Фаввораҳо дар боғи Рӯдакии пойтахт. Акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе "Девони Рӯдакӣ" бо теъдоди ҳазор нусха нашр шуд

65
(Таҷдидшуда 13:39 07.08.2015)
Нашри дуввуми Девони Одамушшуаро- Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ дар интишороти "Бухоро" пас аз чопи соли 2007 дар Алмаато интишороти дуввуми китоб хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. "Девони Рӯдакӣ" дар таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану гирдоварии нависанда Қодири Рустам омодаи чоп шудааст, иброз доштанд масъулини Иттиҳоди нависандагон аснои сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

"Дар остонаи бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ ё сардафтари адабиёти форсу тоҷик, нашри дувуми девони ин абармарди фарҳангу адаб бо номи "Девони Рӯдакӣ" дар нашриёти "Бухоро" бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад",- менависад манбаъ.

Ба қавли масъулини ИН, "девони мазкур яке аз чопҳои мӯътабари девони устоди Рӯдакӣ дар солҳои ахир ба шумор меравад, ки дар асоси маъхазҳои гуногун ва маҷмӯаҳои зиёди нашршудаи шоир таҳия шуда, шакли дурусту саҳеҳи абёти Рӯдакиро пешниҳоди хонанда кардааст". Маҷмӯа шомили ашъори устод Рӯдакӣ буда, қаблан ду бор — солҳои 2008 ва 2010 бо хатти форсӣ дар Теҳрон низ чоп шудааст.

Нашри дуввуми Девони Одамушшуаро дар интишороти "Бухоро"-и шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки нашри аввали он тирамоҳи соли 2007 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар таҳияи муҳаққиқ Қодири Рустам чоп шуда буд.

Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Ибни Муҳаммад Рӯдакӣ соли 858 дар рустои Панҷрӯди ноҳияи кунунии Панҷакенти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ дар даврони шукуфоии давлати Сомониён ба сар бурда, бахусус дар даврони аморати Насри Сомонӣ аз сӯи ин хонаводаи ҳоким марҳамати зиёд дид ва дар Бухоро дар дарбор ба сар бурд.

Сомониён Рӯдакиро ба унвони тавонотарин шоири давр лақаби "Маликушшуаро" дода буданд. Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ дар поёни умраш ба зодгоҳи худ, деҳаи Панҷрӯд баргашт ва дар соли 941 дар ҳамин ҷо аз дунё даргузашт. Оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик ҳоло дар ҳамон ҷо қарор дорад.

Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 22-уми сентябр зодрӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, шоири қарнҳои 9-10 таҷлил мешавад. Ин маърака бо номи "Рӯзи Рӯдакӣ" маъмулан бо баргузории конфронсҳо ва сӯҳбатҳои мизи гирд ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад.  

65
Барчаспҳо:
ҳазор нусха "Девони Рӯдакӣ" ба чоп расид, нашри китоби осори Рӯдакӣ, Иттиҳоди нависандагон, ИН, Қодири Рустам, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Панҷрӯд, Бухоро, Панҷакент, Тоҷикистон