Эмомали Рахмон на открытии аффинажной фабрики на совместном таджикско-китайском предприятии Зарафшон

Коршиносон: наздикшавии Тоҷикистону Чин барои Русия хатар надорад

103
(Таҷдидшуда 19:01 17.02.2016)
Дар Тоҷикистон Соли навро тибқи тақвими шарқӣ васеъ таҷлил мекунанд. Чорабиниҳои асосӣ рӯзи 22 феврал сурат пазируфта, консерти “Чину Тоҷикистон- як хонавода” нуқтаи авҷи ин ҳамоиш хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Консерти идона таҳти унвони "Чину Тоҷикистон- як хонавода" рӯзи 22 феврали соли равон дар тетатри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад. Дар саҳна овозхонҳои тоҷику чинӣ ва донишҷӯёни ҳар ду кишвар ҳунару фарҳанги миллиашонро пешниҳоди тамошобинон мегардонанд.

Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Чин дар Душанбе, инчунин маркази "Конфутсий" дар назди ДМТ сурат мепазирад.

Коршиносоне, ки назарашон аз ҷониби Sputnik Тоҷикистон дар ин бора пурсида шуд, дар баргузории чунин ҳамоиши фарҳангӣ ва таҳти чунин унвон ҳеч мушкилеро намебинанд. Ба қавли эшон, Чин барвақт манофеъ ва ҳадафҳои худро дар Тоҷикистон муайяну мушаххас кардааст.

Қабл аз ҳама бояд қайд кард, ки ташаббус аз ҷониби мақомоти давлатии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба ин васила онҳо мехоҳанд эҳтироми худро ба шарики бузурги иқтисодӣ баён созанд.

"Ин ҳушдоре ҳам барои дигар ҳамсояҳо буда метавонад, ҳатто ба Русия низ. Чин ба сарватҳои табии минтақа, ки Тоҷикистон аз он ғанӣ аст, таваҷҷуҳи зиёд дорад",- иброз дошт раиси Шӯрои илмии Донишкадаи кишварҳои ИДМ Андраник Мигранян.

Ин коршинос мегӯяд, Чин ба таври фаъол вориди тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон намешавад, зеро Пекин ба ҳеч ваҷҳ муносибаташро Маскав, бо иттифоқчии аслиаш дар СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай) хатчадор кардан намехоҳад.

Сарвари донишкадаи таҳқиқоти сиёсӣ Сергей Марков бар ин назар аст, ки ояндаи наздик таҳаввулот ва тағйири чашмрасе дар амалкардҳои абарқудратҳо ва ҳамкорони онҳо дар минтақа ба вуҷуд меояд.

"Русия аз ҷумлаи шарикони аслии стратегӣ ва бозингарони асосӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мебошад, аммо Чин ҳам нуфузашро дар минтақа бештар карда истодааст. Пекин миллионҳо доллар ба рушди иқтисоди Тоҷикистон сарф мекунад",- қайд кард ӯ.

Ба гуфти ӯ, Русия амнияти Тоҷикистонро таъмин мекунад, аммо беҳтар мебуд ба бахши иқтисоди ин кишвар низ сармоягузорӣ мекард. Сиёсати мақомоти тоҷикро дарк кардан мумкин аст, онҳо бо ҳар ду абарқудрат ҳамкорӣ кардан мехоҳанд.

"Дар ҳоли ҳозир маҳз ҳамин тавр амал бояд кард, дар оянда бознигарии муносибот аз эҳтимол дур нест",- хулоса кард Сергей Марков. 

103
Барчаспҳо:
амният ва иқтисод, изҳори назари коршиносон, идомаи ҳамкориҳо, наздикшавии Чину Тоҷикистон, донишкадаи таҳқиқоти сиёсӣ, Шӯрои илмии Донишкадаи кишварҳои ИДМ, СҲШ, маркази Конфутсий, Сафорати Чин дар Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Сергей Марков, Андраник Мигранян, Маскав, Русия, Душанбе, Пекин, Чин, Тоҷикистон
Мавзуъ
Бонки кишоварзии Чин ба Тоҷикистон дар як сол $100 млн. кӯмак кардааст
Чин ба Тоҷикистон ба маблағи $1,6 млн кӯмаки башардӯстона мекунад
Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ

Сафари фарҳангиёну адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

103
(Таҷдидшуда 14:31 28.09.2020)
Ҳукумати вилояти Суғд аз сафари як ҳайати намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гуруҳи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

“Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек, тақвияти ҳамкориҳои адабӣ, илмиву фарҳангӣ миёни ду давлати дӯст арзёбӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки меҳмонон давоми рӯз аз Маҷмааи фарҳангию “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи вилоятӣ, Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сипас, меҳмонон тибқи барномаи сафар ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе равон шуданд. 

Дар шаҳри Душанбе феълан сафари ҳайати Ӯзбекистон давом дорад.

103
Барчаспҳо:
илм, фарҳанг, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сангҳои сари роҳ, акс аз бойгонӣ

Раҳмон аз бошишгоҳи одамони асри санг ва шаҳри Мунк дар Ховалинг гуфт

176
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мавзеъҳои таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг гуфта, дастур дод, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ ба онҳо бештар ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад.

Ӯ афзуд, дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.

“Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.”, - омадааст дар матни суханронии раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Раҳмон, илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

176
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1334
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1334