Дар ин хона Сабзалӣ Шарипов расмҳои беназирашро нигоҳ медорад

Дар Маскав асарҳои рассомони тоҷикро ба намоиш мегузоранд

43
(Таҷдидшуда 12:17 13.04.2016)
Меҳмонони "Осорхонаи Шарқ" (Музей Востока) имкон доранд, бо асарҳои рассомони саршинос аз қабили Зуҳур Ҳабибуллоев, Любов Флорикова, Владимир Бабарикин, Алексей Бесперстов ва Сабзалӣ Шарипов шинос шаванд.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар пойтахти Русия намоиши расмҳои рассомони тоҷик зери унвони "Рангҳои биҳишт" ифтитоҳ мегардад, менависад торнамои "Осорхонаи Шарқ".

Дар намоишгоҳ ҳудуди шаст асари рассомони тоҷик шурӯъ аз соли 1960 то соли 2010 ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳамаи расмҳо аз осорхона-коллексияи хусусии Раиси суди ҳакамии ширкатҳои сохтмонии Маскав, метсенат ва ҷамъоваранда Юлия Вербитская мебошанд.

"Зуҳур Ҳабибуллоев, Любов Флорикова, Владимир Бабарикин, Алексей Бесперстов, Сабзалӣ Шарипов ва дигар рассомони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфу машҳуранд, вале тамошобини рус бо асарҳои онҳо он қадар шинос нестанд. Намоишгоҳи "Осорхонаи Шарқ" ин холигоҳро пур хоҳад кард",- гуфта мешавад дар итилоъия.

Тоҷикистон аз қадимулайём бо санъати амалӣ ва ороишии худ машҳур аст. Соли 1930 бо таъсири рассомони рус дар кишвар санъати наққошӣ рӯ ба рушд ниҳод.

"Мақоми марказиро дар намоишгоҳ асарҳои Зуҳур Ҳабибуллоев хоҳад дошт. Санъати ғайриодии ӯ борҳо боиси баҳсҳо гардиданд",-омадааст дар хабари манбаъ.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин нусхаи олии асари машҳур "Ғиҷҷак" (асбоби мусиқии тоҷикӣ) ба намоиш гузошта мешавад.

"Санъати наққошӣ, зебоиҳо ва ороишӣ Шарқро бо тасвири Ғарб якҷо кард. Махсусан, ҳамин зебоии зиндагии ИҶШС (СССР) натанҳо диққати коршиносонро ба худ ҷалб менамояд, балки ҳар як дӯстдори асили расмро тасхир мекунад",- менависад сомона.

Чанде қабл Намоишгоҳи XIX-уми байналмилмилалӣ дар хонаи марказии рассомон таҳти унвони "Симои Замон" баргузор гардид. Дар намоишгоҳ асарҳои рассомони тоҷик ба намоиш гузошта шуданд ва аз ҷониби коршиносону мунаққидон баҳои баланд гирифтанд.

 

43
Барчаспҳо:
дастовард, санъат, расмҳо, намоишгоҳ, намоиш, Намоишгоҳи "Осорхонаи Шарқ", Алексей Бесперстов, Зуҳур Ҳабибуллоев, Сабзалӣ Шарифов, Юлия Вербитская, Русия, Маскав
Мавзуъ
Расм €625 ҳазор: чӣ тавр шоҳкории "ангуштон"-и Бэнкси ба фурӯш рафт
Писатель-юморист, народный артист РФ Евгений Петросян

Петросян мубталои коронавирус шуд ва ба бемористон интиқол ёфт

94
(Таҷдидшуда 17:58 27.10.2020)
Евгений Петросян, ки аллакай давоми як шабонарӯз дар бемористон қарор дорад, тавассути доруи сохти русӣ -"Коронавир" ба табобат фаро гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 27 октября — Sputnik. Ҳунарманди халқӣ, нависанда - ҳаҷвнигор, муҷрии барномаҳои телевизионӣ Евгений Петросян мубталои маризии коронавирус гардида, фавран тавассути мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба бемористон интиқол ёфт, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "360".

Ба иттилои манбаъ, Петросян муддати як шабонарӯз бо доруи сохти Русия алайҳи маризи коронавирус, ки "Коронавир" ном дорад, табобат мешавад.

Пизишкон аллакай ташхиси ҳаҷвнигори русро вируси COVID - 19 арзёбӣ намуданд.

4 фавт ва 600 маризи нав: омори Қирғизистон аз коронавирус барои имрӯз

Манбаъ меафзояд, вазъи Евгений Петросян қаноатбахш буда, табобати ӯ давом дорад.

Ҳунарманди рус соли 1945 дар шаҳри Боку таваллуд шудааст. Ӯ нахустин бор дар синни 12 - солагӣ рӯи саҳна баромада буд. Пас аз хатми мактаби миёна, Петросян дар соли 1961 ба Маскав кӯчид. 

Сар аз соли 1962 Евгений Петросян ба фаъолияти худ дар саҳнаҳои калон шурӯъ намуд. Авохири соли гузашта ӯ барои маротибаи панҷум хонадор шуд. Ҳамсафари зиндагии ӯ духтари 31 - сола шуд.

94
Барчаспҳо:
маризӣ, ҳунарманд, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сафари имоми 49-уми исмоилиён Оқохони 4 ба Тоҷикистон

Пешрафти Оқохони IV дар феҳрасти таъсиргузортарин мусалмонҳои ҷаҳон

918
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузортарини ҷаҳон тайи солҳои охир пеш рафта, дар радабандии ҷадид барои соли 2021 дар зинаи 30-юм ҷой гирифтааст

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Оқохони IV, ки теъдоди муридонаш дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ба 30-гонаи мусалмонҳои таъсиргузортарин шомил гардид.

Дар ин радабандӣ, ки ҳамасола нашр мешавад, Оқохони IV соли пешӣ дар мақоми 31 ва пештар аз он дар мақомҳои 36 ва 40 қарор гирифта буд.

Муаллифони пажуҳиш теъдоди пайравони Шоҳ Карим ал-Ҳусайниро дар ҷаҳон ҳудуди 15 миллион нафар арёзбӣ карда, зикр намудаанд, ки ӯ 49-умин имоми исмоилиён буда, ин шаҷара ба Алӣ, амӯзодаи Муҳаммад (с) мепайвандад.  

Инчунин аз амалҳои хайри Оқохони IV дар бахшҳои гуногун тавсиф шудааст, ки аз фарҳанг то маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигарро фаро мегирад.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё шомил шуд

Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

918
Барчаспҳо:
Оқохони IV, Мусалмонон, ҷаҳон
Денежные купюры, архивное фото

Арзиши доллар ва рубл боз боло рафт? - эъломи Бонки миллӣ

0
(Таҷдидшуда 10:44 28.10.2020)
Дар Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои ахир афзоиши ҳама асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар ва рубл нисбат ба сомонӣ дар ҳоли баландшавист

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Пули миллии тоҷикӣ - сомонӣ дар пасманзари болоравии қурби асъори маъмули хориҷӣ дар кишвар коҳиш ёфта истодааст.

Танҳо доллари амрикоӣ дар тӯли ҳафтаи гузашта ва ҳоло чанд зина боло рафт.

Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 10.3396 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар тӯли ду ҳафта ба доллар муяссар шуд, ки аз 10.3310 то 10.3396 сомонӣ боло равад.

Асъори аврупоӣ низ дар ҳоли суқут набуда ҳамарӯза дар баробари сомонӣ боло меравад.

Коҳишёбии сомонӣ идома дорад: болоравии рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон

Бар пояи нишондоди Бонки миллӣ имрӯз як евро 12.2328  сомонӣ арзиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта евро 12,1354 сомониро ташкил медод. 

Рубли русӣ низ пас аз коҳишёбии шадид, дубора дорад боло меравад.

Як рубли русӣ дар овезаи Бонки миллӣ барои имрӯз дар бозори нақд  0.1348 то 0.1380  сомонӣ нишон дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан коршиносони БМТ бо ишора ба пешгӯии расмии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар чор соли оянда гуфтанд, ки дар ин давра коҳиши солонаи сомонӣ 3% пешбинӣ шудааст.

Иқтисодшиносон ҷаҳиши рекордии доллар ва евроро пешгӯӣ карданд

БМТ шаҳврвандонро огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

0