Будулай дигар барнамегардад: даргузашти Михай Волонтир дар Кишинёв

© Sputnik / Владимир Родионов / Гузариш ба медиабонкМихай Волонтир дар нақши оҳангар Будулай дар филми "Лӯлӣ"
Михай Волонтир дар нақши оҳангар Будулай дар филми Лӯлӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди маъруфи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Молдова, Михай Волонтир шоми 14 ба 15 сентябри соли равон дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт. Ба гуфтаи табибон, бемориҳои қаблии ҳунарманд ба далели бузургии синну солаш вақтҳои ахир шиддат гирифта буданд.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Бо даргузашти Волонтир мактаби муосири ҳунармандон талафоти бузурге дид, иброз дошт, раҳбари Филармонияи давлатии ба номи Сергей Лункевич Светлана Бивол дар суҳбат бо Sputnik Молдова.

Ҳунарманди маъруфи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Михай Волонтир шоми 14 ба 15 сентябри соли равон дар синни 82-солагӣ аз олам даргузаштааст. Дар ин бора ҳамсари ӯ Ефросиня Добиндэ-Волонтир ба Sputnik хабар дод. Сабаби марги шавҳари худро ӯ "бемории тӯлонӣ" арзёбӣ кард. Волонтир дар бемористони ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кишиниёв даргузаштааст.

Ҳудуди 2,5 моҳи ахир ӯ таҳти муроқибат ва дармони доимии пизишкон қарор доштааст, Волонтир дар аввал дар беморхонаи шаҳрии шаҳри Белтси бистарӣ буда, баъдан ба касалхонаи ҷумҳуриявӣ интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи табибон, вақтҳои ахир бемориҳои қаблии ҳунмарманд ба далели бузург будани синну солаш авҷ гирифтаанд ва худи ӯ ҳам се соли ахир аз назорати табибон нагузаштааст.

"Ин бисёр хабари ғамгинкунада аст. Михай Волонтир шахсияти барҷастаи соҳаи филмшиносӣ буд. Ӯ рамзи мактаби миллии ҳунармандон ва филмшиносони шӯравӣ мебошад. Яке аз мардони самимӣ ва меҳрубоне буд, ки то ҳол дидаам. Бисёр марди аҷибу содиқ, пур аз неру буду машваратҳои зиёд медод. Волонтир бо таъсиси театр дар Белтс муҷассамаи ёдгории худро дар зиндагиаш гузошт",- мегӯяд Бивол.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Волонтир оилаи хубе дорад, ки иборат аз духтару набера ва зане ҳаст, ки ҳамеша канораш буду ба ӯ метавонист, эътимод ва такя кунад.

"Агарчи ҳамсари худи Волонтир ҳунарманди хубе ҳам ҳаст, вале ӯ дар бештар маврид ба хотири шавҳараш худро дар мақоми дуюм мегузошт. Барои як шахсияти барҷаста ин гуна ҳамнишину ҳамдам лозим аст. Ман шахсан бо худи ӯ ва хонаводааш ошноӣ доштам. Одоб ва тарбияи фавқулоддаву хоксорӣ ӯро ҳамеша аз дигарон ҷудо месохт. Аксари вақт ӯро пушти саҳна медидам, ки дар сар кулоҳу барои иҷрои суруди "Viata asta-i scurta tare" (зиндагӣ хеле кутоҳ аст) омодагӣ медид. Ӯ пушти саҳна ҳамеша хоксорона меистоду барои баромад хуб омодагӣ медиду бо омадан ба рӯи саҳна ҳамеша тамошобинонро ба ваҷд меовард",-қайд кард Бивол.

Ҳолномаи Михай Волонтир

Михай Волонтир соли 1934 дар деҳаи Глинжени ноҳияи Шолданештский ба дунё омада, фориғуттаҳсили Мактаби омӯзгории Оргеев мебошад. Фаъолияти корияшро соли 1957 дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Александр (театри миллии ҳозира) дар шаҳри Белтс оғоз карда, дар беш аз 120 саҳна нақши асосӣ бозидааст.

Дар филмҳои "Киритса дар Яссах" "Дар қаламрави махсус", "Посухи ҷавобӣ", "Дмитрий Кантемир", силсилафилмҳои "Лӯлӣ" ва "Бозгашти Будулай" нақш бозидааст.

Ҳунарманди мардумии ҶШС Молдова, Ҳунарманди ИҶШС, дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶШС Молдова ва Ҷоизаи давлатии ба номи бародарон Василев буда, бо мукофоту ҷоизаҳои назаррас қадрдонӣ шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0