Шоми фарҳангии тоҷикон дар Маскав

Фарҳанг ҳудуд надорад: шоми фарҳангии тоҷикон дар Маскав

338
(Таҷдидшуда 19:10 15.12.2016)
Шоми 14-уми декабр Хонаи марказии нависандагони Маскав ба Хонаи тоҷикон табдил гардид. Баробари ворид шудан ба марказ, худро дар Ватан ҳис кардем: пешвозгирии тоҷикона, лаҳни тоҷикӣ ва мардуми тоҷик

Эй боргоҳи қударт,

Эй манбаи саодат

Раҳмат бибор, раҳмат

Аз иттиҳоди тоҷик

Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар Маскав Шоми фарҳангии тоҷикон баргузор гардид.

Ба қавли Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомуддин Сатторов "бо як чорабинӣ наметавон тамоми фарҳанги бой ва қадимаи тоҷикро нишон дод", аммо ба ҳар ҳол, меҳмонон бо чакидаҳо аз фарҳанги тоҷикӣ шинос шуда тавонистанд ва ошиқи он ҳам гардиданд.

Ба гуфтаи яке аз ташкилкунандагони чорабинӣ раиси Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Русия Хуршеда Ҳамроқулова дар толор намояндагони бисёр халқҳо — рус, ӯзбек, қирғиз, қазоқ, туркман, турк, белорус, украин нишаста буданд.

Қисми консертии чорабиниро овозхони машҳур Далер Назаров ифтитоҳ кард.

"Ман зиндагиро барои суруд, оҳанг ва мусиқӣ сипос мегузорам. Маҳз суруд ва мусиқӣ аст, ки моро ба ҳам меорад",- гуфт овозхон пеш аз баромад.

Аксари тамошобинон дар толор мардуми тоҷик буданд. Ба шунидани номи Далер Назаров садои амвоҷи қарсакҳо баланд шуд ва тамошобинон якҷоя бо овозхон суруд мехонданд.

Шеър як қисми ҷудонашавандаи фарҳанги қадимаи тоҷик буд ва мемонад. Ба гуфтаи муовини вазири фарҳанги Русия Сергей Обривалин, ки қисми расмии чорабиниро ҳамроҳи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов кушода намуданд, "тоҷикон ба ҷомеи ҷоҳонӣ дар тӯли таърих фарҳанги қадима ва ашъори қимматбаҳо ҳадя намудаанд".

Шоир ва тарҷумони шинохтаи рус Михаил Синелников, ки ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ бо машҳуртарин шоирону нависандагони тоҷик ҳамкорӣ дошт  ва қариб аз ашъори тамоми намояндагони классику тоҷикро ба забони русӣ тарҷума кардааст, ба ташнагони каломи воло бо забони русӣ тарҷуми шаърҳои Саъдӣ, Хофиз ва Бозор Собирро пешниҳод намуд, ки ҳамзамон ба забони тоҷикӣ низ қироат мегардид.

Пас аз он, ки тамоми меҳмонони чорабинӣ аз ашъори бойи тоҷикӣ ҳаловат бурданд, барандаи барнома Аслишои Акимбек эълон намуд, ки ҳоло суруди "Я встретил девуку" (Дидам ҷамоле- Турсунзода- идора)тақдими тамошобинон мегардад.

Сергей Избаш ҳунарманди хизматнишондодаи Русия ин сурудро иҷро намуд ва ҳамзамон  рақси тоҷикӣ ҳам пешниҳод кард, ки тамоми меҳмонон баромади ӯро хело хуш пазируфтанд.

Сергей Избаш "зинда бод дӯстии халқо"  гӯён саҳнаро тарк намуд.

Бобоҷони Амонулло овозхони ҷавон ва шинохтаи Тоҷикистон мегӯяд, ки аз баргузоршавии ин гуна чорабинӣ дар Русия хело шод гардид.

Ӯ дар шоми фарҳангӣ бо суруди Ватан хотираи бинандагонро як бори дигар сӯи Тоҷикистон ва кишвар бурд.

Ба гуфтаи овозхон "ба дидори дӯст рафтан ибодат аст" ва имрӯз тоҷикон бори дигар, на танҳо аз фарҳанги худ ёдовар шуданд, балки ба дидори ҳамдигар расиданд.

