Оғони IV Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ. Акс аз бойгонӣ

Исмоилиёни Тоҷикистон рӯзи “Дидор”-ро таҷлил мекунанд

83
Оқохони IV- Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севвум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ ба симмати мазкур баргузида шуда, 59 сол боз дар раъси он қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон аз 200 ҳазор бештар арзёбӣ мегардад, имрӯз 21-умин солгарди нахустин боздиду мулоқоти Оқохони IV, имоми 49-уми худро аз Тоҷикистон таҷлил менамоянд.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Иди Нур ё Дидор таҷлил мекунанд.

Дар ҷашни "Дидор" одатан дар сатҳи маҳалу хонаводаҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ сурат мепазиранд.

Айни замон дар саросари олам тақрибан 20 миллион нафар аз ҷараёни Исмоилия пайравӣ мекунанд. Онҳоро дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Канада, Бритониё ва Фаронса метавон вохӯрд. Яке аз бузургтарин  ҷамъияти исмоилиҳо дар олам (тақрибан 150 ҳазор нафар) дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба сар мебарад.

Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Аълоҳазрат Шоҳ Карим хатмкардаи факултаи таърихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, муассис, бунёнгузор ва сарвари "Шабакаи Рушди Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони саввум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

83
Барчаспҳо:
24 май, Рӯзи "Нур", Ҷашни Дидор, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Тоҷикистон