Дар Маскав ҳунарманди театр- Владимир Зелдин вафот кард

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкҲунарманди мардумии Русия Владимир Зелдин. Акс аз бойгонӣ
Ҳунарманди мардумии Русия Владимир Зелдин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманд Владимир Зелдин имрӯз дар беморхонаи Маскави ба номи Склифосовский дар синни 101-солагӣ аз олам даргузашт. Қайд мегардад, ки хабар аз ҷонииби ҳамсари ӯ тасдиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Маскав ҳунарманди театр Владимир Зелдин вафот кард, хабар медиҳад Лайф. Ӯ имрӯз дар беморхонаи Маскав ба номи Склифосовский дар синни 101-солагӣ аз олам даргузашт.

Қайд мегардад, ки хабар аз ҷониби ҳамсари ҳунарманд тасдиқ карда шудааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳунармандро аз бемористони ҳарбӣ ба беморхонаи ба номи Склифосовский интиқол додаанд. Дар давоми се ҳафта ҳунарманд дар ин даргоҳ табобат гирифт. Владимир Зелдин дар пайи паст шудани фишори хун ба беморхона афтод.

Владимр Зелдин аввалин ҳунарманди театр мебошад, ки зиёда аз 100 сол умр дида, то охири умри худ дар саҳнаи театр нақш офаридааст. Шурӯъ аз соли 1945-ҳунарманди Театри марказии  академии артиши Русия мебошад.

Ӯ бори охир дар намоишномаи "100, ё рақс бо вақт",- и коргардон Юлий Гусман нақш офарида буд.

Лентаи хабарҳо
0