Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд

Тоҷикистон барои муваққат нигораҳои миллиро ба Бритониё дод

42
(Таҷдидшуда 11:47 16.10.2015)
Тоҷикистон ба Осорхонаи Бритониё маҷмуаи нигораҳои милли мардуми тоҷикро тақдим кард.

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ба Осорхонаи Бритониё нигораҳои миллӣ, аз ҷумла либосҳои миллӣ, зарфҳои хӯрокхӯрӣ, асбобҳои мусиқӣ, кундалҳои анъанавӣ ва ашёҳои қадими рӯзгори мардуми Тоҷикистон супорида шуд, хабар медиҳад, сомонаи Вазорати корҳои хориҷии кишвар.

Дар умум ба ин осорхонаи Бритониё 67 намуди нигора дода шудааст.

Ин ташаббус аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷараёни боздидаш аз Осорхонаи Бритониё, ки моҳи июли соли 2014 дар доираи сафар ба Бритониёи Кабир сурат гирифт, пешниҳод гардида буд.

Баъд аз ин боздиди Сироҷиддин Аслов аз Бритониё як ҳайати Осорхонаи ин кишвар ба Тоҷикистон сафареро анҷом дод. Дар ҷараёни ин боздид, намояндагони Осорхонаи Бритониё аз осорхонаҳои шаҳри Душанбе, маъбади буддоии Аҷина-Теппа, шаҳраки Ҳулбук, Саразм ва "Тахти Сангин" боздид карда, маълумотҳои муҳим доир ба ҷойҳои таърихӣ ва археологии Тоҷикистон ҷамъоварӣ намуданд.

Ба навиштаи дафтари матбуоти ВКХ, ин иқдом барои барқарор кардани ҳамкорӣ миёни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи Бритониё ва густариши робитаҳои фарҳангии ду кишвар кӯмак хоҳад кард.

Дар зер метавонед, акси нигораҳое, ки ба Осорхонаи Бритониё тақдим шудаанд, тамошо кунед.

  • Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Страница МИД РТ в Facebook
  • Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Страница МИД РТ в Facebook
  • Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Страница МИД РТ в Facebook
  • Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Страница МИД РТ в Facebook
  • Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Страница МИД РТ в Facebook
  • Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд
    Страница МИД РТ в Facebook
1 / 6
Страница МИД РТ в Facebook
Осорхонаи Бритониё 67 намуди нигораҳои миллии мардуми тоҷикро соҳиб шуд

42
Барчаспҳо:
Бритониё, нигора, ВКХ, осорхона, миллӣ, тоҷикон, Осорхонаи Бритониё, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Бритониё, Душанбе, Тоҷикистон
Театри ноҳияи Ёвон

Театри ноҳияи Ёвон касбӣ мешавад

49
(Таҷдидшуда 13:14 03.07.2020)
Мақомоти иҷроияи Хатлон хабар дод, ки теъдоди театрҳои касбӣ дар вилоят афзоиш ёфта, ба чор адад баробар мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода театри халқии ноҳияи Ёвон ба театри касбӣ табдил хоҳад ёфт, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят дар Қасри фарҳангии ноҳия композитсияи ҳунармандони театри халқиро бахшида ба 5500-солагии Саразм тамошо карда, бо ҳунармандон мулоқот орост.

Котибот афзуд, ки пешниҳоди ба театри касбӣ табдил ёфтани театри халқӣ пазируфта шуда, Қурбон Ҳакимзода барои дастгирии ҳамаҷиҳатаи фаъолияти он дастур дод.

Феълан дар ин театри халқӣ 15 ҳунарманди ҳирфаии театр фаъолият мекунанд. Раиси вилоят ваъда дод, ки дар нахустин намоиши саҳнавии театри касбӣ иштирок хоҳад кард.

Котиботи ҳукумати Хатлон илова намуд, ки то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон се театри ксбӣ фаъолият мекунанд. Дар сурати мақоми театри касбиро гирифтани театри халқии ноҳияи Ёвон, теъдоди театрҳои касбии вилоят ба чор адад мерасад.

