Дар Кӯлоб озмуни либоси миллии занона гузаронида мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевРақси миллӣ дар иҷрои духтарон. акс аз бойгонӣ
Рақси миллӣ дар иҷрои духтарон. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озмун миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои шаҳр аз рӯи бахшҳои гугогун доир мегардад. Натиҷаи озмун дар рӯзи Модарон- 8 март маълум мешавад.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар донишгоҳҳои олӣ ва макотиби миёнаи касбии шаҳри Кӯлоб озмуни либоси миллии занона зери унвони "Симои зан" доир мегардад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмун ба ҷашни рӯзи Модарон ва 25-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ бахшида мешавад. Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур баланд бардоштани аҳамияти либоси миллӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд дар чорабинӣ аз рӯи шартҳои зерин ширкат варзанд: "Либоси кӯдакона", "Либоси ҳаррӯза", "Либоси идона" ва "Либоси расмӣ".

Ҷамъбасти озмун дар рӯзи Модарон- 8 март дар назар аст.  

Лентаи хабарҳо
0