Маҳфили ҳозирҷавобон. Акс аз бойгонӣ

Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон: дар Маскав ҳам мухлис пайдо кардем

8
(Таҷдидшуда 21:59 12.10.2015)
Тими ҳозирҷавобони тоҷик ба даври финалии маҳфили “Зарифон” ё КВН-и лигаи марказии Маскав роҳ ёфтаанд.

ДУШАНБЕ, 25 сентябр — Sputnik. Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон ба даври ниҳоии "Зарифон" ё КВН-и лигаи марказии Маскав роҳ ёфта, рӯзи 10 декабр барои мақоми аввал ҳунарнамоӣ хоҳад кард, гуфт раҳбари ин гуруҳ Хайрулло Мирсаидов дар суҳбат бо Sputnik.

Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзҳои 22, 23 ва 24 сентябр баргузор шуд, дар қатори панҷ дастаи дигар ба даври ниҳойӣ роҳ ёфтааст.

"Баромади мо аз сӯи тамошобинон хеле хуб пазироӣ шуд. Ҳатто дастаи мо миёни сокинони Маскав ҳам тавонист, мухлис пайдо кунад. Баъди анҷом онҳо пушти дар моро интизор шуданду хоҳиш карданд, акси якҷоя бигирем", афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи оқои Мирсаидов, рақобатҳои даври финалӣ аз даҳуми декабр дар Маркази ҷавони Маскав — "Планета КВН" оғоз мегардад.

"Дар қатори Тоҷикистон Сирки давлатии Москва, "Электрошок"-и Санкт-Петербург, "Меган Фокс"-и Маскав ва "Чуваш"-и Чебоксар низ ҳунарнамоӣ мекунанд", — афзуд ӯ.

Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, мунтахаби КВН-и Тоҷикистон баъди ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар сабқати байналмиллалии "КВН — 2015" дар Сочӣ миёни 400 даста, ба лигаи марказии Маскав даъват шудааст.

Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки намоишҳои ҳаҷвнигорони тоҷик иборат аз саҳна ва сурудҳои ҳаҷвӣ буда, мақсадашон шинос кардани ҳунар, таърих ва истеъдоди тоҷикон мебошад. Ба гуфти ӯ, мунтахаби ҳозирҷавобони Тоҷикистон аз ҳашт нафар иборат буда, сарпарастии онро Ҳукумати вилояти Суғд бар уҳда дорад.    

8
Барчаспҳо:
даста, финалӣ, Ҳозирҷавобон, кнв, гуруҳ, Хайрулло Мирсаидов, вилояти Суғд, Тоҷикистон, Маскав