Овозхон Адел дар маросими эътои 54-уми Ҷоизаи Грэмми ширкат дорад

Адел- дар руйхати беҳтарин ҳунармандони соли 2015

20
(Таҷдидшуда 14:53 09.02.2016)
Адел муваффақтарин овозхони соли 2015 шинохта шуда, дар н маврид Бунёди байналмиллалии садосозӣ эълом доштааст. Охирин албми сароянда бо теъдоди беш аз 15 миллион нусха ба фурӯш рафтааст.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Тайи чанд муддати ахир ҳузури Адел дар маросиму чорабиниҳо камранг гардида, инро боис таваллуди фарзанд ва дурӣ аз шоу-бизнес унвон карданд.

Вале бозгашти ӯ ба саҳна бо шаҳомат буду комёбиро дар пай дошт. Суруди "Салом" аз албоми наваш дар сархати беҳтарин таронаҳои овозхонони 30 мамлакати чаҳон қарор гирифт.

Сокинони Бритониё, Ҳолланд, ИМА ва Австралия  барои ба даст овардани фиттаи ӯ дар навбат меистоданд. Албоми "25"-и ӯ мохи ноябри соли 2015 ба фурӯш бароварда шуда, то имрӯз 15 миллион нусхааш харида шудааст.

Мақоми дуввумро дар рейтинги IFPI Эд Ширан соҳиб шуд, ҷойи саввум насиби Тейлор Свифт гардида, Ҷастин Бибер, One Direction, Coldplay, Maroon 5, Сэм Смит, Дрейк ва The Weekend ин руйхатро идома медиҳанд.

Маврид ба ёдоварист, Адел соли 2012 барои филми навбатии "007: Координатаҳои Скайфолл" дар бораи Ҷеймс Бонд таронаи" Skyfall"-ро сабт намуд. Ин композитсия соҳиби ҷоизаҳои "Оскар"ва "Курраи тиллоӣ" дар бахши "Суруди беҳтарин" гардид.

20
Барчаспҳо:
15 миллион фитта, маъруфияти сароянда, овозхони маҳбуб, сарояндаи машҳур, Бунёди байналмиллалии садосозӣ, One Direction, Ҷастин Бибер, Сэм Смит, Адел, Австралия, Бритониё, Ҳолланд, ИМА
Казы Бишкека, муфтий Садриддин Маджитов

Даргузашти қозии зодаи Тоҷикистон дар Бишкек дар синни 48-солагӣ

1180
(Таҷдидшуда 10:32 11.07.2020)
Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек ва яке аз руҳониёни шинохтаи Қирғизистон, ки зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раёсати мусалмонони Қирғизистон аз даргузашти Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек хабар дода, муфтии кишвар Мақсад Токтомушев ба наздиконаш таслият гуфтааст.

Ба иттилои раёсати мусалмонҳои Қирғизистон, Маҷидов 22 июни соли 1972 дар деҳаи Қирғизободи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон таваллуд шудааст.

“Ӯ хеле инсони бомасъулият, донишманд ва меҳрубон буд. Дар паҳнсозии арзишҳои аслии Ислом саҳми бузург гузошта, шогирдони зиёд тарбия кард”, - омадааст дар таслиятнома.

Манбаъ зикр кард, ки марҳум бемории қанд дошт, аммо дақиқ сабаби марг гуфта нашудааст.

Дар назар аст, ки Маҷидовро 11 июл дар ноҳияи Қадамҷой, деҳаи Орукзар ба хок супоранд.

1180
Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, Қирғизистон
Давлат Худоназаров советский, таджикский кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)

Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард

382
(Таҷдидшуда 23:38 08.07.2020)
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров ширкати филми коргардон Далер Имомалиро дар Ҷашнвораи синамои мусалмонон дар Қазон арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Филми нави ҳуҷҷатии коргардони ҷавони тоҷик Далер Имомалӣ "Кӯчаи умед - 612" ба 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии синамои мусалмонӣ дар Қазон, даъват шуд.

Чунин таваҷҷӯҳ ба филми Далер Имомалӣ хабари хушоянд аст, гуфт сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки соли гузашта коргардони тоҷик аллакай як филми худро дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта буд.

Ба фикри Давлат Худоназаров филми Далери Имомалӣ бисёр унвони зебо ва ғайриоддӣ дорад - "Кӯчаи умед - 612". 

"Қаҳрамони филм Саъдулло Раҳимов - шахсияти илмӣ, намояндаи бузурги фарҳанги тоҷик. Ӯ фаъолияти касбияшро дар шӯъбаи философияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз карда буд. Баъдтар киношинос ва мунаққид шуд. Ҳамаи даҳсолаҳо ӯ дар мавқеъи худ устувор буд. Ба муносибати шахсӣ бо он ё ин коргардон нигоҳ намекарда, ӯ доим рост ва он чиро, ки эҳсос мекард, мегуфт ", - афзуд Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки корҳои Раҳимов ба беҳтар шудани сифати синамои "Тоҷикфилм" таъсири мусбат кард.

Худоназаров ҳамчунин баргузории 16-умин ҷашнвораи Қазонро воқеъаи хушоянд арзёбӣ карда, гуфт аз як тараф ин ҷашнвора ҳамаи синамогарони мусалмонро якҷо ҷамъ меорад ва аз сӯи дигар барои ҳамагон кушода аст.

Дар баробари ин Худоназаров ба ин аст, ки ҷашнвора метавонад миқёси худр бо филмҳои минтақавии Русия васеътар кунад.

Ба гуфти ӯ, филмҳо аз ҳар минтақа бозгукунандаи симои ҳар минтақа шуда барои ошноӣ бо онҳо заминаи хубе хоҳанд буд.

382
Барчаспҳо:
ҷашнвораи кино, Қазон
День 13 июля

Ҷашнҳои рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:06 12.07.2020)
Рӯзи сенздаҳуми июл дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ буда дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ мебошад

Рӯзи 13 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1885 дар Амстердам Осорхонаи миллии Голландия ифтитоҳ ёфт.

День 12 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1923 Парлумони Англия фурӯши машруботи спиртиро ба шахсони аз 18 -сола поён манъ кард.

Соли 1930 дар пойтахти Уругвай – шаҳри  Монтевидео аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол оғоз гардида, 30 июл ба анҷом расид.

Соли 1935  аввалин Созишномаи тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА  ба имзо расид.

Соли 2001 пиразани 101-солаи австралиягӣ бо номи Эйми барои давидан ба масофаи 1500 метр рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ ин масофаро дар 19 дақиқаю 59 сония паси сар намуд.

Рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

День 11 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе дуюмин конференсияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3 созишнома, аз ҷумла, Созишнома дар бораи маблағгузории «Лоиҳаи мустаҳкам намудани тартиби ҳифзи иҷтимоӣ» ба имзо расид.

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати амрикоии «Сокар Фостер Вилер» (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо Тривелла мулоқот анҷом дода,  масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистонро  баррасӣ намуданд.

Соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.

Соли 2015 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Робиндранат Такур расман ифтитоҳ ёфт.

Ҷашнҳои рӯзи 13 июл

  • Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.
  • Дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ.

Рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Абдулло Субҳон (1955)- шоир.

Басир Расо (1931-2011) – шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Мўсо Вализода (1937)- шоир.

Қаро Зокиров (1929)- рассом, ҳайкалтарош.

Амонулло Каромов (1970)- актёри театр.

Фотима Куинова (1925) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бақо Содиқов (1941) – коргардони кино, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Собир Хоҷаев (1928 – 2009) – мутарҷим.

Самеъҷон Шодиев (1919-1994)- арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи маданияти ТоҷикистонАзиз Эргашев (1922- 1997)- арбоби ҷамиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Ямилов (1934) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Раҳматулло Ҳошимов (1960)- сароянда.

Равшан Баротов (1972)- оҳангсоз.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон