Адиби тоҷик дар Амстердам “Замини модарон”-ашро қироат кард

© Flickr \ Björn LindellКитоб
Китоб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Адиб ва хабарнигори тоҷик маҷмӯаи шеърии худро дар бораи Самарқанду Бухоро бо номи "Хори Бухоро" ва романи севумашро бо номи "Регистон" низ барои нашр омода кардааст.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Шаҳзодаи Самарқандӣ, адиб ва хабарнигори маъруфи тоҷик, ки ҳоло дар Ҳолланд кору зиндагӣ мекунад, ахиран дар маҳфили шеъру достонхонии "Радиои Замона" дар Амстердам иштирок ва барои ҳозирин романи "Замини модарон"-ро қироат кард, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

"Ин маҳфили достонхонӣ чанд рӯз қабл дар шаҳри Амстердам бо ҳузури маҳофили фарҳангии форсзабонни Ҳолланд сурат пазируфт",- илова мекунад манбаъ.

Китоби "Замини модарон"-и Шаҳзода ду соли пеш бо ҳуруфи сириллик ва форсӣ нашр шуда, тавассути сайти китобфурӯшии amazon.com низ қобили дарёфт аст. Ин роман зиндагии се насли занони тоҷик — модарбузург, модар ва духтар — шурӯъ аз даврони раҳбарии Иосиф Сталин то замони бозсозӣ ва баъд аз фурӯпошии шӯравиро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки Шаҳзодаи Самарқандӣ фориғуттаҳсили донишкадаи забон ва суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи Самарқанд аст. Ӯ дар риштаи филмсозӣ дар Лондон чанд давраи омӯзишро гузашта, дар филми коргардони эронӣ- Меҳдии Ҷомӣ бо номи "Чархо фалак" ба унвони ровӣ ҳузур дорад.

Адиб ва хабарнигори тоҷик маҷмӯаи шеърии худро дар бораи Самарқанду Бухоро бо номи "Хори Бухоро" ва романи севумашро бо номи "Регистон" низ барои нашр омода кардааст, қаблан, романи "Синдроми Стокҳолм"-и ӯ ба чоп расида буд.

Лентаи хабарҳо
0