Роҳбари ФБШ ба Арманистон ва Озарбойҷон пешниҳод кард,то шоҳмот бозанд

© Sputnik / Игорь Руссак / Гузариш ба медиабонкШатранҷ. Акс аз бойгонӣ
Шатранҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамаи масъалаҳои баҳсӣ бояд рӯи мизи шоҳмот ҳал шаванд, “танҳо сари мизи шоҳмот мубориза бояд бурд”, қайд кард президенти Федератсияи Байналмиллалии Шоҳмот Кирсан Илюмжинов зимни посух додан ба савол, ки бозии шоҳмот метавонад барои барқарор намудани сулҳ байни ду киҳшвар кӯмак кунад.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Президенти ФБШ Кирсан Илюмжинов баъди изҳори назари худ, ки шоҳмот метавонад баҳси миёни ду кишварро ҳал намояд ба Арманистон ва Озарбойҷон пешниҳод кард то тариқи интернет шоҳмотбозӣ кунанд.

Илюмҷинов дар навбати аввал пешниҳоди худро ба президенти Арманистон Серж Саргсян иброз намуд, ки бо гуфти ӯ раисҷумҳур ин пешниҳодро хеле хуб пазируфт. "Рӯзи 24 май дар Боку бо роҳбарияти ҳукумати Озарбойҷон вомехӯрам ва пешниҳод менамоям, ки тариқи интернет нафарони хоҳишманд аз ду тафар дар бозии шоҳмоти даставӣ иштирок намоянд",-гуфт рӯзи чоршанбе Илюмҷинов ба радио Sputnik  Арманистон.

Ба саволи оё шоҳмот метавонад дар барқарор намудани сулҳ байни ду кишвар кӯмак расонад, президенти ФБШ посух дод  "ҳамаи масъалаҳо бояд сари мизи шоҳмот ҳал шаванд, мубориза бояд танҳо рӯи мизи шоҳмот бурда шавад".

"Ин тарзи ҳалли масъала метавонад ба эътимоди тарафайни байни халқҳо мусоидат намояд. Ҳангоме, ки юнониёни қадим Бозиҳои Олимпӣ доир мекарданд, ҳамаи ҷангу хархашаҳо аз байн мерафтанд. Умедворам шоҳмот ва варзиш ҳамонгунае, ки барои муттаҳидшавии  башарият хизмат мерасониданд,  имрӯз ҳам дар давраи Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот барои тамоми кишварҳои дунё намунаи зиндагии сулҳомез мегардад, чун  айни ҳол дар як сол дар тамоми дунё зиёда аз 100 бархӯрди мусаллаҳона  дида мешавад"-гуфт ӯ.  

Олимпиадаи навбатии ҷаҳонӣ оид ба шоҳмот аз 1 то 14 сентябри соли равон дар Боку баргузор мегардад.

Роҳбари ФБШ рӯзи 17 май зимни ифтитоҳи мактаби шоҳмот барои ҷавонону наврасон дар Ереван бо презиленти Арманистон шоҳмот бозид ва бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. "Серж Азатович-бозингари хуб аст, шоҳмотбози қавӣ-ӯ ин бозиро хеле хуб медонад ва барои ҳамин ҳам роҳбарии Федератсияи шоҳмоти Арманистонро бар дӯш дорад. Мунтахаби миллӣ оид ба шоҳмот се маротиба дар Бозиҳои олимпии шоҳмот соҳиби ҷоиза гардидаанд",-изҳор дошт Илюмжинов.

Лентаи хабарҳо
0