Сӯҳроб Қурбонов. Акс аз бойгонӣ

Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов даргузашт

48
(Таҷдидшуда 12:57 11.05.2016)
Рассом дарҳол ба беморхона оварда шуд, вале кӯмаки табибон ба ӯ мадад накард. Сабаби марги Қурбонов бемории қалб буд.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар Душанбе дар синни 71-солагӣ рассоми мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ  ва Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов даргузашт.

Рӯзи 9-май рассом дар паи хурӯҷи бемории қалб дар беморхона бистарӣ шуд. Аммо кӯмаки духтурон ба ӯ ёрӣ нарасонид. Сабаби даргузашти Қурбонов бемории қалб буд.

Маросими видоъ бо Қурбонов 11 май дар Лучоб дар назар аст.

Сӯҳроб Қурбонов  соли 1946 дар шаҳри Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Мактаби давлатии рассомии ба номи  М. Олимовро хатм намуда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи давлатии рассомии Маскав ба номи В.И. Суриков давом додааст. Қурбонов аъзои Иттиҳодияи наққошони Тоҷикистон, Раиси Иттиҳодияи наққошони Тоҷикистон, Рассоми халқии Тоҷикистон буд. Ӯ муаллифи нишони шаҳри Душанбе, ангораҳо ва медалҳои зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

48
Барчаспҳо:
рассом, Сӯҳроб Қурбонов, Тоҷикистон
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

67
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

67
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен
Джурабек Муродов

Ҷӯрабек Муродов аз се падараш, дӯстӣ бо бузургону сӯхтор дар осорхона: сахт гиристам-видео

1771
(Таҷдидшуда 16:30 02.08.2020)
Сафҳаи фейсбукии Осорхонаи Ҷурабек Муродов, ба нашри наворҳое оғоз кардааст, ки дар он устоди санъат аз дастовардҳои ҳунариву шиносоияш бо нухбагони фарҳехтаи миллат қисса мекунад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik.  Дар шарҳи наворҳои нашркардаи Сафҳаи фейсбукии осорхона навишта шудааст, ки нақлҳои устод дар бораи зиндаги ва фаъолияти худ, ҳар ҳафта, рузи ҷумъа соати 16:00 доир мешавад.

Дар навори аввал Ҷӯрабек Мурод бо нишон додани аксҳои таърихӣ бо бузургони миллат аз қабили Мирзо Турсунзод, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Қутби Киром, Лоиқ Шералӣ лаҳзаҳои вохӯриву нишастҳо ва ҳазҳояшонро нақл мекунад.

Ба гуфти нобиғаи санъати тоҷик, ин нафарон беҳтарин фарзандони донишмаду фарзонаи миллат буданд,  ва ҳамеша суҳбатҳои фарҳангиву созанда доштанд.

Сарояндаи шинохта ва Ҳунарманди мардумии СССР мегӯяд “се падар” дорад: падари худаш, падари маънавӣ ва падари сиёсияш.

“Муродбек Олимӣ, падари худам, Мирзо Турсунзода, падари маънавиям ва Ҷаббор Расулов, падари сиёсиям аст. Ман назди ин нафарон ҳамеша қарздорам ҷояшон биҳишт бод”,-мегӯяд ҳунарманд.

Хотироти Ҷӯрабек Муродов аз мулоқоте, ки бо Аҳмад Зоҳир як моҳ пеш аз маргаш дошт - Видео

Номбурда ҳамчунин аз сӯхтори осорхонааш ёдовар шуда, гуфт, беш аз бист фисад чизҳое, ки оригинал буд сӯхтанд.

“Ман дар ҳаётам бисёр нагиристаам. Фақат дар даргузашти падару модар дӯстои наздик гиря кардаам, аммо дар сӯхтори осорхонаам низ сахт гирифтам. Чун ин меҳнати ҳалоли эҷодии ман буд”.

Ӯ ҳамчнин гуфт, осорхона бо дастгирии раҳбарони вақти вилояти Суғд таъмир шуд ва ҳамзамон унвони давлатиро гирифт.

1771

Хайр Маскав: маросими пӯшидашавии Олимпиадаи соли 1980 - аксҳои нодир

0
(Таҷдидшуда 19:45 03.08.2020)
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
Рӯзи 3 августи соли 1980 дар Маскав маросими пӯшидашавии Бозиҳои тобистона баргузор гардид. Ин маросим аз зеботарин маросимҳо дар таърихи олимпиада шинохта шудааст

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав аз 19 июл то 3 август идома кард. Ин нахустин олимпиада дар қаламрави Урупои Шарқӣ буд. 

Макони асосии баргузории мусобиқаҳо шаҳри Маскав буд. Вале бархе аз рақобатҳо дар Таллин, Киев, Ленинград ва Минск низ гузаронида шуданд.

Ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 - 5179 варзишкор аз 80 давлати ҷаҳон омада буданд.

Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980

Маросими пӯшидашавии Олимпиада рӯзи 3 август баргузор гардид. Барномаи консертӣ чанд соат идома кард.

Байрақи сафеди олимпӣ фароварда шуд ва таҳти навои Эдуард Артёмов "Эй варзиш ту ҳамеша пешравӣ ҳастӣ" духтарон бо пироҳанҳои якранг ба майдон баромаданд ва композитсияи даврони Юнони қадимро нишон доданд. Оташи олимпӣ ҳамон лаҳза хомӯш шуд.

Дар рӯи экран симои Хирсак - рамзи Олимпиадаи соли 80-ум намудор шуд. Расми Хирсакро навиштаҷоти "Роҳи сафед" ҳамроҳӣ мекард.

Яке аз ҳассостарин лаҳазот ашкрезии хирсак шуд.

Дар охири маросим меҳмононро сюрприз интизор буд. Дар мобайни майдон таҳти суруди "Хайр Маскав" дар иҷрои Лев Лешенко ва Татяна Антсиферева хирси бузурге бо пуфакҳо пайдо шуд.

Таҳти суруд ва замоне, ки Хирсак ба ҳаво бармехост, аксари мардум ашк мерехтанд.

Олимпиадаи соли 1980 то ҳол дар хотири меҳмонон ва аксари тамошобинону варзишкорон нақш бастааст. Ин бозиҳо яке аз боадолаттарин дар таърихи варзиш шинохта шудаанд, зеро пас аз итмоми онҳо ягон аризаи шикоятӣ ба комиссияи варзишӣ ворид нашудааст.

0
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980, 3 август дар майдони ба номи Ленин (Лужники) баргузор гардид.

  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
    © Sputnik / Дмитрий Донской

    Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Сомов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Олимпиадаи соли 1980 натанҳо барои шаҳрвандони ИҶШС балки мардуми ҷаҳон рухдоди муҳиме шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Торжественная церемония закрытия Игр XXII Олимпиады. Центральный стадион имени В.И. Ленина 3 августа 1980 года.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Барои миллионҳо меҳмони хориҷӣ Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав бо меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии мардуми рус ёддошт шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Оташбозӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Олимпиадаи соли 1980 яке аз бозиҳои боадолаттарин дар ҷаҳони варзиш шинохта шудааст, чун дар давоми мусобиқот ягон аризаи шикоятӣ дар бораи натиҷаҳои бозиҳо навишта нашудааст.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд.

Барчаспҳо:
маросим, олимпиада, Маскав