Бинои театри ба номи Владимир Маяковский дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Масъули ВФ: бинои театри Маяковский ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест

25
Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ягона театри русӣ дар ҷумҳурӣ набуда, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини вилояти Суғд низ аз калонтарин театрҳои мамлакат маҳсуб мешавад, иброз медорад ин масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский аввали солҳои 1930 сохта шуда, аз як ошёна ва 300 ҷойи нишаст иборат аст ва бо сабаби куҳнаву фарсуда гардидани бино ба талаботи театри замонавӣ мувофиқат надорад, иброз доштааст сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Олим Акрамов дар суҳбат бо расонаҳо.

Ба қавли ӯ, ҳайати кормандони ин театр фаъолияти минбаъдаашонро дар "Кохи Тоҷикистон" идома  хоҳанд дод ва барои эшон кулли шароити кору эҷод омода мешавад.

Маврид ба ёдоварист, нақшаи генералии шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила, дар мадди аввал бо ташакулёбии маркази шаҳр, бо назардошти навсозӣ ва сохтмони биноҳои баландошёна дар қисмати марказии шаҳри Душанбе, аз ҷумла, дар хиёбони Рӯдакӣ бо назардошти аз байн бурдани иншооти як, ду ва сеошёнае, ки ба талаботи шаҳрсозӣ ва конструктивӣ ҷавобгӯ нестанд ва симои меъмориашон коста гардидааст, амалӣ мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ дар маросими оғози эҳдоси чанд таъсисот ширкат кард
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Нақшаи генералии пойтахт, ки солҳои 1975-1983 таҳия гардида, роҳандозии он соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 тамдид гардидааст, зарурати кӯчонидани бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковскийро низ ба миён овард.

Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон афзудааст, бинои "Кохи Тоҷикистон" ки барои ҳунармандони театри русии Маяковский пешниҳод шудааст, дорои 500 ҷои нишаст буда, дар қабати Боғи фарҳангиву фароғатии "Дӯстии халқҳо" ҷойгир аст.    

"Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муназзами ҳайати эҷодӣ ташкилотҳои марбута супоришҳои мушаххас гирифтанд, ки дар муҳлати кутоҳтарин чораҷӯӣ мешаванд. Дар ин замина, вобаста ба тақозои фаъолияти театр корҳои мутобиқсозӣ, насби таҷҳизоти техникӣ дар саҳна ва толор, ҷобаҷогузории декоратсия, таъмиру тармими утоқҳои корӣ оғоз гардидаанд",- илова кардааст Олим Акрамов.

Тибқи маълумоти расмӣ театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский 7 ноябри соли 1937 таъсис ёфта, яке аз калонтарин театрҳои русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳоли ҳозир он бо теъдоди 149 нафар корманд фаъолият дошта, соли равон ба буҷаи театр ҳудуди 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ягона театри русӣ дар ҷумҳурӣ набуда, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Чкалови вилояти Суғд низ аз калонтарин театрҳои мамлакат маҳсуб мешавад.

25
Барчаспҳо:
азнавсозӣ, бинои театр, зарурати кӯчонидан, тамдид, Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Олим Акрамов, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Левитская: орзуи рӯзеро дорам, ки дар назди театр билети изофӣ пурсанд