Овозхони тоҷики муқими Русия Манижа, акс аз бойгонӣ

Пас аз хомӯшӣ: Манижа Сангин дар Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ мекунад

124
(Таҷдидшуда 17:36 24.03.2017)
Манижа Сангин пас аз чанд муддате хомӯшӣ бо барномаи наве ба саҳна бар мегардад
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Манижаро намоҳанги "Пренебрегаю" дар миёни ҳаводорони мусиқӣ номдор кард.

Чанде буд, ки ин овозхон дар саҳнаҳои Русия намоён намешуд.

Аммо ахиран ӯ дар сафҳаи расмии худ дар Facebook хабар дода, ки 20-уми май дар Санкт-Петербург консерт баргузор хоҳад кард.

"Муддате хомӯш будем то бо муждаи нав баргардем… ", — навиштааст вай дар саҳифаи расмии худ.

Вай афзуда, ки барои баргузории ин консерт дастандаркорони бисёре заҳмат кашидаанд ва акнун вай ниёз ба дастгириии ҳаводоронаш дорад.

"Консерт дар Санкт-Петербург — шаҳре, ки ба ман болу пар бахшида буд, баргузор мешавад", — навиштааст Манижа Сангин.

Манижа дар соли 2016 дар паи намоиши намоҳангҳои 15-сонияӣ дар Instagram маъруф шуд.

Ин овозхони ҷавон 25 сол дорад ва хонаводааш дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Русия омадааст.

124
Барчаспҳо:
консерт, Манижа Сангин, Русия