Пари Саидова, Акс аз бойгонӣ

Нақшофаринии Парвина Саидова дар намоҳанги нави Беҳрӯз Зеваров

569
(Таҷдидшуда 23:42 29.03.2017)
Парвина Саидова, яке аз моделҳои машҳури Тоҷикистон, дар намоҳанги нави Беҳрӯз Зеваров нақши аслиро иҷро карда аст

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ин намоҳангро, ки "Не молчи" ном дорад, чанде пеш коргардон Азим Ҳикматуллоев дар Душанбе таҳия кардааст.

Нақшҳои аслиро дар ин намоҳанг Умед Исоев ва Парвина Саидова офаридаанд.

Нахустнамоиши ин намоҳанг дар шабакаи телевизюнии русии ТМВ (Твой мир Востока) баргузор шуд.

"Не молчи" дувумин оҳанги русии Беҳрӯз Зеваров аст. Нахустин оҳанги ӯ бо номи "Оиша" моҳи июли соли 2016 ба интернет роҳ ёфта буд.

Беҳрӯз Зеваров ҳамакнун раҳбари ширкати "Топ-Медиа" аст ва ҳамзамон барои чанд хонандаи маъруф низ мусиқӣ таҳия мекунад.

 

569
Барчаспҳо:
намоҳанг, "На молчи", намоҳанги нав, Парвина Саидова, Беҳрӯз Зеваров, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ситораҳои тиллоӣ ба ситораҳои санъати тоҷик: ҷоизасупорӣ дар "Тоҷиккристалл"
Кадом ситораҳои эстрадаи тоҷик соли 2016 дар саҳнаҳои Русия ҳунарнамоӣ карданд
Ҳунарнамоии ситораҳои эстрадаи тоҷик дар шаҳри Хуҷанд
Давлат Худоназаров советский, таджикский кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)

Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард

328
(Таҷдидшуда 23:38 08.07.2020)
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров ширкати филми коргардон Далер Имомалиро дар Ҷашнвораи синамои мусалмонон дар Қазон арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Филми нави ҳуҷҷатии коргардони ҷавони тоҷик Далер Имомалӣ "Кӯчаи умед - 612" ба 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии синамои мусалмонӣ дар Қазон, даъват шуд.

Чунин таваҷҷӯҳ ба филми Далер Имомалӣ хабари хушоянд аст, гуфт сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки соли гузашта коргардони тоҷик аллакай як филми худро дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта буд.

Ба фикри Давлат Худоназаров филми Далери Имомалӣ бисёр унвони зебо ва ғайриоддӣ дорад - "Кӯчаи умед - 612". 

"Қаҳрамони филм Саъдулло Раҳимов - шахсияти илмӣ, намояндаи бузурги фарҳанги тоҷик. Ӯ фаъолияти касбияшро дар шӯъбаи философияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз карда буд. Баъдтар киношинос ва мунаққид шуд. Ҳамаи даҳсолаҳо ӯ дар мавқеъи худ устувор буд. Ба муносибати шахсӣ бо он ё ин коргардон нигоҳ намекарда, ӯ доим рост ва он чиро, ки эҳсос мекард, мегуфт ", - афзуд Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки корҳои Раҳимов ба беҳтар шудани сифати синамои "Тоҷикфилм" таъсири мусбат кард.

Худоназаров ҳамчунин баргузории 16-умин ҷашнвораи Қазонро воқеъаи хушоянд арзёбӣ карда, гуфт аз як тараф ин ҷашнвора ҳамаи синамогарони мусалмонро якҷо ҷамъ меорад ва аз сӯи дигар барои ҳамагон кушода аст.

Дар баробари ин Худоназаров ба ин аст, ки ҷашнвора метавонад миқёси худр бо филмҳои минтақавии Русия васеътар кунад.

Ба гуфти ӯ, филмҳо аз ҳар минтақа бозгукунандаи симои ҳар минтақа шуда барои ошноӣ бо онҳо заминаи хубе хоҳанд буд.

328
Барчаспҳо:
ҷашнвораи кино, Қазон
Школьная ярмарка в Душанбе

Китоби нависандаи тоҷик Марямбону Фарғонӣ дар Эрон чоп шуд

225
(Таҷдидшуда 15:47 08.07.2020)
Китобе дигар аз маҷмуаи адабиёти муосири Тоҷикистон аз хати кирилӣ ба форсӣ баргардон шуда, дар 376 саҳифа ба чоп расид

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Доктор Ҳажири Теҳронӣ, пажӯҳишгари эронӣ дар саҳифаи Фейсбукии худ навиштааст, ин китоб, ки “Ман чунин девонаам” ном дорад, гулчине аз достонҳо ва ҳикоятҳои Марямбону Фарғонӣ, рӯзноманигор, нависанда ва шоири муосири тоҷик аз чанд китоби пешини ӯ аст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Марямбону Фарғонӣ, чандин ҷоизаи адабӣ дар Тоҷикистон ва Русия дарёфт кардаааст, ки аз байни онҳо метавон ба ҷоизаи Борис Пастернак дар Русия (1995) ва ҷоизаи Садриддини Айнӣ дар Тоҷикистон (2012) ишора кард.

Китоби “Шаҳболи Хаёл”-и ӯ низ ҷоизаи китоби соли Тоҷикистонро дар соли 2013 дарёфт кардааст.

Ӯ  аз соли 1992  узв Иттиҳодияи журналистон ва аз 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Хонум Фарғонӣ чанд соле низ дар Садои Хуросони Эрон фаъолият кардааст.

Китоби “Ман чунин девонаам”-ро доктор Маҷиди Асадӣ, пажӯҳишгари эронӣ, ки чанд соле дар Тоҷикистон фаъолият доштааст аз хати кирилӣ ба форсӣ баргардонда ва виросторӣ кардааст.

225
Барчаспҳо:
китоб, чоп, Эрон, тоҷик, нависанда, Шоира
Сотрудники МВД Таджикистана

Рутбаи ғайринавбатӣ ва телевизор: қадрдонии корманди милиса барои наҷоти духтар дар Норак

0
(Таҷдидшуда 13:53 10.07.2020)
Маликшо Неъматзода, раиси шаҳри Норак милисае, ки аз ғарқшавӣ як духтарро наҷот додааст бо ифтихорномаву туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, ахиран дар бинои шуъбаи Вазорати умури дохилаи шаҳри Норак ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он як корманди милиса барои наҷоти духтараки ғарқшуда аз дарёи Вахш қадрдонӣ шуд.

Неъматзода Маликшо, раиси шаҳри Норак рафтори наҷибонаи корманди милиса Анвар Сафаровро, ки аз ғарқшавӣ духтареро наҷот додааст, намунаи баланди хизмати содиқона ба касб ва қаҳрамони замон арзёбӣ кард.

Мақомоти Норак ба ин милиса ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим кард.
Ҳамзамон, сардори шуъба подполковники милиса Саидаҳрор Мирзоев ба самъи ҳозирин фармон дар бораи додани рутбаи ғайринавбатӣ ва 1 адад телевизорро расонд.

Гуфта шудааст, ки Сафаров Анвар рӯзи 8 июли соли 2020 ҳангоми адои хизмат духтараки ғарқшударо аз дарёи Вахш наҷот дода, бо ин амали худ ҷасорату мардонагӣ ва ба касби худ содиқ буданро нишон дод.

0
Барчаспҳо:
туҳфа, ифтихорнома, наҷот, ғарқшавӣ, Норак, Тоҷикистон