Дар Маскав консерт-озмуни Мусиқии шарқӣ баргузор гардид. Акс аз бойгонӣ

Шаҳло дар озмуни "Мусиқии шарқӣ" дар Маскав санъати тоҷикро муаррифӣ кард

228
(Таҷдидшуда 18:24 31.10.2016)
Дар шаҳри Маскав санаи 29-октябри соли равон дар хонаи фарҳанги “Стимул” консерт-озмуни “Мусиқии шарқӣ” баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тоҷикистонро дар озмуни байналмиллалӣ Шаҳло Каримова намонядагӣ кард. Маркази фарҳанги "Стимул"-и Маскав овозхонони беҳтарини миллатҳои гуногунро дар консерт-озмуни "Мусиқии шарқӣ" ба ҳам овард.

Дар озмун сарояндагони Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Доғистон, Арманистон, Русия, Туркманистон, Ҳиндустон, Узбакистон ва дигар миллатҳо санъати худро пешкаши доварон ва тамошобинон гардониданд.

"Мақсади асосӣ аз баргузории косерт-озмун, ин тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона байни миллатҳои гуногун ва ташкили фазои сулҳу осоишта мебошад",-гуфт Хуршеда Ҳамроқулова роҳбари маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав ва яке аз доварони озмун дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Истеъдоди иштирокчиёни озмун аз ҷониби устодони донишоҳҳои фарҳанги Маскав баҳогузорӣ карда шуд.

Иштирокчиёнро хешу табор ва ёру дӯстонашон дастгирӣ карданд.  Гарчанде, шумораи  тамошобинон наонқадар зиёд буд, вале намояндагони миллатҳои гуногун бо истеъдоди худ ва сурудҳои миллӣ, тавонистанд фазои созу сурудро гарм намуда ва ҳатто тамошобинонро таҳти навои дилошӯб ба рақс дароранд.

Дар баробари баромади Шаҳло ҳамчунин Баҳром низ дар даври ғайриозмунӣ аз Тоҷикистон намояндагӣ карда, тамошобинонро, ки намояндагони  миллатҳои гуногун буданд,  бо савти бадахшонӣ шинос намуд.

© Sputnik
Дар Маскав озмуни байналмилаллии "Мусиқии шарқӣ" баргузор гардид

Чунин менамуд, ки ин консерт-озмун набуда, балки як ҷашни бузурги дилҳост. Намояндагони миллатҳои гуногун бо забонҳои якдигар суруд мехонданд ва ҳамаро дар ҳайрат мегузоштанд.

"Ман хеле шодам, ки ба ин консерт омадам. Дар як рӯз ман бо фарҳанги намояндагони миллатҳои гуногун шинос шудам. Аз сурудҳои ҳиндӣ бисер ҳаловат бурдам. Бештар аз ҳама ба ман баромади намояндаи Русия, ки бо забони доғистонӣ суруд хонд писанд омад",-гуфт Кристина донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Маскав.

Ҷойи аввалро намояндаи Русия-Валерия Струкова ба даст овард. Ӯ ду сурудро бо забони доғистонӣ пешкаши тамошобинон намуд. Мақоми дуюм насиби намояндаи Доғистон-Ҷамила Залова гардид. Ҷойи сеюм бошад ба ду нафар Амирхон-намояндаи Ҳиндустон ва иштирокчии кӯчактарини консерт Ҷамила Каримова дода шуд. Ҳамаи иштирокчиёни озмун бошад, бо дипломҳои махсус ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

В Москве прошел конкурс Музыкальный Восток
© Sputnik
Иштирокчиёни озмуни "Муиқии шарқӣ" бо дипломҳои махсус қадрдонӣ гардиданд

Консерт-озмун аз ҷониби марказҳои фарҳангии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Доғистон, Узбакистон бо дастгирии ҳукумати ФР, Россотрудничества ташкил карда шуд.

"Ин аввалин консерт-озмуни байналмиллӣ мебошад. Мо кӯшиши мекунем, ки дар оянда бо ҷалби бештари иштирокчиён доираи озмунро васеътар намоем",-илова кард Хуршеда Ҳамроқулова.

Ташкилкунандагони озмун қайд карданд, ки  моҳи апрели соли 2017 чунин консерт-озмун миёни раққосони миллатҳои гуногун баргузор карда мешавад.

228
Барчаспҳо:
озмуни "Мусиқии шарқӣ", Хуршеда Ҳамроқулова, Маскав