Тӯҳфаи Филлип Киркоров ба Максим Галкин, ҷураби помирӣ

Ҷураби помирӣ: тӯҳфаи солинавии Филипп Киркоров ба Максим Галкин

3002
(Таҷдидшуда 16:52 03.01.2017)
Филипп Киркоров ситораи эстрадаи рус дар барномаи солинавии "Максим Максим" ба барандаи барнома Максим Галкин ҷураби помирӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ситораи эстрадаи рус Филипп Киркоров дар барномаи солинави "Макисм Максим", ки 2-январи соли 2017 тариқи шабакаи 1-телевизиони Русия намоиш дода шуд,  ба Максим Галкин ҷураби помирӣ ҳадя карда,гуфт, ки онро холаи Мари махсусан барои Максим бофтааст, то бемор нашавад.

"Холаи Мари, ки ҳоло бо тарбияи фарзандонам машғул аст, ин "наски"-ҳоро махсус барои ту бофт",-гуфт Филипп Киркоров зимни тақдими тӯҳфа.

Максим Галкин-"Ман аз Якубович чӣ камӣ дорам",-гӯён онҳоро ба по кашид.

Алла Пугачева, примадонаи саҳанаи рус, ки низ дар барнома ширкат дошт, як пои ҷурабро санҷид. Барои ӯ собиқ шавҳараш ҷузвдони махсус ҳадя кард.

Ҷураби помирӣ-як қисми ҷудонашандаи либои зимистонаи мардуми Бадахшон ба шумор рафта, дар ҷаҳон ягона аст. Қариб ҳамаи занони ВМКБ аз ӯҳдаи бофтани ҷураби помирӣ мебароянд. Ҷураб асосан бо риштаи аз пашми гусфанд омодашуда,бофта мешавад. Ранги ҷурабро ҳар як бофанда бо табъи дили худ интихоб мекунад. Асосан рангҳои баланд: сурх, сабз, зард, сафед, сиёҳ ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ-занони Помир ба фронт чандин ҳазор ҷураб таҳти шиори "Ҳама чиз барои фрот ва чиз барои ғалаба" равон карданд.

Мардуми Бадахшон ҷурабро ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонони олиқадр ҳадя мекунанд.

3002
Барчаспҳо:
ҷураби помирӣ, барномаи солинавӣ, Русия
Мавзуъ
"Тоҷик Эйр": тӯҳфаи беҳтарин саломатӣ аст
Таҷлили Соли нав дар шаҳри Душанбе
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ
Таджикская певица Манижа, архивное фото

Тоҷикдухтар Манижа Сангин, Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

467
(Таҷдидшуда 01:05 09.03.2021)
Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шабакаи якуми телевизиони Русия дар бораи роҳёбии Манижа Сангин ба Евровидение-2021 эълон кард.

Гуфта мешавад, Манижа Сангин Русияро бо таронаи Russian woman. намояндагӣ хоҳад кард.

Қаблан шабака иттилоъ дода буд, ки иштирокчии Евровидение аз кишвар рӯзи душанбе - бо овоздиҳии тамошобинон дар як намоиши махсуси идона муайян карда мешавад.
Довталабон Manizha, #2Маши или Therr Maitz буданд, ки тоҷикдухтар соҳиби роҳхат ба Евровидение-2021 гардид.
Евровидение-2021 рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор мешавад ва дар он сарояндагон аз 41 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, озмун ба таври муқаррарӣ баргузор мешавад, аммо ҳайатҳо ва шумораи рӯзноманигорон коҳиш дода мешаванд.

Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Ҳанӯз маълум нест, ки тамошобинон ба намоишҳо ҳозир мешаванд ё не.

Соли гузашта Евровидение бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуда буд. Мебоист Русияро гурӯҳи Little Big намояндагӣ мекард.

Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики муқими Русия соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст ва ба гуфти худаш замони нооромиҳо бо аҳли оилаашон ба Русия омадааст.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ "Не до славянка"-ро пешкаши мухлисон кард ва дар он бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом дод, ки ин тарона мавриди истиқболи коргарон қарор гирифт. 

Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Номбурда мегӯяд, аз 8-солагӣ ба эҷоди суруд машғул ҳаст ва ҳамаи намоҳангҳои худро худаш монтаж ва омода мекунад.

Ӯ ахиран соли гузашта нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд.

467
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

59
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

59
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон