Бинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Бунгакиёни Файзобод акнун Дурахшон шуд, Қуруғ- Навбаҳор

31
(Таҷдидшуда 08:43 10.08.2015)
Ҳадаф аз табдили номи рустову маҳалла ва кӯчаву хиёбонҳои кишвар гиромидошти таъриху фарҳанги халқи тоҷик , ҳифзи асолати забони модарӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумони мамлакат, ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор гардид, номи 14 деҳаи ноҳияи Файзобод тағйир дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Ба иттилоъи манбаъ, ин номивазкунӣ тибқи  пешниҳоди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Файзобод сурат гирифтааст.

Ҳамакнун рустоҳои Шулашак ба Себистон, Биникулта ба Файзрез, Қуруғ ба Навбаҳор, Тиён ба Кӯҳсор, Бунгакиён ба Дурахшон, Қашқараҳа ба Орифон, Қалошӣ ба Баҳористон, Қошқарӣ ба Сино, Тақназарӣ ба Сомониён, Кулул ба Чорбоғ, Қулобод ба Хуросон, Калшодӣ ба Шифобахш, Сеқишлоқа ба Себзор ва Ҳайтак ба Гулафшон иваз карда шуданд.

Манбаъ меафзояд, деҳаҳои мазкур  дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Бустон, Вашгирд, Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев, Чашмасор ва Мискинободи ноҳияи Файзобод дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир мебошанд.

Ҳадаф аз табдили номи рустову маҳалла ва кӯчаву хиёбонҳои кишвар гиромидошти таъриху фарҳанги халқи тоҷик, ҳифзи асолати забони модарӣ мебошад.

31
Барчаспҳо:
гиромидошти забони модарӣ ва асолати он, номивазкунӣ, табдили номи деҳаҳо дар Файзобод, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Маҷлиси Миллӣ, Себзор, Себистон, Навбаҳор, Қуруғ, Дурахшон, Бунгакиён, Файзобод, Душанбе, Тоҷикистон
Награждение, архивное фото

Қадрдонии шоири тоҷик бо нишони "Наследие"

294
(Таҷдидшуда 16:52 23.11.2020)
Шоир ва рӯзноманигори тоҷик Карим Ҳайдар ба медали иттифоқи нависандагони Русия "Наследие" сазовор гардид

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Шоир ва сармуҳаррири барномаҳои ахбори телевизиони "Тоҷикистон", Карим Ҳайдарро бо ситораи "Наследие" - 2020 қадрдонӣ мекунанд.

Қарори мукофотонидани шоири тоҷик дар Иттифоқи нависандагони Русия қабул гардид.

Ба гуфти шоир, ин мукофот дар маросими ҷоизасупории "Наследие" ба ӯ дода мешавад. Ин маросим баҳори соли 2021 бо ширкати фаъоли ҷамъиятӣ Мария Романова баргузор мешавад.

Қайд мекунем, ки ин дуввумин ҷоизаи шоир дар соли 2020 мебошад. Пештар шоир ва рӯзноманигори тоҷик Карим Ҳайдар ба медали иттифоқи нависандагони Русия "Сергей Есенин" сазовор гардид.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Шарҳи ҳоли Карим Ҳайдар

Карим Ҳайдар 6 январи соли 1961 дар Истаравшан дар оилаи рӯзноманигор Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.

Шоир узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рӯзноманигорон ва аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.

Соли 1983 факултаи забон ва адабиёти руси донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, аз соли 2006 дар шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" фаъолият мебарад.

Карим Ҳайдар муаллифи маҷмааҳои шеърии "Садои аҷдодон" ("Голоса предков"), "Қиссаи Ҳисор", ҳикояву очеркҳо мебошад, ки бештарагон дар маҷмааҳои кишварҳои ИДМ мунташир шудаанд.

Ӯ суруди миллии Тоҷикистонро ба забони русӣ тарҷума кардааст ва муаллифи филмҳои мустанади Роберт Рождественский", "Тимур Зулфиқоров", "Михаил Синелников - шоир ва тарҷумон" мебошад.

Гулчине аз ҳаёту эҷодиёти устод Гулназар Келдӣ-тасвирбаён

Афзун бар ин, Карим Ҳайдар барои  Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гимн навиштааст.

Бо медалҳои "Хизмати шоиста" ва  МГТРК "Мир" мукофотонида шудааст. Карим Ҳайдар соли 2018 ордени дараҷаи якуми "Достаевский"-и Русияро гирифта буд.

294
Барчаспҳо:
нишон, медал, шоир, Карим Ҳайдаров
Книги Рахмона подарили библиотеке Малайзии

Қодирӣ китобҳои президенти Тоҷикистонро ба китобхонаи миллии Малайзия тақдим кард

121
(Таҷдидшуда 16:43 23.11.2020)
Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Малайзия аз Китобхонаи миллии Малайзия боздид намуда, китобҳои президенти Тоҷикистонро ба китобхонаи миллии ин ин кишвар тақдим кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ аз Китобхонаи миллии Малайзия боздид намуда, бо мудири кулли Китобхонаи мазкур хонум Майзан бинти Исмоил мулоқот кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Малайзия мубодилаи афкор намуда, дар ин замина имзо кардани Ёддошти тафоҳумро зарур шуморидаанд.

Китоби “Уфуқҳои истиқлол”-и Эмомалӣ Раҳмон, соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни “Санъати китоб” шуд

Дар ин дидор ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти талошҳои муштаракро барои рушду таҳкими ҳамкорӣ ба нафъи мардумони ду давлат таъкид доштаанд.

“Ҷанг барои “Маснавӣ”: дар Душанбе тайи 5 соат 10 ҳазор китоб фурӯхта шуд

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни мулоқот сафири Тоҷикистон китобҳои Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро ба Китобхонаи миллии Малайзия тақдим кард.

121
Барчаспҳо:
боздид, Ардашер Қодирӣ, китобхона
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон