Консерти идона бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолият дар Душанбе. 9 сентябри соли 2015

Убайдуллоев: барои таҷлили 25-солагии Истиқлолият омодагӣ мегирем

31
(Таҷдидшуда 11:55 10.09.2015)
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе гуфт, барои таҷлили бошукуҳи 25-солагии Истиқлолият, ки соли 2016 ҷашн гирифта хоҳад шуд, қарори Иҷлосияи Маҷлиси Олӣ тасдиқ шудааст.

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, зимни ироаи сухани табрикӣ дар чорабинии асосии Рӯзи Истиқлолият дар майдони Наврӯзгоҳи пойтахт шоми 9 сентярб гуфт, 25-солагии Истиқлолият бо шукуҳтар таҷлил хоҳад шуд.

"Тибқи қарори Иҷлосия омодагӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолият оғоз гардидааст. 25-солагии Истиқлолиятро бо ҳифзу амну осоиши кишвар, густариши ободкориву бунёдкорӣ ва камолоти маънавии худ истиқбол мегирем. Локин раванди омодагии он ба талаботи мо ҷавобгӯ нест", — афзуд раиси шаҳр.

Вай дақиқан нагуфт, ки кадом иқдомҳоро амалӣ кардан мехоҳад ва бунёди чӣ иншооте дар назар аст, аммо афзуд, "дар якҷоягӣ бояд ба истиқболи ин ҷашн омодагӣ бинем".

Ба ҷуз аз баргузории шоми консертӣ дар Душанбе рӯзи 9 сентябр дар боғҳои  фарҳангию фароғатии "Кӯли ҷавонон", "Дӯстии халқҳо" ва майдони "800 солагии Москва" ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолият намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунармандон, маҳсулоти саноатӣ, маҳсулоти кулчагию қаннодӣ, шириниҳои идона ва таомҳои миллӣ ташкил шуд.

31
Барчаспҳо:
суханронӣ, табрикот, консерт, омодагӣ, таҷлили 24-солагии Истиқлолият, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе