Бозигари тими Реал ва мунтахаби Олмон- Тони Кроос. Акс аз бойгонӣ

Консерти навозандаи белорусӣ ба хотири футболбоз Тони Кроос

22
(Таҷдидшуда 14:31 24.02.2016)
Консерт аз панҷ қисм иборат буда, ҳар як қисми он ба як лаҳза аз зиндагии бозигари дастаи “Реал” ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2014 бахшида шудааст.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Пианист ва композитори белорус Юрий Блинов консерте таҳти унвони  "Панҷ эпизод аз зиндагии бозингар"-ро бахшида ба нимҳимоягари дастаи мунтахаби Олмон ва тими "Реал" Тони Кроос омода кардааст.

"Ман солҳои зиёд ба футбол дилбастагӣ дорам ва дар бозиҳои ҷаҳонӣ аз дастаи Олмон  мухлисӣ мекунам. Тони дар бозии футболи ахири чемпионати ҷаҳон нақши муҳим дошт ва ба  Олмон муваффақият овард. Ин бароям қувваи дигари эҷодӣ бахшид ",-гуфт Блинов.

Concerto-Krooso аз панҷ қисм иборат буда, ҳар қисми он як саҳифае аз зиндагии чемпиони ҷаҳон дар соли 2014 мебошад.

"Барои ман ин ҳодиса чизи ғайриоддӣ аст. Ман хеле миннатдорам, ки консерти инфиродии классики бо оркестрро дорам ",- навиштааст бозингар дар саҳифаи иҷтимоии худ.

22
Барчаспҳо:
футбол, чемпионати ҷаҳон, саҳифаи иҷтимоӣ, консерти инфиродӣ, консерт, дастаи мунтахаби Олмон, тими "Реал", Блинов, Тони Кроос, Олмон, Минск, Белорус