Лентаи сабткунии филм. Акс аз бойгонӣ

Филми коргардони тоҷик номзади намоишномаи беҳтарин дар Осиёи Миёна

26
(Таҷдидшуда 17:33 06.05.2016)
Дар баробари филми коргардон аз Тоҷикистон намоишномаи истеҳсоли муштараки Узбакистон-Эстония-Русия ва Қазоқистон низ номзад ба ҷоизаи филми “Ак илбирс” мебошад.

ДУШАНБЕ, 6 май- Sputnik. Рӯйхати номзадҳо ба "Филми беҳтарини Осиёи Миёна", ки дар доираи ҷоизаи кино "Ак илбирс" доир мегардад маълум гардид, иттилоъ медиҳад Sputnik  Қирғизистон бо такя ба масъули лоиҳа Чолпон Идрисов.

Маросими ҷоизасупории "Ак илбирс" рӯзи 13 май дар кинотеатри "Манас" баргузор мегардад.

Ба гирифтани ҷоизаи "Филми беҳтарини Осиёи Миёна" се намоишнома пешниҳод шудаанд.

Тоҷикистон бо намоишномаи "Сафари ҳавоӣ"-и коргардон Далер Раҳматов муаррифӣ мешавад.

Мувофиқи намоишнома, дар як деҳаи дурдасти Тоҷикистон балони ҳавоӣ парвоз карда меояд. Дар дохилаш Жан-марди фаронсавӣ, ки ба сокини маҳаллии ҳамин деҳа Сафар хеле монанд аст ҷой гирифтааст. Сафар чӯпон аст ва орзӯи сартарош шуданро дорад. Барои ёд гирифтани ин касб ӯ мӯи бузҳои мардумро паст мекунад ва мардуми маҳаллӣ барои ин бо ӯ хархаша мебардоранд.

Номзадҳои дигари ҷоиза, филми зери унвони "Шалаш"-и Кенҷебек Шайкаков аз Қазоқистон, ва ҳамчунин филми ташкили муштараки Узбакистон-Эстония-Русия бо номи "Хона барои  парии дарёӣ" (Дом для русалок)-и коргардони Елкин Туйчиев мебошанд.

Соли гузашта ғолиби фестивали "Филми беҳтарини Осиёи Марказӣ"  намоишномаи коргардони қазоқӣ Одилхон Ержанов таҳти унвони "Соҳибхонаҳо" гардида буд.

Ҷоизаи "Ак илбирс" соли 2012 ташкил шудааст. Ҳамасола барои дастоварди беҳтарин дар соҳаи синамои Қирғизистон ҷоизаи "Ак илбирс" ба беҳтарин намоишнома супорида мешавад.

 

 

26
Барчаспҳо:
"Сафари ҳавоӣ", фестивали синамо, намоишнома, номзад, Далер Раҳматов, Қирғизистон
Мавзуъ
Филми қирғизӣ беҳтарин филм дар Осиё эълом шуд
Филми тоҷикии “Тасфия” довталаби ҷоизаи беҳтари филми минтақа шуд
Казы Бишкека, муфтий Садриддин Маджитов

Даргузашти қозии зодаи Тоҷикистон дар Бишкек дар синни 48-солагӣ

1034
(Таҷдидшуда 10:32 11.07.2020)
Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек ва яке аз руҳониёни шинохтаи Қирғизистон, ки зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раёсати мусалмонони Қирғизистон аз даргузашти Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек хабар дода, муфтии кишвар Мақсад Токтомушев ба наздиконаш таслият гуфтааст.

Ба иттилои раёсати мусалмонҳои Қирғизистон, Маҷидов 22 июни соли 1972 дар деҳаи Қирғизободи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон таваллуд шудааст.

“Ӯ хеле инсони бомасъулият, донишманд ва меҳрубон буд. Дар паҳнсозии арзишҳои аслии Ислом саҳми бузург гузошта, шогирдони зиёд тарбия кард”, - омадааст дар таслиятнома.

Манбаъ зикр кард, ки марҳум бемории қанд дошт, аммо дақиқ сабаби марг гуфта нашудааст.

Дар назар аст, ки Маҷидовро 11 июл дар ноҳияи Қадамҷой, деҳаи Орукзар ба хок супоранд.

