Духтарон рақси миллиро иҷро мекунанд. Акс аз бойгонӣ

Дар Кувайт Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз гардиданд

49
(Таҷдидшуда 10:36 25.03.2016)
Дар шаҳри Ал-Кувайт шурӯъ аз 24 то 28 март дар майдонҳи гуногун намоиши барномаҳои консертӣ, намоиши аксҳо ва ҳамчунин ярмарка-намоиши маҳсули дасти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ,  25 мар — Sputnik. Дар Кувайт рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон шурӯъ гардида, ҳоло идома доранд, иттилоъ медиҳад оҷонсии KUNA.

Тавре сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов иброз дошт, чорабиниҳо рӯзи 24 март оғоз шуда, то 28 март таҳти сарпарастии вазири иттилоот ва вазири ҳукуматӣ оид ба кор бо ҷавонон шайх Салмон Сабоҳ Салим Ал-Ҳамд баргузор мегарданд.

Сабаби гузаронидани рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин минтақа, ин мақоми Фарҳанги исломӣ-2016 гирифтани шаҳри  Ал-Кувайт мебошад.

Ба қавли дипломат, ду майдони бузург барои гузаронидани барномаҳои консертӣ, ба намоиш гузоштани аксҳо ва ярмарка —намоиши маҳсули дасти ҳунармандони Тоҷикистон ҷудо шудаанд.

49
Барчаспҳо:
рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Кувайт, фарҳанг, вазорати иттилоот ва вазорати ҳукуматӣ оид ба кор бо ҷавонон, Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, Салмон Сабоҳ Салим Ал-Ҳамд, Зубайдулло Зубайдов, Кувайт, Тоҷикистон