"Ин гуна чорабиниҳо бояд зуд зуд ташкил карда шаванд, зеро мо бояд аз асли худ дур нашавем ва онро фаромӯш накунем. Ман, мутассифона тоҷиконеро низ во хӯрдам, ки забони худро фаромӯш кардаанд",- мегӯяд Бобоҷони Амонуллоҳ.

Ба фикри Бобоҷон дили касеро шод намудан хело мушкил аст, махсус барои ҳунарманд, ки танҳо ба воситаи  истеъдоди боло метавонанд ин амалро иҷро кунанд.

Ғайр аз ин овозхон иброз дошт, ки мақсади ташроиф овардани вай ба Русия шод намудани муҳоҷирони тоҷик ва ташкили консерт мебошад.

Бо баромадани гурӯҳи Шамс ба саҳна ҳаводорон хурсандӣ ва сурудхонӣ мекарданд.

Ноҳиди Зейналпур ба оҳанги "Навои дил" хотири бинандагонро боз ҳам хушҳолтар намуд ва ба дунёи хотираҳо бурд.

Бобоҷони Амонулло ва Ноҳиди Зейналпур
© Фото : Facebook
Бобоҷони Амонулло ва Ноҳиди Зейналпур

Суруди "Ба Лалазоре" бо иҷрои гурӯҳи Шамс барномаро ба ниҳояти он наздик овард.

Дар охир Ақназар Аловатов бо Нобовар Чаноров аз ашъори орифонаи Ҷалолуддини Румӣ нағмасароӣ намуданд.

Хуршеда Ҳамроқулова мегӯяд, ки чорабинӣ ба охир расида бошад ҳам, тамошобинон хонаи нависандагонро тарк кардан намехостанд.

Ҳама аллакай ба фазои чорабинӣ ворид шуда буданд ва мехостанд, ки бо ҳамдигар ҳиссиёти худро тақсим кунанд.

Ба гуфтаи раиси диаспораи тоҷик "чанд нафар аз халқҳои дигар ба назди ман омаданд ва гуфтанд, ки мо аз чорабинӣ ҳаловат бурдем. Мо фикр мекардем, ки танҳо тамошо мекунем, аммо интизор набудем, ки ин чорабинӣ то ин дараҷа диққати  моро ҷалб мекунад".

"Мақсади ташкили шоми фарҳангӣ таҳкими муносибати байни халқҳои гуногун мебошад. Ҳоло вазъи дунё хатарнок аст.  Миллатҳо якҷоя зиндагӣ мекунанд, аммо якдигарро намешиносанд. Ташкили чунин чорабиниҳо мардумро ба ҳамдигар наздик мекунад",- мегӯяд Ҳамроқулова.

© Sputnik
Дар Хонаи марказии нависандагони Маскав Шоми фарҳангии тоҷикон баргузор гардид
Шоми фарҳангӣ барои мо- пеш аз ҳама тарғиби фарҳанги мост. Мардуме, ки аз Тоҷикистон дур зиндагӣ мекунанд, ба фарҳанги худ наздиктар мешаванд ва ба  ёд меоранд. Ба ғайр аз ин шом пуле мешавад, ки мардуми тоҷик ва русро бо ҳам пайваст мекунад. Ба ин восита муносибат бо муҳоҷирони тоҷик дигаргун мешавад, мегӯяд  Хуршеда Ҳамроқулова.

Сиёсатшиноси рус Максим Шевченко пас аз чорабинӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки бояд дар Русия бештар бо фарҳанги тоҷик шинос шаванд. Агар намояндагони фарҳангии тоҷик бисёртар ташриф оранд, байни тоҷикон ва русҳо якдингарфаҳмӣ бештар мешавад.

Ҳоло дар Русия насле ба воя расидааст, ки дар бораи Тоҷикистон, фарҳанги тоҷик, шоирон ва таърихи чандинсолаи тоҷик чизе намедонад, аз ҳамин сабаб ташкили ин гуна чорабиниҳо хело муҳим аст, мегӯяд сиёсатшинос.

