Намоишгоҳи байналмилалии рассомӣ дар Маскав

Ба ҳунари рассомони тоҷик дар Маскав баҳои баланд доданд

92
Маҳсули дасти рассомони тоҷик Сабзалӣ ва Мурод Шариповҳо дар намоишгоҳи байналмиллалӣ меҳмононро ба ҳайрат гузошт.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik.  Асарҳои рассомони тоҷик дар Намоишгоҳи XIX-уми байналмилмилалии рассомон дар Маскав сазовори баҳои арзандаи тамошобинон ва коршиносон гардиданд, иттилоъ медиҳад Сафорати Тоҷикистон дар ФР.

"12 асари рассомони тоҷик Сабзалӣ Шарипов ва ҳунарманди ҷавон Мурод Шарипов ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Расмҳои ҳамватанонамон диққати меҳмонони зиёди намоишгоҳро ба худ ҷалб карда, соҳиби баҳои баланд гардиданд ",- менависад дафтари матбуотии сафорат.

Дар ифтитоҳи намоишгоҳ Сафири фавқулодда ва мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ширкат варзида, ба рассомон ва ташкилкунандагони ин намоишгоҳ барои таҳким бахшидани муносибатҳои фарҳангӣ байни давлатҳои ИДМ изҳори сипос намуд.

Оқои Сатторов қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ва баланд бардоштани  мавқеъи Тоҷикистон тавассути санъат мусоидат хоҳад кард.

Ба гуфти масъули намоишгоҳ Маргарита Карлова, Сабзалӣ Шарипов "болаёқаттарин рассоми муосир" ба шумор рафта, асарҳои ӯ дар фонди Конфедератсияи байналмиллалии рассомон, Вазорати фарҳанги ФР ва дигар маъхазҳои бонуфуз нигоҳ дошта мешаванд.

1 / 3
Международный художественный салон в Москве
92
Барчаспҳо:
сазовор, расмҳо, рассомон, баҳои баланд, Намоишгоҳи XIX-уми байналмилмилалии рассомон дар Маскав, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Мурод Шарифов, Сабзалӣ Шарифов, Имомуддин Сатторов, Русия, Маскав
Писатель-юморист, народный артист РФ Евгений Петросян

Петросян мубталои коронавирус шуд ва ба бемористон интиқол ёфт

93
(Таҷдидшуда 17:58 27.10.2020)
Евгений Петросян, ки аллакай давоми як шабонарӯз дар бемористон қарор дорад, тавассути доруи сохти русӣ -"Коронавир" ба табобат фаро гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 27 октября — Sputnik. Ҳунарманди халқӣ, нависанда - ҳаҷвнигор, муҷрии барномаҳои телевизионӣ Евгений Петросян мубталои маризии коронавирус гардида, фавран тавассути мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба бемористон интиқол ёфт, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "360".

Ба иттилои манбаъ, Петросян муддати як шабонарӯз бо доруи сохти Русия алайҳи маризи коронавирус, ки "Коронавир" ном дорад, табобат мешавад.

Пизишкон аллакай ташхиси ҳаҷвнигори русро вируси COVID - 19 арзёбӣ намуданд.

4 фавт ва 600 маризи нав: омори Қирғизистон аз коронавирус барои имрӯз

Манбаъ меафзояд, вазъи Евгений Петросян қаноатбахш буда, табобати ӯ давом дорад.

Ҳунарманди рус соли 1945 дар шаҳри Боку таваллуд шудааст. Ӯ нахустин бор дар синни 12 - солагӣ рӯи саҳна баромада буд. Пас аз хатми мактаби миёна, Петросян дар соли 1961 ба Маскав кӯчид. 

Сар аз соли 1962 Евгений Петросян ба фаъолияти худ дар саҳнаҳои калон шурӯъ намуд. Авохири соли гузашта ӯ барои маротибаи панҷум хонадор шуд. Ҳамсафари зиндагии ӯ духтари 31 - сола шуд.

93
Барчаспҳо:
маризӣ, ҳунарманд, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сафари имоми 49-уми исмоилиён Оқохони 4 ба Тоҷикистон

Пешрафти Оқохони IV дар феҳрасти таъсиргузортарин мусалмонҳои ҷаҳон

912
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузортарини ҷаҳон тайи солҳои охир пеш рафта, дар радабандии ҷадид барои соли 2021 дар зинаи 30-юм ҷой гирифтааст

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Оқохони IV, ки теъдоди муридонаш дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ба 30-гонаи мусалмонҳои таъсиргузортарин шомил гардид.

Дар ин радабандӣ, ки ҳамасола нашр мешавад, Оқохони IV соли пешӣ дар мақоми 31 ва пештар аз он дар мақомҳои 36 ва 40 қарор гирифта буд.

Муаллифони пажуҳиш теъдоди пайравони Шоҳ Карим ал-Ҳусайниро дар ҷаҳон ҳудуди 15 миллион нафар арёзбӣ карда, зикр намудаанд, ки ӯ 49-умин имоми исмоилиён буда, ин шаҷара ба Алӣ, амӯзодаи Муҳаммад (с) мепайвандад.  

Инчунин аз амалҳои хайри Оқохони IV дар бахшҳои гуногун тавсиф шудааст, ки аз фарҳанг то маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигарро фаро мегирад.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё шомил шуд

Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

912
Барчаспҳо:
Оқохони IV, Мусалмонон, ҷаҳон
Площадь Сомони в Душанбе

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимоли бориши борон дар назар аст

0
(Таҷдидшуда 10:20 28.10.2020)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст, менависад АМИТ "Ховар".

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони суст  меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барфи суст дар назар аст. 

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддатнокии то 13+18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шимолу-шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Дар ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйиёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар ааст. Танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони суст (дар баландиҳои зиёда аз 3000метр барф) меборад. Шамол аз самти шимолу-шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад. 

Раъду барқу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ шимолу-шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 16+18 дараҷа  гарм мешавад.

0