Мураббии шоистаи ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон Шариф Назаров

Филми мустанад дар бораи собиқ сармураббии “Помир”

77
(Таҷдидшуда 14:18 09.03.2016)
Ба ифтихори варзишгари маъруфи тоҷик, Мураббии шоистаи ИҶШС (СССР) ва Тоҷикистон, Шариф Назаров филм ба навор гирифтанд. Мураббӣ тамоми умри худро ба кори дӯстдоштааш- футбол бахшидааст.

ДУШАНБЕ,  9 мар — Sputnik. Филм, ки 45 дақиқа давом мекунад, наворҳои ҷолибу самимӣ ва гарм, баъзан ғамангезро дар бар гирифта, дар бораи сарнавишти сангину душвори солҳои ҷавонии Шариф Назаров, ки дар мактаб-интернат тарбия гирифта, аз хурдӣ шефтаи варзиши №1, дар майдони варзишӣ яке беҳтарин бозингарон  дар байни ҳамсолонаш ба шумор мерафт ва ҳамаро бо истеъдоди худ дар ҳайрат мегузошт, нақл мекунад.

Муаллифи намоишнома — Файзулло Зарифӣ ва коргардон —Зиёвуддин Сафаров мебошанд.  Наворҳои филм моро якбора ба солҳои 60-80 —уми асри гузашта мебаранд, ки он ҷо қаҳрамонон —бозингарон ва мухлисони наслҳои гуногуни  гурӯҳи овозадори "Помир", таассуроти худро дар бораи хидматҳои шоистаи Шариф Назаров мегӯянд.

Инчунин, худи қаҳрамон аз фаъолияташ дар дастаи "Помир", ки сараввал ба ҳайси маъмур, баъд сардори даста ва сармураббӣ кор карда буд, ёдовар шуда, дар бораи имрӯз, ифтитоҳи "Мактаби футболи Шариф Назаров"  ба хотири насли ҷавон ва омӯзиши таҷрибаи бойи чандинсолаи худ нақл мекунад.

Дар филми мустанад, инчунин мусоҳиба бо аъзои оилаи Назаров, завҷааш- Баҳор Пулодӣ, нишон дода мешавад, ки чӣ гуна ҷавони хоксор ба ҳамсари ояндааш пешниҳоди оиладор шуданро карда буд.

Барои банаворгирии филм Зиёвуддин Сафаров ва Файзулло Зарифӣ аз наворҳо бо иштироки дастаи овозадори "Помир", маводҳо ва аксҳо аз сабқати футболи  ИҶШС ва  наворҳои нотакрор аз бозии хотиравии дастаи маъруфи футболи Душанбе бо клуби "Спартак"-и  Маскав, ки бо ҳисоби 5:1 ба фоидаи футболбозони Душанбе анҷом ёфт, истифода кардаанд.

Филм бо боздиди Шариф Назаров дар арафаи солгарди умраш аз мактаб-интернат ва   дидор бо муаллимонаш, тақдими либосҳои варзишию тӯбҳ ба тарбиятгирандагон анҷом меёбад.

77
Барчаспҳо:
чемпионат, бозии хотиравӣ, тренери футбол, мураббии варзида, сабқати футбол, кино, филми мустанад, Мураббии шоистаи СССР, дастаи "Спартак", клуби "Помир", Шариф Назаров, Шаҳринав, Душанбе, Тоҷикистон
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

48
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

48
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

"Қонуни тиб"- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд

81
(Таҷдидшуда 17:12 02.03.2021)
Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд, ки ҷилди 16 - уми Осори Абуалӣ ибни Синоро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.

"Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", -  таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев. 

Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.

Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. 

Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо",  "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и  Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.

Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.

81
Барчаспҳо:
китоб, қонун, Ибни Сино, Сино, Тоҷикистон
День 6 марта

Зодрӯзи Парвин Юсуфӣ ва таъсиси клуби "Реал": имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:04 02.03.2021)
Рӯзи шашуми март дар Ҷумҳурии Муғулистон Рӯзи матбуот ва дар Гана Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 6 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.

Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.

Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.

Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.

Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.

Рӯзи 6 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 март

  • Дар Муғулистон – Рӯзи матбуот.
  • Дар Гана – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 6 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.

Соли 1938 - шоир Одина Мирак.

Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.

Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Дона Баҳромов ва ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии "Истиқлол": имрӯзи таърих