338
Барчаспҳо:
ҳунармандон, шоми фарҳанӣ, тоҷикон, Бобоҷони Амонуллоҳ, гурӯҳи Шамс, Далер Назаров, Русия, Маскав
Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмон ба Исматуллозода вазифаи нав дод

4004
(Таҷдидшуда 16:11 14.08.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори ҳукумат ҳайати нави аъзои Кумитаи ҷоизаи давлатӣ ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки раисиҷумҳур ахиран имзо кард, Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон ба мақоми раиси Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Абубдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика таъйин шуд.

Ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоир Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Инчунин Ҳукумат ҳайати аъзои Кумитаи ҷоизаи ба номи Рӯдакиро тасдиқ намуд, ки коршиносони бахшҳои гуногун шомили он гардидаанд.

Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ олитарин ҷоизаи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки ба эҷодкорони кишвар тақдим мегардад.

Ин ҷоиза ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта дар замони шӯравӣ таъсис ёфта, бисёре аз адибони шинохтаи тоҷик барандаи он шудаанд.

4004
Барчаспҳо:
ҷоиза, тағйирот, Тоҷикистон
Евгений Примаков, раиси Россотрудничество, акс аз бойгонӣ

Ислоҳоти раиси нави “Россотрудничество”: аз ребрендинг то афзоиши бурсияҳо

291
(Таҷдидшуда 22:03 12.08.2020)
Тағйири ном, зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯён аз ИДМ ва кор бо ҳунармандони шинохта - ҷузъиёте аз стратегияи ҷадиди “Россотрудничество” мебошанд, ки раиси нав муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik, Данара Курманова. Ҳанӯз охири моҳи июн маълум шуд, ки Евгений Примаков, тележурналист ва вакили Думаи давлатӣ, роҳбари ожонси “Россотрудничество” таъйин гардидаст.

Дар рӯзи аввали кораш дар мақоми нав, Примаков ба расонаҳо ваъда дод, ки акнун ожонсро тағйироти бузург интизор аст. Аммо тафсилотро танҳо 11 август, зимни лексияи онлайнияш тавзеҳ дод.  Sputnik аз ҷузъиёти муҳими барномаи нави “Россотрудничество” гузориш таҳия кард.

Бидуни нерӯи нарм: чӣ хориҷиҳоро дӯсти Русия мекунад?

Пеш аз ҳама роҳбари “Россотрудничество” ба шарикон пешниҳод кард, ки аз корбурди истилоҳи “нерӯи нарм” худдорӣ кунанд, чун ба гуфтаи ӯ "ин мафҳуми норӯшанест, ки мо онро набаровардаем”.

“Ҳадафи “Россотрудничество”  аз аввал татбиқи нерӯ набуд, балки таъмини фазои мусоиди байналмилалӣ ва осудагӣ мебошад. Ожонс тавассути барномаҳои фарҳангию  маърифатӣ барои рушди ҳам Русия ва ҳам кишварҳои шарик шароит фароҳам месозад", - изҳор дошт роҳбари нав Ожонс.

Ба гуфтаи Примаков,  “Россотрудничество” аз идеяи ҳузури гуманитарӣ канор меравад, чун он консепти куҳна мебошад. Ӯ зарурати гузаштан аз ҳузури гуманитарӣ ба таъсири гуманитариро таъкид кард, ки барои ҳифзи субот мусоидат мекунад.

Ба сифати мисоли таъсири гуманитарӣ Примаков фоҷиа дар Бейрутро зикр кард, ки ожонс бори аввал дар интиқоли табибон барои кумак ба осебдидагон иштирок кард. Примаков ин иқдомро рамзӣ хонда, таъкид намуд, ки маҳз чунин чораҳо барои муносибати дӯстона ба Русия дар хориҷа мусоидат мекунанд. Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти ожонс ҳеч нерӯе кор бурда нашуда, танҳо талош барои ҳамраъйӣ ҷой дорад.

Маҳфилҳо барои чойхӯрию иди тушберра бас: шеваи нави кор

Дар пайи омӯзиши якмоҳаи кори ожонс Евгений Примаков ба хулосае омадааст, ки ислоҳот дар ожонсро бояд аз шабакаи марказҳои русӣ оғоз кард.

"Кори онҳо набояд дар маҳдудаи аз ин чорабинӣ то чорабинии дигар, балки доимӣ бошад. Ин бояд низоми бошгоҳие бошад, ки иштирокдорон ҳар вақти дилхоҳ тавонанд он ҷо ҳузур дошта бошанд, суҳбат кунанд, китоб хонанд. Зеро ин марказҳо дар хориҷ маҳз барои афроде мебошанд, ки ниёз ба иртибот бо Русия доранд”, - шарҳ дод ӯ.

Ба ақидаи Примаков ҳар марказ набояд танҳо ба ҷавонон нигаронида шавад, балки аҳолии синнашон боло низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд, чун дар хориҷа зодаҳои шӯравӣ зиёданд, ки синнашон ба бознишастагӣ наздик омадааст. Барои ҳар гуруҳ вобаста ба сол бояд фаъолиятҳо фароҳам шаванд.

“Ба мо чорабиниҳое, ки танҳо барои қайд гузаронда мешаванду меҳмонҳоро чой мехӯронанд, зарур нест”, - изҳор дошт Примаков ва аз кормандони Ожонс даъват кард, ки аз идеяҳои монанд ба “Рӯзи мусиқии русӣ” ё “Иди тушберраи русӣ” канор раванд.  

Ӯ аз мушкил дар тағйири низоми кори бархе марказҳо гуфт, чун дар дохили бинои сафорат қарор доранду на ҳар кас метавонад вориди онҳо шавад: “Барои ин мо корро аз марказҳое оғоз мекунем, ки роҳандозии низоми ҷадид дар онҳо имконпазир аст”.

Ҷалби ситораҳо ва таҳлили майли ҷавонон

Раиси “Россотрудничество” зикр кард, ки аудиторияи асосии ожонс ҷавонон мебошанд, ки бештар майл ба фарҳанги поп доранд. Донишҷӯёни оянда метавонанд, тариқи китоб, синамо ва силсилафилмҳо майл ба фарҳанги русӣ пайдо кунанд. Ба ақидаи ӯ, шинос кардани ҷавонон бо классика муҳим мебошад, аммо шавқу майлҳои хоси ҷавононро низ набояд сарфи назар кард.

“Каманд афроде, ки англисиро омӯхтаанд, то осори Шекспирро бо забони асл бихонанд. Барои ҷавонони муосир забон ин пеш аз ҳама имконоти иҷтимоию иқтисодӣ мебошад”, - изҳор дошт роҳбари “Россотрудничество”.

Дар ин робита “Россотрудничество” бояд ҳунармандони шинохтаро бештар ба чорабиниҳо дар хориҷа ҷалб кунад, зарур хонд Примаков. Инҳо бояд афроде бошанд, ки дар ҳама ҷо шинохтаанд, на танҳо ҳайатҳои хурди эҷодӣ, ки дар бораи онҳо дар доираҳои маҳдуд сухан меравад.  

Ҳама нав мешавад: “Россотрудничество” ребрендинг мекунад

Худи номи “Россотрудничество” муосиру фаҳмо садо намедиҳад, хоса  барои афроде, ки русиро балад нестанд, мегӯяд Примаков. Ӯ зарурати ребрендинги ожонсро таъкид карда, афзуд, ки марказҳои илму фарҳанги Русия – ба русӣ РЦНК низ бояд тағйири ном кунанд.

“РЦНК – бисёр абревиатураи даҳшатовар аст,  чун худи номи “Россотрудничество”.  Хориҷӣ тавони талаффузи онро надорад”, - бовар дорад Примаков.

Дар баробари ин номи расмии ожонс – “Ожонси федералӣ дар умури ИДМ, ҳамватанҳои дар хориҷ иқоматдошта ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ” ҳифз хоҳад шуд, танҳо бренди зоҳирӣ барои аудиторияе, ки забонашон русӣ нест, тағйир дода мешавад.

Калимаи “Россотрудничество” барои гӯяндаҳои забони русӣ чандон ваҳмовар нест, аммо номи нав барои Ожонс хароҷоти нав дар пай дорад, чун ҳадди ақал овезаҳо ва санадҳои расмӣ бояд тағйир дода шаванд. Ин маблағҳоро метавон барои корҳои муфиди дигар харҷ кард.

Зоҳиран сарфакорию хирадмеҳварӣ аз омилҳои калидии стратегияи Примаков мебошанд. Ӯ нияти кирои таҳиягарони брендро низ надорад, мехоҳад озмуни кушодеро эълон кунад, то номро барои Ожонс донишҷӯёне пешниҳод кунанд, ки тариқи “Россотрудничество” ба донишгоҳҳои Русия шомил шудаанд. Ӯ дар шарҳи мантиқи ин тасмим гуфт, ки ҳеч кас беҳтар аз иштирокдорони бевоситаи ин лоиҳа консепсияи онро эҳсос нахоҳад кард.  

Такя ба ИДМ: бурсияҳо ду баробар зиёд мешаванд

Бо пеш гирифтани лоиҳаҳои ҷадид, “Россотрудничество” пешбарии таҳсилоти Русияро низ канор нахоҳад гузошт, гуфт Примаков.

"Бо фармони президенти Федератсияи Русия бурсияҳои таҳсили ройгон барои шаҳрвандони хориҷӣ дар солҳои наздик ду баробар зиёд карда мешаванд. Феълан теъдодашон 15 ҳазор ададро ташкил медиҳад”, - хабар дод Примаков.

Зиёда аз он Ожонс лоиҳаҳои маърифатиеро, ки бо Русия ва забони русӣ алоқманданд дастгирӣ хоҳад кард, чӣ донишгоҳи бузург бошаду чӣ кӯдакистоне дар навоҳии дурдаст.

Инчунин “Россотрудничество” бештар ба таҳлил таваҷҷуҳ хоҳад кард, то беҳтар бифаҳмад, ки ҷавонони муосир ба чӣ майл доранд. Бо ин ҳадаф ожонс ният дорад, ки сомонаашро ба таври куллӣ тағйир диҳад. Примаков мегӯяд, сомонаи навро хонданбобтар хоҳанд  кард.

Ҳамаи ин албатта вақт мехоҳад, чун ожонс дар чаҳорчӯбаи сахт кор мекунад ва ҳар лоиҳа бояд ҳадди ақал як сол то оғози он тасдиқ шавад. Бо вуҷуди ин раиси “Россотрудничество” ваъда дод, ки ба шарофати навовариҳо ниҳоди тобеяш кушодтар хоҳад буд.

“Ин барои мубориза бо стереотипҳои куҳна, ки метавонистанд бо назардошти собиқаю хотираи куҳна нисбати ожонсамон пайдо шуда бошанд, кумак мекунад”, - хулоса кард Примаков.

291
Барчаспҳо:
ислоҳот, таҳсил, ИДМ, Русия
Первая в мире вакцина от коронавируса

Ваксинаи коронавируси Русия: "олӣ, мисли ҳамагуна олиҳо"

0
Дар роҳи наҷот аз коронавирус - роҳи дигар ҳам ҳаст: одамонро аз олудашавӣ аз он наҷот додан. Ин роҳи беҳтарин аст -ҳам худи одам бемор нест, ҳам атрофиёнашро олуда намекунад.

Мо, пизишкон, дар табобати беморони коронавирус бо истифодаи "антитела", "стероидҳо" ва маводҳои зиддивирусӣ муваффақ шудем. Дар натиҷа марг аз коронавирус камтар шуд, аммо дар ҳолатҳои вазнин мо маҷбурем, ки беморонро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кунем. Аз даҳ бемор шаш-ҳашт нафарашон аз инфексияи дохилибемористонӣ мемиранд. Ин гуна беморонро антибиотикҳои нав метавонистанд наҷот диҳанд, аммо барои коркарди онҳо солҳо лозим аст.

Роҳи дигар ҳам ҳаст: одамонро аз олудашавӣ ба коронавирус наҷот додан. Ин роҳи беҳтарин аст -ҳам худи одам бемор нест, ҳам атрофиёнашро олуда намекунад. Зеро то кадом андоза ба ин беморӣ нафарони устувор бештар шаванд, ҳамон андоза қабати иммунии ҷамъият ғафстар мешавад, ба эпидемия хотима меёбад.

Феълан, нафароне нисбати ин беморӣ устувор дониста мешаванд, ки ин бемориро аз сар гузаронанд. Аммо як роҳи бехатари дигар ҳам ҳаст - сироятнопазир кардан. Дар ҳоле, ки ваксинаи бехатар ва самаранок, ки мутахассисони маркази илмии ба номи Гамалеи сохтаанд, омода аст. Ин пажӯҳишгоҳ дар ҷомеаи микробиологӣ мисли бренди "Мерседес" дар мошинсозӣ аст.

Русия ба озмоиши ваксин алайҳи коронавирус оғоз кард

Ман чанд сол аст, ки академикҳо Гинсбург ва Логуновро мешиносам. Бо онҳо ва кормандонашон мо роҳҳои нави мубориза бо бактерияҳои устуворро меомӯзем. Афзун бар ин, олимони пажӯҳишгоҳ аллакай зидди эбола ва MERS ваксин сохтаанд.

Ва на танҳо сохтанд, роҳи сохтани бехатар ва самаранок - векториро кашф намуданд. Ба аденовируси барои инсон беозор, мисли ба машаки ҳомил, истгоҳи мадорӣ - бурдаи коронавирусро мечаспонанд. Ва ба бадани инсон сар медиҳанд. Пас аз ин ҳам  ба мушаки ҳомил ва ҳам ба истгоҳи мадорӣ иммунитет ҳосил мешавад. Барои ин дастовардро мустаҳкамтар кардан, пас аз се ҳафта, ҳамин гуна "истгоҳи мадорӣ"-ро дар дигар "мушаки ҳомил", дигар аденовирус сар медиҳанд. Ва боз иммунитет ҳосил мешавад. Дар натиҷа ба ҳарду аденовирус иммунитети заифтар ҳосил мешавад (зеро он ба организм лозим нест), ба коронавирус бошад - иммунаи пойдор ва устувор.

Олӣ, мисли ҳамагуна олиҳо. Зеро касе мисли мо то ин дараҷа нозукиҳои ваксинасозиро фикр накарданд. Дар ҷаҳон боз чанд ваксинаҳои векторӣ сохта мешаванд, аммо мисли ваксинаи коронавирус ду "мушаки ҳомил" надоранд.

Ваксин аллакай дар бадани довталабон озмоиш шудааст. Бояд қайд кард, ки довталабони нахустин ҳамон кормандони пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалеи буданд. Онҳо мисли созандагони пуле буданд, ки то қатораи аввал гузаштан, зери пул худашон истоданд. Пас аз онҳо ваксина дар бадани низомиён озоиш шуд! Ягон ҳолати зарари ваксин ба қайд гирифта нашудааст, ҳама иммунитети қавӣ доранд.

Ҷои тааҷҷуб нест, ки дар рафти сохтани ваксин мавҷи танқидҳо боло шуданд. Аз овозаҳои дурӯғи технологияҳои дуздидашуда сар карда, то бад шудани аҳволи довталабони озмоиши ваксин. Охиронашон  мудҳиш садо медиҳад: тақвияти вобастаи антителӣ (ADE). Ин барои ғайримутахассисон мудҳиш аст. Вирусологҳо медонанд, ки осори ADE танҳо барои лихорадкаи Денге шарҳ дода шудааст, ҳамон ҳам ба ваксингузаронӣ вобаста нест. Дар дигар ҳолатҳо осори ваксинаро танҳо дар пробирка мебинанд. Бояд қайд кард, ки на дар ҳолати инфексияи коронавирус.

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

 Аз ин ҷо як савол бармеояд. Ин ширкатҳоро дар расонаҳо кӣ маблағгузорӣ мекунад? Он коршиносони мастақил аз кӣ вобастаанд. Ҷавобаш рӯшан аст: истеҳсолкунандагони дигар ваксинҳо ки феълан аз олимони Русия ақиб мондаанд. Баъзан аз истеҳсолкунандагонии доруҳои зиддивирусӣ, ки камсамаранд.

 Ба мо пизишкон ҳамаи ин шармовар аст. Мо интизорем, ки кай коронавирус маҳв мешавад ва мо бо дигар бемориҳои эпидемикӣ, ки то ҳол дастамон намерасид, машғул мешавем.

0