Нависандаи Кореяи Ҷанубӣ Хан Канг дорандаи ҷоизаи Букер

Бори нахуст нависандаи Кореяи Ҷанубӣ соҳиби ҷоизаи Букер гардид

25
Номи ҷоизадори яке аз ҷоизаи маъруфтарини соҳаи адабиёт, ки дар ду сол як маротиба баргузор мегардад, рӯзи душанбе дар маросими расмӣ дар осорхонаи Виктория ва Албертаи Лондон маълум гардид. Хан Канг аввалин нависанда аз Кореяи Ҷанубист, ки соҳиби ҷоизаи Букер гардид.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Нависандаи Кореяи Ҷанубӣ Хан Канг соҳиби ҷоизаи байналмиллалии Букер барои романи "Гиёҳхӯр" (Вегетарианец) гардид.

Номи ҷоизадори яке аз ҷоизаи маъруфтарини соҳаи адабиёт, ки дар ду сол як маротиба баргузор мегардад, рӯзи душанбе дар маросими расмӣ дар осорхонаи Виктория ва Албертаи Лондон маълум гардид.

Хан Канг (45 сола) ҳатто аз барандаи Нобел Орхан Памук ва нависандае, ки номаш маҳфуз буда бо тахаллуси Елена Ферранте китоб менависад, пеш гузашт.

Канг намояндаи аввалин аз Кореяи Ҷанубист, ки ҷоизаи Букерро ба даст овардааст.

Ба ҳайати доварон, ки аз 155 китоб бояд 6 ададро интихоб менамуданд, нависанда Бойд Тонкин, антрополог ва романнавис Тахмима Анам, профессори адабиёти фаронсавӣ Дэвид Бэллос, ношир Дэниэл Медин ва шоири бритонӣ Рут Пэдел дохил шуданд.

Ҷоизаи байналмиллалии Букер соли 2005 таъсис дода шудааст. Дар муқоиса бо ҷоизаи Букер, ки ҳамасола барои нависандагони Британия, Ирландия ва кишварҳои Созмони бритониявӣ дода мешавад, ҷоизаи байналмиллалии Букер барои нависандагони хориҷӣ, ки асарҳояшон ба забони англисӣ тарҷума карда шудаанд, тақдим мегардад. Соли 2016 бори нахуст ҷоиза на барои эҷод балки барои китоби мушаххас дода шуд.

Ба ғолиби озмун 50 ҳазор фунт тақдим мегардад. Ба дигар нависандагон ва тарҷумонҳо, ки ба рӯйхати беҳтаринҳо дохил шудаанд, ба миқдори 1 ҳазор фунт тақдим мегардад.

25
Барчаспҳо:
"Гиёҳхӯр", ҷоизаи соҳаи адабиёт, ғолибият, ҷоизаи Букер, Хан Канг, Кореяи Ҷанубӣ, Лондон
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Даргузашти Дӯстмурод Уроқов, иқтисодшиносу адиби тоҷик-акс

660
(Таҷдидшуда 16:11 17.01.2021)
Дӯстмурод Уроқов, иқтисоддони тоҷик, ки ба эҷоди асарҳои бадеӣ низ шуҳрат дошт, дар синни 78-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе яке аз донишварони пуркори иқтисоддон ва адиби соҳибдилу соҳибқалам Дӯстмурод Уроқов дар синни 78-солагӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид, хабар додааст Фаридун Раҳнавард, рӯзноманигори тоҷик.

Дӯстмурод Уроқов, соли 1942 таваллуд шуда, доктори илми иқтисод, профессор, ходими шоистаи илми Тоҷикистон мебошад.

Дар бораи сабаби фавти Уроқов иттилое ироа нашудааст. Раҳнавард дар саҳифааш аз хизматҳои Уроқов барои илму адабиёт гуфтааст.

“Равоншод умри худро вақфи хидмат ба илму маориф ва адабиёт намуда, аз худ як силсила осори арзишманди илмиву адабӣ ба ёдгор гузоштанд. Академики Академияи иқтисодии Авруосиё, Арбоби илму техникаи Тоҷикистон ва Раиси Ассосиатсияи муҳосибон ва аудиторонии Тоҷикистон буд”, - изҳор дошт Раҳнавард.

Таъкид шудааст, ки марҳум дар баробари таълифи осори илмӣ ва фаъолияти пурсамар дар соҳаи иқтисод ба эҷоди асарҳои бадеӣ низ рағбат дошт.

Дар феҳрасти асарҳои бадеияш "Муҳофиз", "Қиссаҳои марғуби зиндагӣ", "Овора", "Диёри файзбори ман", "Меҳрона" ва ғайра зикр шудаанд, ки дар радифи осори илмӣ номашонро зинда медоранд.

660
Барчаспҳо:
даргузашт, Тоҷикистон
Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода

Раҳмонзода зарурати эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавиро таъкид кард

376
(Таҷдидшуда 14:33 16.01.2021)
Дар ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатӣ татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳурит” ахиран дар Вазорати фарҳанг Тоҷкистон омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи ситоди корӣ баргузор шуд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки зимни ҷаласа масъалаҳои татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ гардиданд.

Гута шудааст, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба ташаккули раванди неруи эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави бахши оҳангсозӣ ва иҷрокунандагӣ, рушди санъати мусиқии касбии миллӣ, эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ таъкид доштааст.

Ҳадафи ҳукумат: бунёди 941 иншооти тиббӣ то 30 солагии Истиқлолият дар Хатлон

Инчунин, зимни ҷаласа Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули фарҳанги мусиқии муосири тоҷик дар назди масъулини дахлдори мамлакат вазифаҳои мушаххас гузошт.

376
Барчаспҳо:
Абдуҷаббор Раҳмонзода, фарҳанг, мусиқӣ, истиқлолият, Тоҷикистон

Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021

0
Хароҷоти умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 аз 27,6 миллиард сомонӣ зиёд хоҳад шуд. Маблағҳо ба куҷо масраф мешаванд: аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бинед
Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021
© Sputnik

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2021 қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ нисбат ба соли 2020 6,1% зиёдтар аст.

Манбаъҳои ташаккули буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 андозҳо (18,8 миллиард сомонӣ), даромадҳои ғайриандозӣ (1,39 миллиард сомонӣ), грантҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ (0,3 миллиард сомонӣ), қарзҳо ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (4,87 миллиард сомонӣ), маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ (2,26 млрд. сомонӣ) ташкил медиҳанд.

Дар соли 2021 ба бахши иҷтимоии иқтисод 13,16 миллиард сомонӣ ва ба бахши воқеии иқтисод 8,38 миллиард сомонӣ равона мешавад.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

Аз буҷаи давлат барои бахши қудрат ва идоракунии давлатӣ 1,43 миллиард ва барои мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ 2 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ғайр аз ин, 2 миллиард сомонӣ барои пӯшонидани ӯҳдадориҳои қарзӣ равона хоҳад шуд.

Тибқи гузориши пешниҳодшуда, имсол ба нақша гирифта шудааст, ки қисми зиёди маблағҳо ба соҳаи маориф - 5,59 миллиард сомонӣ равона карда шаванд.

Аз даромад то каср: буҷети шаҳрвандӣ барои соли 2020

Барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи аҳолӣ 4,1 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад. Қариб ҳамин миқдор маблағ дар Тоҷикистон барои рушди комплекси энергетикӣ ва сӯзишворӣ равона мегардад. Ҳамзамон, касри буҷа 0,5% ё 463 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

0
Барчаспҳо:
буҷа, Тоҷикистон