Донишҷӯи тоҷик “дилработарин зан” дониста шуд. Дар озмуни зебоӣ

Обуна шудан
Дар шаҳри Уфа аз 24 то 28 июн фестивали байналмиллалии “Баҳори донишҷӯёни кишварҳои СҲШ ва БРИКС” баргузор гардид. Дар доираи ҷашнвора озмуни “Маликаи баҳор” гузаронида шуд.

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар озмуни байналмиллалии байнидонишгоҳҳии зебоӣ 10 намояндаи кишварҳои СҲШ ва БРИКС иштирок карданд. Дар озмуни мазкур донишҷӯи тоҷик  Парвина Аҳророва дилработарин зан дониста шуд, гуфт намояндаи хадамоти матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ Илмир Шавалиев.

Ӯ ҳамчунни қайд намуд, ки унвони "Маликаи баҳор" насиба донишҷӯи ҳамин донишгоҳи Башқирдистон Гулнур Зиннатова гардид.

Баҳори донишҷӯёни кишварҳои БРИКС ва СҲШ дар Уфа оғоз гардид

Дар Уфа фестивали байналмиллалии "Баҳори донишҷӯёни кишварҳои СҲШ ва БРИКС" бо иштироки ҳазорон донишҷӯ аз 15 кишвари дунё баргузор гардид. Донишҷӯён бо таҷрибаи эъҷодии якдигар шинос шуда, ҳамчунин дар барқарор ва таҳким бахшидани муносибатҳои байналмиллалӣ саҳм хоҳанд гузошт. Дар доираи ҷашнвора озмуни зебоии "Маликаи баҳор" баргузор гардид. Дар озмун намояндагони Африқои Ҷанубӣ, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Арманистон, Қазоқистон, Русия ва Булорус ишртирок карданд.

"Иштирокчиёни озмун маҳорату кордонӣ ва зебоии худро дар бахшҳои гуногуни озмун нишон доданд. Онҳо либосҳои миллӣ ва куртаи арусиро бар бар намуда, маҳорати сурудхонӣ, рақскунӣ, ҳунармандӣ ва варзишии худро ба ҳакамон пешкаш намуданд",-гуфт намояндаи донишгоҳ.

Бино ба иттилои манбаъ муовинони малика намояндаи Чин-Ван Сию, донишҷӯ аз Русия-Полина Беспалова ва намояндаи Белорус-Мария Сидоренко гардиданд. Дигар иштирокчиён низ соҳиби унвонҳо гардиданд.

Парвина Аҳророва донишҷӯ аз Тоҷикистон дар фестивали "Баҳори донишҷӯёни кишварҳои СҲШ ва БРИКС" иштирок карда дар озмуни зебоӣ соҳиби унвони дилработарин зан гардид.

Лентаи хабарҳо
0