Шаҳри Қазон. Акс аз бойгонӣ

Ифтитоҳи фестивали кинои мусулмонон дар Қазон

25
(Таҷдидшуда 12:05 06.09.2016)
Дар шаҳри Қазони Русия 12-умин фестивали кинои мусулмонон кушода шуд. Миляуша Айтуганова ба Sputnik иброз дошт, ки мавзӯҳои и асосии кинофестивал-тарғиби арзишҳои маънавӣ, таҳаммулпазирӣ, меҳру муҳаббати инсонӣ мебошанд.

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Имрӯз дар шҳари Қазон фестивали байналмиллалии кинои мусулмонон расман ифтитоҳ шуд.

Ҷашнвораи кинои мусулмонон то рӯзи 11 сентябр идома хоҳад кард. Имсол дар фестивал давлатҳои зиёди ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Наворҳо ва филмҳои худро дар фестивал синамочиёни Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Эрон, Ироқ, Сурия, Чин,  Гурҷистон, Украина, Белорус ва ҳамчунин Курдистони Ироқ намоиш хоҳанд дод.

Имсол ҳатто синомочиёни Аврупо низ дар фестивал ширкат меварзанд. Синамочиёни Испания, Фаронса, Финляндия, Норвегия, Сербия низ дар ҷашнвора филмҳои худро ба намоши мегузоранд. Русияро филмҳои истеҳсоли студияҳои минтақавии Татаристон, Бошқирдистон ва Ёқутистон муаррифӣ менамоянд.

Намоишҳои асосӣ дар киностудияҳои марказии шаҳри Қазон гузаронида шуда, ҳамчунин дар дигар ҷойҳои фарҳангӣ низ филмсозон бо тамошобинон вомехӯранд.

Меҳмони асосии фестивал коргардони эронӣ-Маҷид Маҷидӣ хоҳад буд, ки ӯ дар ни ҷашнвора филми сесоатаи "Муҳаммад-Паёмбари Худо"-ро пешниҳод хоҳад кард.

Дар кори ҷашнвора ситоразҳои кинои Русия-Людмила Хитяева, Юрий Назаров, ҳунарманди мардумии Абхазия ва Оситияи Шимолӣ- Алани Тамара Яндиева иштирок мекунанд.

"Ҷашнвора дорои шиори рамзӣ: "Аз муколамаи фарҳанг ба фарҳанги муолама", мебошад, иброз дошт ба Sputnik директори фестивал, Миляуша Айтуганова". —Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки мавзӯҳои  асосии кинофестивал-тарғиби арзишҳои маънавӣ, таҳаммулпазирӣ, меҳру муҳаббати инсонӣ мебошанд. Мо бо кишварҳои зиёди мусулмоннишин ва ғайри мусулмон ҳамкорӣ дорем. Мо ҳамаи одамонеро, ки кори нек мекунанд ба ҳам меорем".

Қаблан хабар дода шуд, ки Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар бо кинои "Коса", ки 25 дақиқа идома карда,  соли 2015 ба навор гирифта шудааст, муаррифӣ менамояд. Коргардони ҷавон дар бораи дар кадом мавзӯъ будани филм маълумот дода, дар бораии нақшаҳои ояндааш дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон нақл кард.

25
Барчаспҳо:
ҷашнвораи байналмиллалии кинои мусулмонон, Миляуша Айтуганова, Муҳиддин Музаффар, Қазон