Спектакль Утерянное завещание в Крокус Сити Холле

Дар ҷустуҷӯи худ: намоиши "Васиятномаи аздастрафта" дар Маскав

193
(Таҷдидшуда 18:13 30.01.2017)
Васиятномаи охирини Пайғамбар, таърихи шахсиятҳои барҷастаи мусулмони Русия ва таҳлили фардӣ, мусалмонони манотиқи гуногуни Русияро дар толори Крокус сити Холл ба ҳам овард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Мусулмонони Русия, бо аҳли оила, фарзандон, ёру дӯстон  барои тамошои намоишномаи "Васиятномаи аздастрафта" (Утерянное завещание) омада буданд.

Дирӯз дар толори Крокус сити Холл  башида ба мавлуди Пайғамбар Ҳазрати Муҳаммад (с) намоишномаи "Васиятномаи аздастрафта" баргузор шуд.

Қабл аз шурӯъ шудани намоиш муфтии шаҳри Маскав, имомхатиби масҷиди ҷомеи пойтахти Русия Элдар Аляутдинов баромад карда қайд намуд, ки "Васитяномаи аздастрафта"-ин  зиндагии ҳозира, оянда ва гузашта мебошад.

"Ин сайре тариқи асрҳо мебошад, нигоҳе ба гузаштаи худ аст. Аз ҳама муҳимаш ин таҳлили фардӣ, худшиносӣ аст",-гуфт муфтӣ зимни суханронӣ қабл аз шурӯъ шудани намоиш.

Спектакль Утерянное завещание в Крокус Сити Холле
© Sputnik
Намоиши ""Васиятномаи аздастрафта дар Маскав

Толори намоишӣ аз тамошобинон пур шуд ва ҳар нафар бо ҳаяҷон шурӯъ шудани намоишро интизор буд.

Намоишнома бо пайдо шудани духтаре, (Бибигул Актан Суюншалина) ки бо сабаби ишқи ноком қасди ҷони худ карда, мехоҳад худро аз болои пул сарозер кунад, шурӯъ мешавад. Ногаҳон чашми роҳгузаре, ки дар ин мавзеъ сайру гашт мекард ба духтар меафтад ва ӯ  наздик шуда, бо роҳҳои гуногун мехоҳад ӯро аз худкушӣ боздорад.

Ҳар дафаъе, ки духтар қарори худкушӣ мекунад, мард ба ӯ таърихе аз зиндагии шахсиятҳои барҷастаи мусулмонони Русияро нақл мекунад, ки чӣ гуна  тавассути боварӣ ба Худо ва васиятномаи охирини Пайғамбар онҳоро  ба ҳадафи асосӣ дар зиндагӣ расонид.

"Бӯҳрони тамаддун доиман хусусияти шахсӣ дорад",-мегӯяд, ҳикояткунанда, зиндагии бидуни маънавиёти духтари 20-соларо мисол оварда.

Ба гуфти ташаббускорон лоиҳа се ҳадафи асосиро пайгирӣ мекунад. Аввал шинос намудани тамошобинон бо шахсияти Пайғамбари Худо, дуюм додани маълумот дар бораи рушди ислом дар қаламрави шаҳрҳои мусалмонннишини Русия ва сеюм фаҳмонидани нақши дунёи маънавӣ дар зиндагии инсон.

© Sputnik
В Москве состоялась премьера спектакля "Утерянное завещание"

Дар умум дар намоишнома 150 нафар банд буданд ва он дар давоми чанд моҳ омода карда шуд.Дар намоишнома ҳунармандони театр ва кинои рус  Марат Башаров, Шамил Хаматов ва ҳунарпешаи қазоқ Бибигул Актан Суюншалина нақш офариданд.

Аксари тамошобинон бо аҳли оила ва фарзандонашон ба тамошои намошинома омада буданд.

Ба қавли Оиша, ки ҳамроҳи фарзандон ва ҳамсараш ба тамошои намошнома омадааст, хеле муҳим аст, ки кӯдакон аз хурдӣ бо мероси бойи динии худ шинос шаванд.

"Ман махсусан фарзандонамро бо худ гирифтам, то аз таърихи дини ислом бохабар шаванд",-гуфт Оиша дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Спектакль Утерянное завещание в Крокус Сити Холле
© Sputnik
Тамошобинони намоиш

Намоишнома на ба таври анъанавӣ балки бо истифодаи технолгияи замонавӣ  ба саҳна гузошта шуда буд. Либосҳои ҳунармандон ба ҳодисаҳои таърихии ин ё он замон мувофиқат мекарданд.

"Ман интизор набудам, ки намошинома чунин шавқовар мешавад. Маро ороиши саҳна ва либосҳои ҳунармандон дар ҳайрат гузошт. Ҳамааш бисёр хушрӯй",-ибрози андеша кард яке аз тамошонбинони намоиш Равиля.

Ба цисми дигари тамошобинон на  ороиши саҳна балки, маънои намошинома бештар писанд омад.

"Соли гузашта низ намоишномаи ба ин монанд буд, вале имсол намоишнома бисёр маънои амиқ дорад ва ҷавонони муосирро бо роҳи рост ҳидоят мекунад",-гуфт Илдар, намояндаи мусулмонони Ҷумҳурии Татаристон дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Намоишнома бо суруди се ҷавон, ки даъват ба аъмоли дуруст мекунанд, ба итмом расид. Намоишнома ба анҷом расида бошад ҳам, тамошобинон намехостанд толорро тарк кунанд.

Ташаббускорони лоиҳа гуфтанд, ки маблағи аз фурӯши чиптаҳо ба даст омада, дар доираи лоиҳаи "Закот"-"Поделись добром" ба ҷабрдидагони ҷанги Сурия бахшида мешавад. Ҳамчунин дар назар аст, ки намоишнома дар дигар шаҳрҳои мусалмоннишин Русия ва дигар кишварҳо ба намоиш гузошта шавад.

""Васиятномаи аздастрафта" —ро мо дар шаҳри Қазон ва дигар шаҳрҳои Русия намоиш медиҳем. Агар аз дигар кишварҳои масалан, аз Тоҷикистон даъват шавад, албатта мо дар он ҷо низ намошномаро баргузор хоҳем кард",-гуфт дар хулоса муфтӣ, имомхатиби масҷиди ҷомеи пойтахти Русия Элдар Аляутдинов.

193
Барчаспҳо:
Васиятномаи аздастрафта, намоишнома, Шӯрои муфтиёни Русия, Элдар Аляутдинов, Русия, Маскав
Мавзуъ
Марат Башаров: бо руҳи модарам сӯҳбат кардам
Театри ноҳияи Ёвон

Театри ноҳияи Ёвон касбӣ мешавад

49
(Таҷдидшуда 13:14 03.07.2020)
Мақомоти иҷроияи Хатлон хабар дод, ки теъдоди театрҳои касбӣ дар вилоят афзоиш ёфта, ба чор адад баробар мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода театри халқии ноҳияи Ёвон ба театри касбӣ табдил хоҳад ёфт, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят дар Қасри фарҳангии ноҳия композитсияи ҳунармандони театри халқиро бахшида ба 5500-солагии Саразм тамошо карда, бо ҳунармандон мулоқот орост.

Котибот афзуд, ки пешниҳоди ба театри касбӣ табдил ёфтани театри халқӣ пазируфта шуда, Қурбон Ҳакимзода барои дастгирии ҳамаҷиҳатаи фаъолияти он дастур дод.

Феълан дар ин театри халқӣ 15 ҳунарманди ҳирфаии театр фаъолият мекунанд. Раиси вилоят ваъда дод, ки дар нахустин намоиши саҳнавии театри касбӣ иштирок хоҳад кард.

Котиботи ҳукумати Хатлон илова намуд, ки то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон се театри ксбӣ фаъолият мекунанд. Дар сурати мақоми театри касбиро гирифтани театри халқии ноҳияи Ёвон, теъдоди театрҳои касбии вилоят ба чор адад мерасад.

49
Барчаспҳо:
касбӣ, театр, Ёвон, Тоҷикистон
Министр культуры Таджикистана Зульфия Давлатзода

Ҳамдардии вазири фарҳанг бо хонаводаи Амонулло Қодиров

728
(Таҷдидшуда 19:02 02.07.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Фарҳангиёни Тоҷикистон ба аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори таслият кард, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳанги кишвар аз даргузашти собиқадори соҳаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амон Қодиров андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамоянд", - омадааст дар номаи таслият.

