Бақо Содиқов - коргардони машҳури тоҷикро дар Русия ёд карданд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкРафи китоб, акс аз бойгонӣ
Рафи китоб, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Бақо Содиқов- яке аз коргардонҳои боистеъдоди Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ дар Бухоро ба дунё омада, дар Тошкант ва Маскав таҳсили илм кардааст ва дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон фаъолият намудааст.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Санк- Петербурги Русия муаррифии китоби Муҳиддин Маҳмудов "Кинои Бақо Содиқов"  баргузор гардид, хабар медиҳад сомонаи мағозаи китоби "Порядок слов".

Намоишномаи Суди девонагон дар Лондон - Sputnik Тоҷикистон
“Суди девонагон”-и Конибодом аз Лондон ҷоиза меорад

Муаллифи китоб ба меҳмонон дар бораи коргардони машҳури тоҷик, корманди хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Бақо Содиқов нақл намуд. Пасон ба ҳозирон филми "Смерч"-и коргардони тоҷик, ки соли 1988 сабт гардиааст, намоиш дода шуд.

"Смерч" дар ҷашнвораи Каннский ҳам иштирок карааст. Дар китоби муаллиф Муҳиддин Маҳмудов мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва сӯҳбатҳои Бақо Содиқов бо коргардонҳои машҳур ва мактубҳо,  иқтибос аз лексияҳои вай дохил мешаванд. Ҳамчунин дар китоби мазкур дар бораи сенарияи кинофилми "Қайс" ва "Камоли Хуҷандӣ" метавон маълумот ёфт.

"Бақо Содиқов- яке аз коргардонҳои боистеъдоди Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад.  Ӯ дар Бухоро ба дунё омада, дар Тошкант ва Маскав таҳсили илм кардааст ва дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон фаъолият намудааст. Филми "Адонис ХIV"-ро Бақо Содиқов соли 1977 дар ҳимояи дипломии худ ба навор гирифтааст, аммо он танҳо дар даврони бозсозӣ- соли 1986 дар экаранҳо намоён гашта, дар ҷашнвораҳои Маскав ва Мангаям ҷоизаҳо ба даст овардаст. Филми тамсилӣ дар бораи буз-ҷосуси махсус мебошад,ки  дар комбинати гӯштӣ тамоми рамаро ба куштор мебарад. Яке аз беҳтарин филмҳои коргардон —тамсилаи образноки назмии "Бухорои Шариф" мебошад",- мегӯяд  Андрей Плахов собиқ президенти Федератсияи байналмиллалии кинопрессаи FIPRESCI.

Ба гуфтаи вай пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мушкилии вазъияти фарҳангӣ ва сиёсӣ ба Бақо Содиқов имконият надод, ки тамоми мақсадҳои худро амалӣ гардонад, аммо ҳар амале, ки дар ҷодаи кино ба ба анҷом расонидааст, ҳамчун дурдонаҳои соҳаи режессура боқӣ мемонад.

Лентаи хабарҳо
0