷдидшуда 17:36 14.09.2020)
Интишороти Хирадгон дар Теҳрон китоби Абдуҷаббори Суруш, шоири муосири тоҷикро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Тоҷикистон Таймз, Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон ва узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ гуфтааст, ки ин дувумин китоби ашъори Абдуҷаббори Шоҳаҳмад- мутахаллис ба Суруш мебошад, ки дар Эрон мунташир мешавад.

Қаблан маҷуъаи ашъори ин шоири тоҷик бо унвони Дарахт, Сапеда ва Ойина дар Эрон мунташир шуда буд.

Дар Тоҷикистон низ китобҳои Фарёди силсилаи хомӯшӣ, Ҷазираи танҳоӣ, Шабнами нафас, Фарёди ёдҳо, Салиби сафед ва Бишунав аз най аз ин шоири тоҷик мунташир шудааст.

Абдуҷаббори Суруш ҳамчунин китоби тафсири фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандиро, ки шомили 17 ҳазор вожа мешавад мунташир кардааст.

Вай мегӯяд, ки барои таҳқиқи ашъори Камоли Хуҷандӣ ва интишори ин китоб 20 сол заҳмат кашидааст.

221
Барчаспҳо:
Эрон, нашр, китоб, шоир, Тоҷикистон
Детская игрушка возле дороги

Боз садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд": кӯдаки худрдсол ҳалок шуд

0
(Таҷдидшуда 12:39 18.09.2020)
Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ронанда аз ӯҳдаи идораи худрав набаромадааст, ки дар натиҷа як нафар ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тавре манбаъ менависад, ҳодиса дирӯз, 17 сентябр рух додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, тақрибан соатҳои 13:30 ронандаи "Мерседе-Бенс" Бобоев Шоҳрухи 25-сола, сокини Истаравшан ангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" дар ҳудуди деҳаи Лакати шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаст.

ВКД меафзояд, дар натиҷа худрави Бобоев пиёдагарди худрсоли Юсуфҷони 10-соларо, ки сокини деҳоти Зарҳалоли Истаравшан будааст, пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Ҳоҷиев Ю.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи мудҳиш дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд": мард бо чор фарзанд ва занаш ба ҷарӣ чаппа шуд

 

0