Ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ

Ширкати “Сомон Эйр” соҳиби сертификати IOSA гардид

32
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз ин дастоварди худ, ки инъикосгари устувории корхона ва фаъолияти фидокоронаи мутахассисони кордони муассиса мебошад, ифтихор дорад.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз байни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аввалин шуда, аз аудити амалии амнияти арвозҳои IATA (IOSA) гузашта, сертификати IOSA-ро соҳиб шуд.

Маросими супоридани сертификат дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Сарвари кулли   ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Эвхенио Хайме Манзано сертификатро аз намояндаи минтақавии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ дар Осиёи марказӣ Ҷордан Карамалаков қабул намуд.

Ба иттилоъи сухангӯи ширкати "Сомон Эйр" Тимур Бандишоев, дар ҷараёни аудит, ки гузаштани он барои дархости узвияти комилҳуқуқи IATA (Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) ҳатмӣ мебошад, кулли раёсатҳои истеҳсолии ширкати ҳавопаймоӣ санҷида шуданд.

"Бо дарёфти сертификати бақайдгирӣ ба сифати оператори IOSA, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба талаботи байналмилалии бехатарии парвозҳо ҷавобгӯ гардид. Пас аз 8 соли фаъолият "Сомон Эйр" ҳамоно пешсафи соҳа буда, дастёбӣ ба сертификати бақайдгирии ширкат ба сифати оператори IOSA марҳилаи муосиру тоза дар таърихи музаффариятҳои ширкат мебошад",- афзуд оқои Бандишоев.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба рушди минбаъдаи ҳамкории муассиса бо ширкатҳои ҳавопаймоии аъзои IATA (Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) эътимоди қавӣ дорад.

32
Барчаспҳо:
нақлиёти ҳавоӣ, сертификат, Сомон Эйр, IOSA, Тимур Бандишоев, Тоҷикистон
Мавзуъ
Оғози парвозҳои Боинг-737-и "Сомон Эйр" дар масири Бишкек-Душанбе
Ширкати "Сомон Эйр" парвози ҳавопаймоҳояшро ба Бишкек ба роҳ мемонад
Ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба далели бемории кӯдак парвозро қатъ сохт
Награждение, архивное фото

Қадрдонии шоири тоҷик бо нишони "Наследие"

499
(Таҷдидшуда 16:52 23.11.2020)
Шоир ва рӯзноманигори тоҷик Карим Ҳайдар ба медали иттифоқи нависандагони Русия "Наследие" сазовор гардид

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Шоир ва сармуҳаррири барномаҳои ахбори телевизиони "Тоҷикистон", Карим Ҳайдарро бо ситораи "Наследие" - 2020 қадрдонӣ мекунанд.

Қарори мукофотонидани шоири тоҷик дар Иттифоқи нависандагони Русия қабул гардид.

Ба гуфти шоир, ин мукофот дар маросими ҷоизасупории "Наследие" ба ӯ дода мешавад. Ин маросим баҳори соли 2021 бо ширкати фаъоли ҷамъиятӣ Мария Романова баргузор мешавад.

Қайд мекунем, ки ин дуввумин ҷоизаи шоир дар соли 2020 мебошад. Пештар шоир ва рӯзноманигори тоҷик Карим Ҳайдар ба медали иттифоқи нависандагони Русия "Сергей Есенин" сазовор гардид.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Шарҳи ҳоли Карим Ҳайдар

Карим Ҳайдар 6 январи соли 1961 дар Истаравшан дар оилаи рӯзноманигор Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.

Шоир узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рӯзноманигорон ва аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.

Соли 1983 факултаи забон ва адабиёти руси донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, аз соли 2006 дар шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" фаъолият мебарад.

Карим Ҳайдар муаллифи маҷмааҳои шеърии "Садои аҷдодон" ("Голоса предков"), "Қиссаи Ҳисор", ҳикояву очеркҳо мебошад, ки бештарагон дар маҷмааҳои кишварҳои ИДМ мунташир шудаанд.

Ӯ суруди миллии Тоҷикистонро ба забони русӣ тарҷума кардааст ва муаллифи филмҳои мустанади Роберт Рождественский", "Тимур Зулфиқоров", "Михаил Синелников - шоир ва тарҷумон" мебошад.

Гулчине аз ҳаёту эҷодиёти устод Гулназар Келдӣ-тасвирбаён

Афзун бар ин, Карим Ҳайдар барои  Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гимн навиштааст.

Бо медалҳои "Хизмати шоиста" ва  МГТРК "Мир" мукофотонида шудааст. Карим Ҳайдар соли 2018 ордени дараҷаи якуми "Достаевский"-и Русияро гирифта буд.

499
Барчаспҳо:
нишон, медал, шоир, Карим Ҳайдаров
Книги Рахмона подарили библиотеке Малайзии

Қодирӣ китобҳои президенти Тоҷикистонро ба китобхонаи миллии Малайзия тақдим кард

163
(Таҷдидшуда 16:43 23.11.2020)
Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Малайзия аз Китобхонаи миллии Малайзия боздид намуда, китобҳои президенти Тоҷикистонро ба китобхонаи миллии ин ин кишвар тақдим кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ аз Китобхонаи миллии Малайзия боздид намуда, бо мудири кулли Китобхонаи мазкур хонум Майзан бинти Исмоил мулоқот кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Малайзия мубодилаи афкор намуда, дар ин замина имзо кардани Ёддошти тафоҳумро зарур шуморидаанд.

Китоби “Уфуқҳои истиқлол”-и Эмомалӣ Раҳмон, соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни “Санъати китоб” шуд

Дар ин дидор ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти талошҳои муштаракро барои рушду таҳкими ҳамкорӣ ба нафъи мардумони ду давлат таъкид доштаанд.

“Ҷанг барои “Маснавӣ”: дар Душанбе тайи 5 соат 10 ҳазор китоб фурӯхта шуд

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни мулоқот сафири Тоҷикистон китобҳои Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро ба Китобхонаи миллии Малайзия тақдим кард.

163
Барчаспҳо:
боздид, Ардашер Қодирӣ, китобхона
Сироджиддин Мухриддин, архивное фото.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Корея сафар кард

0
(Таҷдидшуда 10:46 25.11.2020)
Мақсад аз сафари расмии вазири тоҷик ба Корея иштирок дар Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Корея сафар кард, гузориш медиҳад ВКХ.

Бино бар иттилои манбаъ, Муҳриддин бо сафари расмӣ 23 ноябр озими Корея гаштааст.

Дар доираи ин сафар вазири тоҷик дар форум иштирок хоҳад кард.

"Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи ин сафар инчунин дар Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок мекунанд", - менависад манбаъ.

Таҳсил дар Ҷопон: Муҳриддин ва Мияшита ёддошти тафоҳум имзо карданд

Ёдрас мешавем, чанде пеш 24 ноябр раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ озими Русия гашт.

0