Дар театри “На Малой Бронной” маросими видоъ бо Дуров ҷараён дорад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВидоъ бо ҳунарманд ва коргардон Лев Дуров
Видоъ бо ҳунарманд ва коргардон Лев Дуров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Лев Дуров 20 август дар синни 84 солагӣ баъд аз бемории тӯлониву сангин даргузашт. Ҳунарманд дар қабристони Новодевиче дафн мешавад.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар театри На Малой Бронной маросими видоъ бо ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Лев Дуров оғоз шуд.

Соли 1967 Дуров барои кор ба театри драммавии на Малой Бронной шомил шуда ҳудуди ним аср то рӯзҳои охиринаш дар он ҷо фаъолият кардаам. Солҳои 2003-296 Дуров саркоргардони ин театр буд.

Дуров 20 август дар Маскав дар синни 84 солагӣ баъд аз бемории тӯлониву сангин даргузашт. Дар бораи мунтақил шудани ҳунарманд 7 август огаҳӣ ёфтанд ва вазъаш вахим арзёбӣ мешуд.

Даргузашти Ҳунарманди мардумии ИҶШС Лев Дуров дар Маскав

Маросими видоъ соъати 10 субҳ оғоз шуд. Қарор аст ҳунармандро дар қабристони Новодевиче даф кунанд.

Ҳунарманди рус, коргардон, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Лев Дуров 23 декабри соли 1931 дар Москав таваллуд шудааст. Хонаводаи Дуровҳо аз хонаводаҳои саршиноси ҳунармандони сикр мебошад.

Лев Дуров аз соли 1954 дар филмҳо низ нақҳо офарида дар маҷмӯъ беш аз 160 нақшҳоро иҷро кардааст, ки дар миёни онҳо нақшҳо дар филми "Калина красная", "Отроки во Вселенной", "Болшая перемена", "Не бойся, я с тобой!", "Мастер и Маргарита" мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0