ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон моҳи марти соли равон беш аз маъмул истироҳат хоҳанд кард, хабар медиҳад Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи кишвар.
Тоҷикистониён дар моҳи март рӯзи 8 март- иди Модарон ва иди Наврӯзро, ки чор рӯз аз 21 то 24-уми март давом хоҳад кард, ҷашн мегиранд.
Ҳамин тавр дар умум, рӯзҳои истироҳатии шаҳрвандон моҳи март бо дарназардошти рӯзҳои истироҳатӣ 13 рӯзро ташкил медиҳад.
Иди Наврӯз дар кишварҳои мухталифи дунё аз қабили Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркменистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Туркия, Курдистони Ироқ ва ғайра ҷашн гирифта мешавад.
Дар мамолики Осиё —ин ҷашни зиндашавии табиат ва оғози кишту кор мебошад. Бо фарорасии Наврӯз, давомнокии рӯз нисбати шаб бештар мешавад. Дар ин ҷашн мардум хонаҳои худро тозаву озода карда, дастархони идона меороянд. Пеш аз ҷашнгирии ин ид, чун анъана мардум бояд бо ҳам мусолиҳа кунанд, кинаву адоват нагиранд, гуноҳҳо ва қарзҳои якдигарро бахшанд.
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарор дар бораи иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритусро якдилона қабул кардааст.
Ба иттилои котиботи палатаи болоии парлумон, қарори мазкур имрӯз дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ қабул шуд.
Бар асоси Донишномаи озод, ноҳияи Шаҳритус, яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз 29 августи соли 1930 дар Тоҷикистони шӯравӣ таъсис ёфтаст.
Ноҳияи Шаҳритус бо ҳудуди наздики 2,4 ҳазор километри мураббаъ дар дараи рӯди Кофарниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо Вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, дар шарқ бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб бо вулусволии Хулм аз бахшҳои Вилояти Балх дар Афғонистон ҳаммарз аст.
Дар ҳудуди ноҳияи мазкур водии Бешкент ҷойгир аст, ки дарозиаш 70 километр бараш то 5 километр буда, яке аз водиҳои гармтарини ҷумҳурист.
ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Ситод мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.
Таъкид шудааст, ки шаҳрвандон дар масҷидҳо, махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ, изҳор доштааст, ки албатта, ақоиди динӣ ва рукнҳои намозгузорӣ тартиби муайяни худро доранд.
“Вақте ки даъват ба намоз мешавад, бояд намозгузор, пеш аз ҳама, дар такопӯ нашуда, навбати ворид шудан ба масҷидро риоя намояд. Барои мисол, агар намози пешин соати 13:00 бошад, хуб мешуд намозгузорон ним соат пеш тибқи навбат дохили масҷид шаванд”, - изҳор доштааст Ҷаъфаров дар суҳбат бо “Ховар”.
Манбаъ афзудааст, новобаста ба он ки дар масҷидҳо ҷойнамози умумӣ мавҷуд аст, хуб мешуд ҳар нафар ҷойнамози алоҳидаи худро дошта бошад, зеро ин амал ба таъмини қоидаҳои гигиениву беҳдоштии ҳар нафар равона шудааст.
“Вақти намоз гузоштан шояд ҳолатҳое шаванд, ки ниқоб аз рӯй канда шавад ва ҳамон зарраҳои хурде, ки тавассути болооби даҳон ё ин ки бо нафаси мо ба ҷойнамоз меафтанд, эҳтимол сабаби сироят ёфтани нафари дигар шаванд”, - тавзеҳ додааст Ҷаъфаров.
Ӯ таъкид намуд, ки вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешуд бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд.
“Дар ин баробар ҳангоми намоз гузоштан аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Бояд ҳар масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад. Зеро дар маконе, ки ҳаво иваз мешавад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳои вирусӣ кам мегардад”, - таъкид намуд мақомдори Вазорати тандурустӣ.
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки талафоти барқ кам карда шавад.
Роҳбари давлат ёдрас шуд, ки ҳукумати кишвар ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ то ҳол кӯшиш мекунад.
Барои амалӣ шудани ин ҳадаф кишвар нақша дорад ояндаи наздик чанд нерӯгоҳ ифтитоҳ шавад.
Бо вуҷуди ин,-изҳор дошт президент,-дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ҳанӯз як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.
Вай таъкид кард, ки Вазорати энергетика вазифадор мешаванд, ки барқи истеҳсолшавандаро ҳисоб карда, талафоти онро кам кунанд.
Ба гуфтиа президент, имсол сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" то зеристгоҳи конвертории "Сангтӯда шурӯъ гардида, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид ва бо иқтидори 270 мегаватт- яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд ба истифода супорида шуд.
Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд
"Ккорҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд", - таъкид дошт раисҷумҳур.