Маркази фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева

Дар Женева маркази фарҳангии “Ошёни тоҷик” кушода шуд

27
(Таҷдидшуда 17:16 20.09.2016)
Маркази фарҳангӣ барои хориҷиёнро бо фарҳанг ва таърихи бойи халқи тоҷик шинос кардан ва пешниҳод намудани маълумотҳо дар бораи ҷойҳои саёҳатбоби Тоҷикистон хизмат мекунад.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар Женева маросими ифтитоҳи маркази фарҳангии "Ошёни тоҷик" баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Тоҷикистон.

Дар маросими ифтитоҳ шаҳрвандони тоҷики муқими Швейтсария, намояндагони корпуси дипломатӣ, мақомоти расмӣ ва дустони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ифтитоҳи маркази фарҳангӣ ба 25-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, қайд намуд сафири Тоҷикистон Ҷамшед Ҳомидов.

"Маркази фарҳангӣ барои шинос намудани хориҷиён бо фарҳанг ва таърихи бойи халқи тоҷик ва пешниҳод намудани маълумотҳо  дар бораи ҷойҳои саёҳатбоби Тоҷикистон хизмат мекунад",- омадааст дар хабар.

Қайд кард мешавад, ки сафорат нақша дорад, то дар оянда дар марказ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ доир намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Швейтсария намояндагӣ кунад.

 

 

 

27
Барчаспҳо:
Ифтитоҳи маркази фарҳангӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария, Швейтсария, Тоҷикистон
Мавзуъ
Сафорати Амрико дар Душанбе дарҳои худро дубора боз кард