Марат Орифов: навозиши ҳайвоноти хонагиро хеле дӯст дорам

“Муаллим” ба “Минбари тиллоӣ” меравад

49
(Таҷдидшуда 08:33 16.09.2015)
Дар ҷашнвораи байналмилалии “Минбари тиллоӣ”, ки дар Қазон барпо хоҳад шуд, ду филми таҳиягарони тоҷик ба намоиш медарояд.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. "Муаллим" ва "Гунҷишки сафед" — ду филми таҳиягарони тоҷик ба барномаи озмунҳои ҷашнвораи байнулмилалии "Минбари тиллоӣ" дар шаҳри Қазони Русия ворид шудааcт, менависад Радиои Озодӣ.

Ин ҷашнвора 5 сентябр дар пойтахти Тотористон ифтитоҳ мешавад. Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ва меҳмони фахрии ҷашнвораи байнулмилалии синамои Қазон, ба Озодӣ гуфтааст, филми "Муаллим"-и таҳиягар Носир Саидов аз ин пеш дар чанд ҷашнвораи байнулмилали синамо соҳиби ҷоизаҳо шуд.

Дар ҷашнвораи байнулмилалии Инсбруки Австрия, ки аз 2 то 7 июн гузашт, "Муаллим" ҷоизаи "Беҳтарин филм"-ро ба худ ихтисос дод. Марат Орифов, ҳунарманди тоҷик, бошад барои нақши асосӣ дар ин филм дар ҷашнвораи байналмилалии "Фаҷр" дар Эрон, "Беҳтарин бозигар" дониста шуда буд. Барои ҷоизаи озмуни асосии ҷашнвораи Қазон 50 филми таҳиягарони 25 кишвар сабқат хоҳанд кард.

Синамогарони тоҷик ба комёбии филми "Гунҷишки сафед"-и Диловар Султонов ба ҷашнвораи Қазон ҳам умед бастаанд. "Гунҷишки сафед" барои дарёфти ҷоизаи ҷашнвораи дар озмуни филмҳои кӯтоҳ сабқат хоҳад кард. Филмномаи онро таҳиягари маъруфи эронӣ Мӯҳсини Махмалбоф аз рӯи ҳикояи ҳамноми адиби тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ навиштааст ва дар он дунёи пур аз тахаюли як тифли тоҷик инъикос шудааст.

"Гунҷишки сафед" нахустин филми ҳунарии Диловар Султонов, аз шогирдони Мӯҳсини Махмалбоф, аст, ки дар студияи "Тоҷикфилм" рӯи навор омадааст. Ин дебюти Диловар дар арсаи таҳиягарист, зеро ӯ аз ин пеш дар монтаж ё бандубасти филмҳои Носир Саидов ширкат дошт, мегӯяд Сафари Ҳақдод.

Коргардони тоҷик Сафарбеки Солеҳ. Акс аз саҳифаи расмии ҷашнвораи синамои Русия дар шабакаи иҷтимоии Facebook. Акс аз бойгонӣ
Официальная страница кинофестиваля "Россия" в Facebook.

Озмуни филмҳои мустанад дар ҷашнвораи Қазон имсол бидуни офаридаҳои синамогарони Тоҷикистон мегузарад, аммо забони тоҷикӣ дар ин озмун ҳам садо хоҳад дод — филми Алексей Суховей "Меҳмонон" ("Гости") аз ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷик дар як деҳаи дури русӣ қисса мекунад. Ин филм, ки дар тавлиди он синамогарони се кишвар — Русия, Фаронса ва Олмон саҳм гирифтаанд, аз саҳнаи аксгирии як хонаводаи тоҷик қабл аз муҳоҷирати саробони оила ба Русия шурӯъ мешавад ва зиндагии ин мард ва дигар муҳоҷиронро дар як деҳаи дури Русия дар се фасли сол бидуни рангубор ва арзёбӣ инъикос мекунад. Онҳо ҳамроҳ дар шароити сахт ҷангал мебуранд, сӯхторро хомӯш мекунанд ва иқрор мекунанд, ки ин гуна зиндагиро маҳз ба хотири таъмини рӯзгори хонаводаҳои дар Тоҷикистон мондаашон интихоб кардаанд.

49
Барчаспҳо:
ширкат, ҷашнвора, "Гунҷишки сафед", "Муаллим", филм, "Минбари тиллоӣ", Тоҷикфилм, Сафар Ҳақдодов, Қазон
Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ

Сафари фарҳангиёну адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

105
(Таҷдидшуда 14:31 28.09.2020)
Ҳукумати вилояти Суғд аз сафари як ҳайати намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гуруҳи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

“Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек, тақвияти ҳамкориҳои адабӣ, илмиву фарҳангӣ миёни ду давлати дӯст арзёбӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки меҳмонон давоми рӯз аз Маҷмааи фарҳангию “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи вилоятӣ, Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сипас, меҳмонон тибқи барномаи сафар ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе равон шуданд. 

Дар шаҳри Душанбе феълан сафари ҳайати Ӯзбекистон давом дорад.

105
Барчаспҳо:
илм, фарҳанг, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сангҳои сари роҳ, акс аз бойгонӣ

Раҳмон аз бошишгоҳи одамони асри санг ва шаҳри Мунк дар Ховалинг гуфт

176
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мавзеъҳои таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг гуфта, дастур дод, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ ба онҳо бештар ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад.

Ӯ афзуд, дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.

“Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.”, - омадааст дар матни суханронии раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Раҳмон, илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

176
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1771
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1771