Логотипи Оныонси иттилоотии байналмилалии Спутник. Акс аз бойгонӣ

Sputnik бо бузургтарин расонаи Индонезия созишномаи ҳамкорӣ имзо кард

20
(Таҷдидшуда 14:37 17.11.2015)
Ҷонибҳо дар мавриди тавсеаи ҳамкории касбии дуҷониба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун ва табодули матолиби иттилоотӣ ба тавоқуф расиданд.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Оҷонси иттилоотӣ ва радиои Sputnik бо бузургтарин хабаргузории Индонезия — "Antara" созишномаи ҳамкорӣ имзо кард.

Ҷонибҳо дар мавриди тавсеаи ҳамкории касбии дуҷониба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун ва табодули матолиби иттилоотӣ ба тавоқуф расиданд.

Муовини директори кулли Sputnik Павел Андреев дар шарҳи имзои ин созишнома гуфт, "Имзои созишномаи мазкур ба расонаҳои мо имкон медиҳад, то ба таври фаврӣ иттилои дақиқу муҳим аз афроди аввалро мубодила кунанд, ки ин чиз дар замони феълӣ барои бунёди фазои иттилоитии гуногунҷабҳа ва мутавозини ҷаҳонӣ муҳим аст".

Имзо ин созишно зимни вохурии 39-уми аъзои Кумитаҳои иҷроияи Оҷонсиҳои хабарии Осиё ва Уқёнуси ором, ки аз 15 то 18 ноябри соли равон дар Сеул бо таҳти сарпарастии хабаргузории "Yonhap"-и Кореяи ҷанубӣ баргузор мешавад, сурат гирифтааст.

"Antara" — хабаргузории миллии Индонезия мебошад, ки соли 1937 таъсис ёфтааст. Қароргоҳи марказиим он дар Ҷакарта ҷойгир буда, бо забонҳои индонезию англисӣ хабар пахш мекунад. Ин хабаргузорӣ дар тамоми навоҳии Индонезия намояндагиҳои худро дорад ва дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Ню-Йорк, Лондон ва Куала-Лумпур ҳам бахшҳои он фаъолият мекунанд.

20
Барчаспҳо:
хабаргузорӣ, Лондон, Ню-Йорк, ҷанубӣ, Корея, иттилоотӣ, Спутник, тавофуқ, созишнома, фазо, хабаргузории "Yonhap", Спутник, Павел Андреев, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Ню-Йорк, Лондон
Историк Гафур Шерматов

Рӯнамоии китоби таърихнигори тоҷик дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ: видео

55
(Таҷдидшуда 11:38 08.08.2020)
Таърихнигори тоҷик Ғафур Шерматов китоби худро дар бораи аҳамияти иштироки Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Рӯнамоии китоби тозанашри таърихшинос оид ба ҶБВ дар Маркази илму фарҳанги Русия сурат гирифтааст, дар ин бора телевизиони “Мир 24”гузориш додааст.

Китоби тозанашр "Ҷанг ва Ғалаба. Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ"  унвон дошта, муаллиф барои таҳияи он панҷ сол заҳмат кашидааст.

Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Ба гуфтаи Шерматов, тамоми саҳмҳо ва ҷангҳоеро, ки зодагони ҶШС Тоҷикистон кардаанд, дар як китоб ҷой додан номумкин аст, аммо ӯ дар матн муҳимтарин марҳилаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки ба  Тоҷикистон рабт дорад, қайд кардааст.

Аз Сталинград то Берлин: саргузашти собиқадори 112-солаи ҶБВ аз Тоҷикистон

Аксари сафҳаҳои китоб ба ҳаёти аҳолии ҷумҳурӣ дар рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд.

Дар муаррифии китоб инчунин намояндагони пойгоҳи низомии 201-и Русия ва сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ширкат варзиданд.

55
Барчаспҳо:
таърих, рӯнамоӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муҳаққиқ, Ғафур Шерматов
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев

Мақоми нави Афзалшоҳ Шодиев баъди барканорӣ аз раҳбарии Филармония ва муддате истироҳат

2940
(Таҷдидшуда 16:43 06.08.2020)
Ҳунарманди шинохтаи тоҷик, пас аз барканорияш аз раҳбарии Филармонияи давлатӣ тӯли шаш моҳ дар истироҳат буд. Қаблан гуфта буд , ки вақти холигияшро мехоҳад сарфи эҷод кунад.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз вазифаи раҳбарии Филармонияи давлатӣ барканор шуда буд, мақоми нав гирифт, дар ин бора бародари ӯ Набиҷон Шодиев дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳунарманди шинохта роҳбарии Муассисаи давлатии "Ансамбли тарона ва рақси "Сомон" таъйин шудааст.

Таъйини раиси нав дар Филармонияи давлатӣ: Афзалшоҳ Шодиев барканор шуд

Гуфта мешавад таъйини Афзалшоҳ Шодиев ба ин мақом бо фармони вазири фарханг Зулфия Давлатзода  ва пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. 

Ӯ қаблан тӯли панҷ сол Филармонияи давлатиро роҳбарӣ кард ва замони барканорияш зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рафтанаш аз ин вазифа бо розигии худаш сурат гирифтаст ва аз фаъолияташ дар ин макон хурсанд аст ва мехоҳад каме ба эҷод машғул шавад.

Гиряи кормандон барои раис: Афзалшоҳ Шодиев дар бораи барканорӣ ва нақшаҳои баъдӣ

Ӯ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст ва дар моҳи феврали соли 2013 дар Русия ҷоизаи "Хиради Миллат"-ро дарёфт кардааст.

 

2940

Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:50 08.08.2020)
Рӯзи нӯҳуми август аз Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ ҷашн грифта мешавад. Ҳамчунин дар Амрико аз Рӯзи ҳифзи ҷангал қайд мекунанд

Рӯзи 9 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1893  Бонки миллии  Италия таъсис дода шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия  6 ҳазор  нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.

Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Япония бомбаи атомӣ партофта шуд.

Соли 1992 дар  Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд.

Соли 2008 масоили гуногунҷанбаи  Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2007  дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонии FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд

Соли 2008 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.

Соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  маркази Минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони "Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт" баргузор гардид

Ҷашнҳои рӯзи 9 август

Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.

Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.

Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.

Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.

Рӯзи 9 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1945 – кинорежиссер Валерий Аҳадов.

Соли 1949 –ҳунарманд ва режиссер Юнус Юсуфов.

Соли 1974 – журналист Анора Саркорова.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон