Фарангис Нуруллохоҷа Ҷоизаи тиллоии "Мусиқии ҷаҳонӣ"-ро дарёфт кард

© Фото : Вазорати фарҳанги ТоҷикистонФарангис Нуруллохоҷа Ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ» гирифт
Фарангис Нуруллохоҷа Ҷоизаи тиллоии «Мусиқии ҷаҳонӣ» гирифт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарангис Нуруллохоҷа – оҳангсози тоҷики муқими Канада, набераи бастакори номдори тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ, Ҷоизаи тиллоии "Мусиқии ҷаҳонӣ" (Global Music)-ро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Чуноне ки дафтари матбуъотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷоизаи тиллоиро Фарангис Нуруллохоҷа моҳи марти соли 2017 барои барномаи консертии оркестри ҷаҳонии симфонӣ ба даст овардаст.

Асари ӯ таҳти унвони «Абадияти лаҳза», ки дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла дар Россия, Суед, Суис мухлисони зиёде пайдо намудаанд, боис гардид, ки муаллиф ба чунин дастовард ноил гардад.

Моҳи апрели соли ҷорӣ ин асар ба ҳаводорони санъати мусиқии классикии шаҳри Ню-Йорк пешниҳод карда мешавад.

"Оҳангсозӣ — ин саёҳат ба дунёи нави ноошно, ҷустуҷӯи наво аз оламест, ки касе то ҳол надидааст ва нашунидааст" — мегӯяд Фарангис Нуруллохоҷа.

Фарангис Нуруллохоҷа дар шаҳри Душанбе, дар оилаи фарҳангӣ ба дунё омада, таҳсили худро аввал дар Консерваторияи Суед, баъдан дар Амрико ва Фаронса идома додааст.

Вай ҳамакнун дар шаҳри Монреал дар Канада зиндагӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0