Ёдрас мешавем, ки Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн дар шаҳри Душанбе дар синни 75-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Амонулло Қодиров 10 июни соли 1945 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омада, соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ) ва соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Ӯ қариб тамоми умр дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ карда, соли 1982 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1994 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Қодиров бо даҳҳо нақшаш дар театр ва синамои тоҷик, бахусус бо нақши Ҳодӣ дар дуэти Шодию Ҳодӣ ҳамроҳ бо Шодӣ Солеҳов дар ёдҳо мемонад.

"Дар ҳаҷв доди ҳунарро медиҳад. Ҳарчанд образҳои лирикӣ, драмавӣ, фоҷиавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекунад, ҳолати рӯҳию дунёи ботинии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушояд. Тамошогарон ба истеъдодаш дар беш аз шаст спектакли театр, аз қабили «Дон Жуан», «Умри ҷовид», «Латифаҳои деҳот», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Робиаи Балхӣ», «Умед», «Табиби зӯракӣ» баҳои баланд додаанд", - омадааст дар маълумоти Википедия.

Амонулло Қодиров ҳамчунин дар филмҳои «Субҳи Ганг», «Достони Сиёвуш», «Ҳафт арӯси дуздидашуда», «Аспҳо дар моҳтобшаб», «Хоби хирси сафед» ва дар чандин намоишномаи телевизионӣ нақшҳои мондагор офарида, дар дубляжи даҳҳо филм ба забони тоҷикӣ низ иштирок кардааст.

728
Барчаспҳо:
вазир, Вазорати фарҳанги ҶТ, ҳамдардӣ, ҳунарпеша, Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ

Бе коррупсия ва ситондани бизнес бо зӯрӣ: Файзов 6 шарти рушди соҳибкориро гуфт

0
(Таҷдидшуда 20:34 07.07.2020)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар машварати васеъ бо ҳузури мақомдорони давлатию созмонҳои ҷамъиятӣ масъалаи рушди соҳибкорию дастгирии давлатиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Ёдгор Файзов зимни машварати васеъ изҳор дошт, ки  дар тамоми дунё барои рушди соҳибкорӣ шаш омили асосӣ вуҷуд дорад.

"Якум барои рушди соҳибкорӣ, аз нуқтаи назари андоз, коррупсия, бақайдгирӣ ва ғайра дар доираи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоид бояд фароҳам оварда шавад. Дуюм ба роҳ мондани дастрасӣ ба захираҳои маблағӣ аз тариқи грант, кредитҳои фоиздор ва бефоиз, лизинг, дастрасӣ ба технологияи муосир ва дониш мебошад", - изҳор дошт раиси ВМКБ.

Ӯ тавзеҳ дод, касоне, ки ба тиҷорат сарукор мегиранд, бояд дониши муайян дошта бошанд. Масъалаи сеюм ташкил намудани бозори дохилӣ, донорҳои сабз ва дастрасӣ ба бозори хориҷӣ арзёбӣ шуд.

Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки таъмини ҳуқуқи молу мулкӣ аз омилҳои дигари рушд мебошад, чун соҳибкор бояд мутмаин бошад, ки бизнеси ӯро касе зӯран гирифта наметавонад.

“Масъалаи охирин ин дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ оиди тавлид намудани молҳои воридотивазкунанда ва содиротӣ мебошад”, - гуфт раис.

Тавсиф аз Суғду дастур ба мақомдорони ВМКБ

Раиси ВМКБ аз дастовардҳои бахши хусусии вилояти Суғд тавсиф кардааст, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин вилоят мушоҳида кардаст. Дидем, ки чӣ тавр дар доираи ин меъёрҳо ва талабот соҳибкорӣ рушд кардааст, изҳор дошт ӯ.

Файзов барои сардорони Раёсати сармоягузорӣ, андоз, бонкҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор лозим донистааст, ки таклифу пешниҳодҳои худро барои беҳтар амалӣ гардидани Барнома ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили асосҳои институтсионалӣ, диверсификатсияи содирот, содагардонии расмиёти савдо ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш пешниҳод намоянд.

0
Барчаспҳо:
ВМКБ, соҳибкорӣ, савдо, иқтисод, Тоҷикистон