Шабнами Сурайё

Шабнам Сурайё Наврӯзро бо тоҷикон дар Вошингтон ҷашн гирифт

578
(Таҷдидшуда 15:52 20.03.2017)
Яке аз номдортарин ситораҳои ҳунари Тоҷикистон - Шабнам Сурайё дар базми наврӯзии тоҷикон дар шаҳри Вошингтон ҳунарнамоӣ кард

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Шабнам Сурайё дар поёни ҳафтаи гузашта барои ҳунарнамоӣ дар барномаи наврӯзии тоҷикон ба пойтахти Амрико сафар карда буд.

Ин барномаи наврӯзиро сафорати Тоҷикистон дар Вошингтон баргузор намуд ва дар он гурӯҳи амрикоии "Silk Road Company" низ ҳамроҳ бо Шабнам ҳунарнамоӣ кард.

1 / 2
Консерти Шабнами Сурайё дар Амрико

Таронаҳои шоди Шабнам аз нахустин оҳанг меҳмонони ин базмро хушҳол мекард. Бисёре аз ширкаткунандагон бо овозхон ҳамхонӣ мекарданд, дигарон ҳамчунон ки нишаста буданд, дасту шона меҷунбонданд. Дере нагузашт ки бархе аз тамошобинон аз ҷо бархостанду дар гирди саҳнае, ки Шабнам ҳунарнамоӣ мекард, рақсидан гирифтанд.

Яке аз ширкаткунандагон дар ин барнома гуфт: "Базм чунон гарм буд ки ҳеч кас наметавонист дар сандалияш ором биншинад. Бисёре бархоста мерақсиданд!".

578
Барчаспҳо:
Шабнам Сурайё, Наврӯз, Шабнам, Тоҷикистон-ИМА
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Мавзуъ
Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам
Шабнами Сурайё тамоми Русияро "ба по" хезонд