1034
Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, Қирғизистон
Давлат Худоназаров советский, таджикский кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)

Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард

365
(Таҷдидшуда 23:38 08.07.2020)
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров ширкати филми коргардон Далер Имомалиро дар Ҷашнвораи синамои мусалмонон дар Қазон арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Филми нави ҳуҷҷатии коргардони ҷавони тоҷик Далер Имомалӣ "Кӯчаи умед - 612" ба 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии синамои мусалмонӣ дар Қазон, даъват шуд.

Чунин таваҷҷӯҳ ба филми Далер Имомалӣ хабари хушоянд аст, гуфт сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки соли гузашта коргардони тоҷик аллакай як филми худро дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта буд.

Ба фикри Давлат Худоназаров филми Далери Имомалӣ бисёр унвони зебо ва ғайриоддӣ дорад - "Кӯчаи умед - 612". 

"Қаҳрамони филм Саъдулло Раҳимов - шахсияти илмӣ, намояндаи бузурги фарҳанги тоҷик. Ӯ фаъолияти касбияшро дар шӯъбаи философияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз карда буд. Баъдтар киношинос ва мунаққид шуд. Ҳамаи даҳсолаҳо ӯ дар мавқеъи худ устувор буд. Ба муносибати шахсӣ бо он ё ин коргардон нигоҳ намекарда, ӯ доим рост ва он чиро, ки эҳсос мекард, мегуфт ", - афзуд Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки корҳои Раҳимов ба беҳтар шудани сифати синамои "Тоҷикфилм" таъсири мусбат кард.

Худоназаров ҳамчунин баргузории 16-умин ҷашнвораи Қазонро воқеъаи хушоянд арзёбӣ карда, гуфт аз як тараф ин ҷашнвора ҳамаи синамогарони мусалмонро якҷо ҷамъ меорад ва аз сӯи дигар барои ҳамагон кушода аст.

Дар баробари ин Худоназаров ба ин аст, ки ҷашнвора метавонад миқёси худр бо филмҳои минтақавии Русия васеътар кунад.

Ба гуфти ӯ, филмҳо аз ҳар минтақа бозгукунандаи симои ҳар минтақа шуда барои ошноӣ бо онҳо заминаи хубе хоҳанд буд.

365
Барчаспҳо:
ҷашнвораи кино, Қазон
День 12 июля

Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:27 11.07.2020)
Рӯзи дувоздаҳуми июл ҳамчун Рӯзи суратгирон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Аргентина аз Рӯзи муқимиҳо қайд мекунанд

Рӯзи 12 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1934 дар Белгия ҳарбикунонии ҳизбҳои сиёсӣ манъ карда шуд.

День 11 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2000 олимони бритониягӣ дар бораи сохтани ваксинае хабар доданд, ки ба одамон барои наҷот ёфтан аз ВНМО (СПИД) бояд кумак менамуд.

Соли 2000 дар Аляска заминҷунбии 6,5-балла ба қайд гирифта шуд.

Соли 2010 дар мусобиқаи финалии чемпионати ҷаҳон испаниҳо дастаи мунтахаби Нидерландияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуданд. Ҳамин тариқ, чемпионҳои Аврупо аввалин маротиба ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол  соҳиб гаштанд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1998 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи Фаронса дастаи Бразилияро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд ва чемпиони ҷаҳон шуд.

Соли 2009 аввалин маротиба зан – Даля Грибаускайте Президенти Литва интихоб гардид.

Рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 ВАО хабар доданд, ки 11 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк маросими супоридани раёсат дар Гурӯҳи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) аз Тоҷикистон ба Қазоқистон баргузор гардид.

День 9 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2012 дар Озарбойҷон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд.

Соли 2012 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 10 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба имзо расиданд.

Соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон машварати корӣ доир намуда, дар назди масъулин доир ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷудаи вақт вазифаҳои мушаххас гузоштанд

Ҷашнҳои рӯзи 12 июл

  •  Рӯзи суратгирон.
  • Дар Аргентина – Рӯзи муқимиҳо.
  • Дар Ҷумҳурии Кирибатӣ – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1906-1968)  – нависанда Тоҷӣ Усмон.

Соли 1932 – доктори илмҳои филологӣ Наҷмӣ Сайфиев.

Соли 1933 – актер коргардон Сафо Содиқов.

Соли 1956 – коргардон Қудратулло Эшонов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон