Сокинони Маскав оши беҳтарини тоҷикӣ ва узбекиро муайян карданд

© Sputnik / Максим БлиновҶашни оши павлов дар Маскав
Ҷашни оши павлов дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои дӯстдорони хӯрокҳои Шарқӣ ошпазон ду намуди ошро омода карданд: яке оши анъанавӣ бо гӯшти барра ва дигар барои вегетарианҳо бо замбурӯғ

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik, Анастасия Лебедева. Рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Маскав бахшида ба ворид шудани оши палави Тоҷикистону Узбакистон ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ дар ҳавлии осорхонаи Шарқ гузаронида шуд.  Вале ошро на шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон, балки шаҳрвандони Русия омода намуданд. Гуфта шуд, ки ташкилкунандагони чорабинӣ чун рамзи муттаҳид сохтани халқиятҳои гуногун ба воситаи оши палов ба чунин қарор омаданд.

"Чӣ лозим аст? Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамаро якҷо кунем, на ҷудо. Чӣ лозим аст, ки бартарияти оши тоҷикӣ, узбекӣ ё қазоқӣ нишон дода шавад. Боз эрониҳо, озарҳо ва ҳиндуҳо омада баҳс мекунанд",-гуфт бо табассум яке аз ошпазон ба Sputnik Тоҷикистон.

Роҳбари маркази фарҳангии Тоҷикистон Хуршеда Ҳамроқулова, ки мардумро ба чашидани ғизои болаззат даъват мекард, бо гуфтаҳои боло розӣ аст.

"Ҷашни мо имрӯз ба оши палов бахшида мешавад. Оши палав аз замонҳои қадим вуҷуд дорад ва аксари халқиятҳо онро  хӯроки миллии худ медонанд, вале биёед беҳтараш мегӯем: оши палав-ин хӯроки анъанавӣ буда, аз як халқ ба халқи дигар мегузарад. Ин ғизо баъди чандин солҳои тӯлонӣ имрӯз ҳам хусусияти ҳамгироӣ дорад",-изҳор дошт Ҳамроқулова.

Барои дӯстдорони хӯрокҳои Шарқӣ ошпазон ду намуди ошро омода карданд: яке оши анъанавӣ бо гӯшти барра ва дигар барои вегетарианҳо бо замбурӯғ. Таҷҷубовараш он буд, ки назди деги дуюм шумораи хоҳишмандон хеле зиёд буд. Ҳама мехостанд, намуди нави оши палавро бичашанд.

© Sputnik / Максим БлиновҶашни оши палав дар Маскав
Праздник плова в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашни оши палав дар Маскав

Яке аз ошпазон, бо исми Иля гуфт, ки ӯ ҳуқуқшинос аст ва омода намудани оши палавро аз рафиқонаш омӯхтааст. Ӯ чунон ба ин шуғл дода шуд, ки баъдтар дар фестивали "Культ плова" иштирок карда, соли 2015 ҳатто дар яке аз ҷашнвораҳои  оши палав ҷоизаи "Беҳтарин ошпаз"-ро соҳиб шудааст. Соли 2016 бошад ӯ барои тарзи нави омода намудани оши палав соҳиби мукофоти махсус гардид. Ин ҳамон оше буд, ки ӯ барои вегетарианҳои Маскав омода намуд.

Барои ман ҳаҷми меъёрии ош 5 кг биринҷ аст. Ҳоло бошад дар дохили дег 15 кг биринҷ ҷой дода шудааст. Дар умум ман метавонам 60 намуди ошро омода намоям. Барои ман тарзи тайёр намудани оши палав дар кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ аҷиб буд. Албатта меъёрҳои асосӣ аз ҳама якхел аст. Вале масалан дар Тоҷикистон асосан омода намудани ош бо равғани зағер маъмул аст. Дар Узбакистон бошад бо равғани пахта. Равған ба маззаи ош таъсири амиқ дорад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин "Маззаи шарқӣ" аст",-нақл мекунад ошпаз.

© Sputnik / Максим БлиновҶашни оши палов дар Маскав
Праздник плова в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашни оши палов дар Маскав

Ба қавли ӯ гарчанде тамоми нозукиҳои тайёр кардани ошро аз худ карда бошад, то ҳол бо даст хӯрдан одат накардааст.

"Ман бо қошуқ мехӯрам. Албатта бо чангак намешавад. Бо чанкаг хӯрдан ин таҳқири ош ва ошпаз аст",-қайд кард ӯ.

Замоне, ки меҳмонон дар назди дег барои чашидани оши палав навбат меистоданд, ба ҳавои хунуки Маскав нигоҳ накарда, дар назди ҳозирин ҳунарманди ансамбли "Гулчин" Фарҳод Ҷонмаҳмадзода таҳти навои тоҷикӣ рақс кард. Ҳамчунин овозхон Ардамеҳр Алишод бо сурудҳояш дили меҳмоноро шод намуд.

© Sputnik / Максим БлиновҶашни оши палав дар Маскав
Праздник плова в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашни оши палав дар Маскав

 

Лентаи хабарҳо
0