Президенти ФР Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

Владимир Путин аз идораи марказии МИА “Россия сегодня” боздид мекунад

23
Президенти Русия дастаи рӯзноманигорони хабаргузориро бо 75-умин солгарди фаоълияти хабаргузории Совинформбюро табрик намуда, ҳамчунин бо иштирокчиёни анҷумани “Марҳалаи ҷадиди журналистика: видоъ бо қолабҳои шахшуда” гуфтугӯ анҷом хоҳад дод.

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин имрӯз ба идораи марказии хабаргузории МИА "Россия сегодня" меояд. Аснои боздид Владимир Путин рӯзноманигорони хабаргузориро бо 75-умин солгарди фаоълият табрик менамояд, итттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба хадамоти матбуотии Кремл.

"Рӯзи 7-уми июн президенти Русия Владимир Путин аз идораи марказии хабаргузории иттилоотии "Россия сегодня" боздид намуда, дастаи рӯзноманигорони хабаргузориро бо 75-умин солгарди фаоълият табрик карда, ҳамчунин бо иштирокчиёни анҷумани "Марҳалаи ҷадиди журналистика: видоъ бо қолабҳои шахшуда" гуфтугӯ анҷом хоҳад дод",-омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки хабаргузорӣ  (Совинформбюро) фаъолияти худро баъди ду рӯзи оғози  Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ кардааст. Совинформбюро  заминаи асосии пайдоиши дигар хабаргузориҳо чун-оҷонсии "Новости", РИА Новости, МИА "Россия сегодня" ба шумор меравад.

Анҷумани байналмиллалии "Марҳалаи ҷадиди журналистика: видоъ бо қолабҳои шахшуда" дар Маскав рӯзҳои 6-7 июн бахшида ба 75-умин солгарди хабаргузории Совинформбюро баргузор мегардад. Ташкилкунандаи анҷумани байналмиллалӣ МИА "Россия сегодня" буда, дар он коршиносони соҳаи журналистикаи 30 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

23
Барчаспҳо:
75-умин солгарди хабаргузорӣ, боздиди президент, МИА "Россия сегодня", Владимир Путин, Маскав