49
Барчаспҳо:
касбӣ, театр, Ёвон, Тоҷикистон
Министр культуры Таджикистана Зульфия Давлатзода

Ҳамдардии вазири фарҳанг бо хонаводаи Амонулло Қодиров

728
(Таҷдидшуда 19:02 02.07.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Фарҳангиёни Тоҷикистон ба аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори таслият кард, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳанги кишвар аз даргузашти собиқадори соҳаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амон Қодиров андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамоянд", - омадааст дар номаи таслият.

Ёдрас мешавем, ки Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн дар шаҳри Душанбе дар синни 75-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Амонулло Қодиров 10 июни соли 1945 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омада, соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ) ва соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Ӯ қариб тамоми умр дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ карда, соли 1982 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1994 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Қодиров бо даҳҳо нақшаш дар театр ва синамои тоҷик, бахусус бо нақши Ҳодӣ дар дуэти Шодию Ҳодӣ ҳамроҳ бо Шодӣ Солеҳов дар ёдҳо мемонад.

"Дар ҳаҷв доди ҳунарро медиҳад. Ҳарчанд образҳои лирикӣ, драмавӣ, фоҷиавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекунад, ҳолати рӯҳию дунёи ботинии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушояд. Тамошогарон ба истеъдодаш дар беш аз шаст спектакли театр, аз қабили «Дон Жуан», «Умри ҷовид», «Латифаҳои деҳот», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Робиаи Балхӣ», «Умед», «Табиби зӯракӣ» баҳои баланд додаанд", - омадааст дар маълумоти Википедия.

Амонулло Қодиров ҳамчунин дар филмҳои «Субҳи Ганг», «Достони Сиёвуш», «Ҳафт арӯси дуздидашуда», «Аспҳо дар моҳтобшаб», «Хоби хирси сафед» ва дар чандин намоишномаи телевизионӣ нақшҳои мондагор офарида, дар дубляжи даҳҳо филм ба забони тоҷикӣ низ иштирок кардааст.

728
Барчаспҳо:
вазир, Вазорати фарҳанги ҶТ, ҳамдардӣ, ҳунарпеша, Тоҷикистон
Заслуженный тренер России, старший тренер сборной команды республики Дагестан по боевому самбо, чемпион Украины по дзюдо и самбо Абдулманап Нурмагомедов

Жан-Клод Ван Дамм дар бораи Абдулманап ва ҳамдардидӣ ба Ҳабиб: ҳамеша эҳтиром мекардам

0
Ҳунарманди шинохта ва устоди санъати размӣ Жан-Клод Ван Дамм  ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов нисбат ба даргузашти падараш ҳамдардӣ изҳор кардааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Ин ҳунарманди шинохта дар саҳфаи Инстаграммааш навиштааст, ки бо Абдулманап Нурмуҳаммадом аз наздик шиносоӣ надошт, аммо ҳамеша эҳтиромаш мекард.

"Бародар, ман дар ҳаёти худ ҳеҷ гоҳ ту вонахӯрдам, аммо ҳамеша ба зиндагии барҷастаи туро эҳтиром мекардам! Ман барои сафари охирати ту дуо мекунам. Бигзор Худованд руҳи туро шод кунад. Омин”.

Ӯ ҳамчунин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадову оилаашва ҷаҳони UFC ҳамдардии амиқ изҳор кардааст.

​Ёдовар мешаве, мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 58-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Падари размикори доғистонӣ тӯли чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Рамазон Рабаданов яке аз дӯстони хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо пас аз фавти мураббии шинохта гуфт, ки "табибон сактаи қалбашро беҳбуд бахшиданд, аммо сактаи мағзи сарро шифо бахшидан натавонистанд. Абдулманап ба ҳуш наомада санаи 3 июл ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини ҷуо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

Марҳум ҳам сактаи қалб ва ҳам мағзи сар шуд.

"Сахт пазмонат мешавам": таассуфи роҳбари UFC аз марги Абдулманап ва нашр намудани навор

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

0