Акбарали Сатторов. Акс аз бойгонӣ

Дар Ҳисор як мактабро бо номи Акбар Саттор гузоштанд

21
(Таҷдидшуда 22:09 12.10.2015)
Дар ноҳияи Ҳисор як мактаб бо номи Акбар Саттор, раҳбари пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гузошта шудааст.

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Мактаби миёнаи рақами 25-и деҳаи Мортеппаи Ҳисор ба номи Акбари Саттор, раҳбари пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гузошта шуд, гуфт, Наҷмиддини Шоҳинбод, котиби масъули ин иттифоқ дар суҳбат бо Sputnik.

Намояндаи ИЖТ афзуд, ки қарор дар бораи ба номи Акбар Саттор гузоштани мактаби рақами 25 дар маҷлиси вакилони ноҳияи Ҳисор рӯзи 7 октябр қабул шудааст.

Пешниҳоди ба номи Акбари Саттор гузоштани мактаби Мортеппа баъд аз даргузашти ӯ садо дода буд. Инчунин, бархеҳо пешниҳод карданд, як кӯча дар Душанбе ҳам ба номи вай гузошта шуда, рустои Мортеппаи Ҳисор ба "Акбаробод" табдили ном кунад.

Акбари Саттор 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи Жданов (ҳоло Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург) мебошад.

Фаъолияти кориашро дар соли 1990 аз нашрияи "Ҷумҳурият" оғоз кардааст, баъд аз он ба рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" даъват шуда, сипас то соли 1994 дар нахустин нашрияи парлумонӣ- "Садои мардум" ба ҳайси хабарнигор, мудири шӯъбаи сиёсат ва ҳуқуқ кор кардааст.

Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи "Дайджес пресс" рӯйи чоп оварда, ба дунболи он дар соли 1994 "Чархи гардун"-ро таъсис дод. Иттиҳодияи эҷодии "Чархи гардун"-и Акбари Саттор бар иловаи ин ду нашрия ҳамчунин "Вечерний Душанбе", "Аладдин" ва "Марду зан"-ро фаро мегирифт. Аз соли 2007 то дами маргаш вазифаи раисии Иттифоқи Журналистони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Акбари Саттор оиладор ва соҳиби чаҳор фарзанд буд.

21
Барчаспҳо:
Мортепа, Ҳисор, Акбари Саттор, мактаб, номгузорӣ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Акбари Саттор, Ҳисор, Тоҷикистон