Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ

Ҷашнвораи “Вохӯрӣ дар Русия” дар Санкт-Петербург

41
(Таҷдидшуда 13:54 04.04.2016)
Ҷашнвора, ки театрҳои русизабонро аз кишварҳои ҳамсоя ҷамъ меорад, дар театри "Балтийский дом" баргузор мешавад. Мукофоти фестивал ба номи ҳунарманди мардумии ИҶШС Кирил Юревич Лавров, ки ӯ яке аз дӯстон ва асосгузорони ин ҷашнвора буд, гузошта шудааст.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. XVIII-умин Фестивали байналмилалии мамлакатҳои ИДМ ва Балтика таҳти унвони "Вохӯрӣ дар Русия" аз 4 то 8 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад, иттилоъ медиҳанд масъулини ҷашнвора.

Фестивал, ки театрҳои русизабони кишварҳои ҳамсояро ҷамъ меорад, дар хона-театри "Балтийский дом" гузаронида мешавад.

"Моҳи апрел аз парвози аввалини инсон ба кайҳон 55 сол пур мешавад ва фестивали "Вохӯрӣ дар Русия" маҳз ба ин рӯз бахшида мешавад. Ин мавзӯъ натанҳо дар барномаи намоишҳои театрӣ вомехӯрад, балки дар чорабиниҳои дигар: кушодашавии фестивал ва шабҳои эҷодӣ низ дарҷ мегардад. Мукофоти ҷашнвора ба номи ҳунарманди мардумии ИҶШС (СССР) Кирил Юревич Лавров, ки ӯ яке аз дӯстон ва асосгузорони ин чоарбинӣ буд, гузошта шудааст", —гуфта мешавад дар иттилоъия.

Фестивал бо намоиши театри русии Эстония "Панҷ шом" (Пять вечеров) аз рӯи асари Александр Володин ифтитоҳ мегардад.

Театри драмавӣ-русии давлатии ба номи Чингиз Айтматов (Бишкек) намоиши "Қисса дар бораи  манкурт" (Баллада о манкурте) аз рӯи асари Айтматов "Як рӯзи аз сад сол дарозтар…" (И дольше века длится день…) дар таҳияи Барзу Абдураззоқовро пешниҳод менамояд. Абдураззоқов ҳамчунин дар фестивал намоиши дигар бо унвони "Ҳамсинфон. Дарси ҳаёт" (Одноклассники. Уроки жизни), ки дар театри Байтен Умаров "Жас сахна"-и  шаҳри Алмато (Казахстан)  таҳия шудааст, нишон медиҳад.

Театри академӣ-драмавии русии Узбакистон намоиши "Эҷоди ман, бирав, ба назди мардум.." —ро (Иди, мое творение, в народ!..)  аз рӯи асари адиби классик Алишер Навоӣ ба Петербург ҳадя меорад. Театри академӣ-драмави Тифлис ба номи Александр Грибоедов дар фестивал бо намоиши тарзи ҷадиди "Ҳисобчӣ"-и (Ревизор) Гогол ширкат хоҳад варзид. Театри русӣ-драмавии давлатии Озарбойҷон ба номи Вургуна дар фестивал намоиши "Бо ишқ шӯхӣ намекунанд"-ро  (С любовью не шутят) аз рӯи асари Калдерон де ла Барк ва таҳияи Анна Потапова пешниҳод мекунад. Театри драмавии шаҳри Могилёв ба тамошобинон намоиши "Издивоҷ"-ро (Женитьба) дар таҳияи Саулуса Варнаса нишон хоҳад дод.

Ҳамчунин дар "Балтийский дом" бахшида ба "Рӯзи космонавт" аз рӯи пиесаи драмматурги ҷавони рус Евгений Унгард, таҳти коргардонии Леонид Алмов намоишнома нишон дода мешавад.

Дар доираи ҷашнвора ҳамчунин мизи мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ ва намоиши аксҳои журналистони Петербург Владимир ва Вечеслав  Желтовҳо дар мавзӯъи "Литва, Қадам ба вохӯрӣ" баргузор хоҳанд гардид.

41
Барчаспҳо:
театр, театрҳо, фестивал, ҷашнвора, XVIII-умин Фестивали байналмилалии мамлакатҳои ИДМ ва Балтика, хона-театри "Балтийский дом", Кирил Юревич Лавров, Александр Володин, Чингиз Айтматов, Барзу Абдураззоқов, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Санкт-Петербург
Мавзуъ
Намоишномаи Барзу Абдураззоқов дар Петербург беҳтарин дониста шуд
Намоз дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

677
(Таҷдидшуда 15:45 24.01.2021)
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон, ки аз 1 феврали соли 2021 намозгузорӣ дар масоҷидро иҷозат дод, таъкид кардааст, ки роияи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Ситод мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Таъкид шудааст, ки шаҳрвандон  дар масҷидҳо, махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ, изҳор доштааст, ки албатта, ақоиди динӣ ва рукнҳои намозгузорӣ тартиби муайяни худро доранд.

“Вақте ки даъват ба намоз мешавад, бояд намозгузор, пеш аз ҳама, дар такопӯ нашуда, навбати ворид шудан ба масҷидро риоя намояд. Барои мисол, агар намози пешин соати 13:00  бошад, хуб мешуд намозгузорон ним соат пеш тибқи навбат дохили масҷид   шаванд”, - изҳор доштааст Ҷаъфаров дар суҳбат бо “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, новобаста ба он ки дар масҷидҳо ҷойнамози умумӣ мавҷуд аст, хуб мешуд ҳар нафар ҷойнамози алоҳидаи худро дошта бошад, зеро ин амал ба таъмини қоидаҳои гигиениву беҳдоштии ҳар нафар равона шудааст. 

“Вақти намоз гузоштан шояд ҳолатҳое шаванд, ки ниқоб аз рӯй канда шавад ва ҳамон зарраҳои хурде, ки тавассути болооби даҳон ё ин ки бо нафаси мо ба  ҷойнамоз меафтанд, эҳтимол  сабаби сироят ёфтани нафари дигар шаванд”, - тавзеҳ додааст Ҷаъфаров.

Ӯ таъкид намуд, ки вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешуд бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд.

“Дар ин баробар ҳангоми намоз гузоштан аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Бояд ҳар масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад. Зеро дар маконе, ки ҳаво иваз мешавад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳои вирусӣ кам мегардад”, - таъкид намуд мақомдори Вазорати тандурустӣ.

677
Барчаспҳо:
намоз, масҷид, Тоҷикистон
Далер Назаров дал интервью

Аз писари вазир то домоди Президент ва дороӣ: ногуфтаҳои Далер Назаров-видео

2500
(Таҷдидшуда 21:26 22.01.2021)
Далер Назаров, овозхони шинохтаи тоҷик, дар бораи ҳаёту эҷодиёташ чун писари вазир, домоди президент, дороӣ ва хушбахтияш суҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Далер Назаров дар ин суҳбат бархе аз ҷанбаҳои ҳаёту эҷодиёташро гуфтааст, ки қаблан оммавӣ изҳор надошта бу.

Навори суҳбат дар саҳифаи расмии Daler Nazarov Studio дар Youtube нашр шудааст.

Ӯ гуфт, замоне, ки бори аввал сурудҳои The Beatles-ро шунидааст, майли овозхонияшро дарк кардааст.

Далер Назаров афзуд, талабаи хуб набуд ва аз ягон фан дониши фавқулодае надоштааст. Дар мактаб вохӯрӣ бо дӯстонро хуш медоштааст. Ба суол дар мавриди писари вазир буданаш, Далер Назаров изҳор дошт, ки бо вуҷуд мулоқот бо дӯстон аз қишрҳои гуногунро ҳамеша хуш медошт.

“Ман ҳамеша ҷамъ овардани одамонро дӯст медоштам ва то ҳол ин корро мекунам. Ҳар қадаре одамон гуногунтар бошанд, ҳамон қадар руҳияам роҳат мекунад. Агар одамони миллату табақаҳои гуногун ҷамъ омада бошанд”, - изҳор дошт Далер.

Ӯ инчунин аз солҳои мактабию ишқи наврасияш гуфтааст.

“Бисёри онҳое, ки ошиқашон шудаам, то ҳол ҳам инро намедонанд. Ин ишқе буд, ки наметавонистӣ бо он мухолифат нишон диҳӣ ва наметавонистӣ онро баён кунию наздик шавӣ”, - изҳор дошт овозхон.

Дар суҳбат инчунин аз издивоҷ бо Мунаввара Набиева, духтари нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Набиев гуфта шудааст, ки дар мактаб шинос шудаанд. Ӯ гуфт, ин хонадорӣ се сол давом кардааст.

“Раҳмон Набиев инсони бисёр нек буд, ки дар чеҳраи ӯ ман падари дуюми худро пайдо кардам. Ӯ маро хеле зуд худӣ қабул кард”, - афзуд Назаров.

Маҳз дар суҳбату муошират бо ин сиёсатмадор, Далер Назаров дарк кардааст, ки чӣ гуна вазнин аст, президент будан, сарфи назар аз бартариятҳое, ки ба назар мерасанд.

Овозхон дар мавриди он ки дар 62-солагияш худро чӣ гуна эҳсос мекунад, изҳор дошт, ки касе нест, варақи тоза аст.

“Ман касе нестам, ҳеч гуна, варақи сафедеям, ки дар он ҳар замон метавонад чизи дигаре навишта шавад”, - илова намуд ӯ.

Овозхон гуфт, тайи ин қадар сол ҳеч дороиеро ҷамъ накардааст. Ӯ мегӯяд, мошин дорад, ки барои ҳаракати роҳаташ миёни Душанбе ва Хоруғ зарур аст. Ба гуфтаи овозхон, наметарсад, ки бе чиз мемонад, зеро дӯстони зиёд дорад.

Вай таъкид кард, ки ягона нишонаи муваффақияти инсон ин хушбахтии ӯст ва илова намуд, ки хушбахт аст.

Ӯ мегӯяд, баъди зиндагияш мехоҳад мусиқияш боқӣ монад, мехоҳад сурудҳояш чун беному халқӣ садо диҳанд.

2500
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

0
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

0
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC